ХАБАРИ ДОҒ

Фархор: пулу корез таъмирталабанд

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

Ибтидои солҳои 60-уми асри 20 дар ноҳияи Фархор бо мақсади ба кор андохтани заминҳои бекорхобидаи соҳили ғарбии дарёи Сурхоб оби канали магистралии Деҳқонободро ба воситаи корези обгузар ба ин заминҳо равона намуда буданд. Алҳол зиёда аз 2000 гектар замин дар ин мавзеъ ба кишти зироатҳо фаро гирифта шудааст. Корези мазкур 100 метр дарозӣ ва 4 метр паҳноӣ дошта, болои он роҳи мошингузар аст. Яъне он ҳам корез ва ҳам пули мошингузар мебошад.

Баҳори соли 2003 ин пул дар ҷои пайванди қисмати 1-ум ба қисмати 2-юм ба андозаи қариб ним метр ба тарафи шимол ғелида, корношоям гардид, аз таркиши бавуҷудомада об ба дарё мерехт. Баъди каме таъмир онро ба кор омода намуданд. Солҳои баъдӣ ин пул-корез аз чандин ҷои дигараш сурох шуда, ба воситаи онҳо об ба дарё мерехт. Ва ҳар бор онро таъмири ҷорӣ намуда, ба кор омода мекарданд. Азбаски аз болои ин пул аксар вақт мошинҳои гаронвазн мегузаранд, он ба ларзиш омада, тез-тез корношоям мегардад.

Айни ҳол болои пул аз 2 ҷой ба андозаи зиёда аз 1 метрӣ (ҳар кадомаш) сурох гардидааст, ки ин ба гузаштани нақлиёту роҳгузарон халал мерасонад. Агар ягон чораи фаврӣ андешида нашавад дар ояндаи наздик эҳтимол ин иншоот тамоман корношоям гардида, аз кор монад. Дар он сурат зиёда аз 2000 гектар замини корами обӣ ва 5-6 ҳазор нафар аҳолии ин мавзеъ беоб монда, роҳ ба маркази Ҷамоати деҳот ва ноҳия баста мегардад. Роҳе, ки ба воситаи пули дар қисми ҷанубии ин мавзеъ буда, ба маркази ноҳия мебарад, нисбат ба роҳи аввала 30 км дароз аст.

Роҳи ҳалли ин мушкилотро албатта мутахассисон беҳтар медонанд. Ба андешаи ман агар дар шафати ин иншоот аз тарафи шимол пули мошингузар сохта, корезро баъди таъмир намудан фақат барои обгузаронӣ истифода намоянд он метавонад солҳои зиёд хизмат намояд. Инчунин маълум аст, ки ноҳия ин мушкилотро ҳал карда наметавонад. Аз ин рӯ, агар ташкилотҳои болоӣ ва масъулони онҳо ин мушкилиро ҳал намоянд, кори хайре мешавад.

 

Саъдулло Мамамуродов,

сокини деҳаи Кӯҳдоман,

Ҷамоати деҳоти Ватани н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter