ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар Ҷамоати деҳоти Сафедтеппаи ноҳияамон қабристон манбаи даромади баъзе мансабдорону ходимони дин гардидааст. Аз замини яке аз қабристонҳои деҳа, ки беш аз 3 гектар майдони холӣ дорад, ҳар сол ҳосили зиёди юнуҷқа дарав гардида, дар бозор фурӯхта мешавад. Аз ин ҳисоб маблағи ҳангуфт ба даст ояд ҳам, ба куҷо сарф шудани онро мардум намедонад.

Ин «таҷриба» - ро амалдорони маҳаллаи Чош низ аз ҳамсояҳои худ омӯхта, ҷорӣ карданианд. Чанд муддат аст, ки барои бунёди қабристон ба унвонии раиси ҷамоат пешниҳод ирсол намуда, аз мардум маблағ ҷамъоварӣ менамоянд. Вале барои бунёди қабристон дар ин маҳалла ҳеҷ зарурат нест. Зеро замини қабристони ин деҳа барои 40 - 50 соли дигар басанда аст. Чаро ба ин «кори хайр» иддае даст мезананд? Ҳадафи онҳо аз ин амал даромади муфт гирифтан аст. 

Деҳаи мо мушкилоти зиёд дорад. Барои чӣ ин маблағи ҷамъовардаро ба ҳалли онҳо масраф насозем? Масалан, бунгоҳи тиббӣ дар 2 киллометр дурӣ воқеъ мебошад ва беморон пиёдаву савора барои табобат меоянд. Ҳамзамон, барои таҳсили фарзандонамон дар мактаби маҳалла синфхонаҳо намерасанд. Хуб нест, ки бо маблағи ҷамъоварда сарҷамъона 1 бунгоҳи тиббии замонавӣ ва ё синфхонаҳои иловагӣ бунёд намоем? 

Аз ҳудуди деҳотамон 1 селроҳа мегузарад ва сангу рег то ба қадди купрӯки мошингузар дакка мехӯрад. Барои тоза кардани ин селроҳа ва кашонидани партовҳои деҳот зарур аст, ки техникаи муосир харидорӣ намоем.

Солҳои охир аз сабаби бемасъулиятии роҳбарон деҳот на обод, бадки хароб шуда истодааст. Муносибати бад сабаб гашта, ки аз 6 чашмаи деҳа имрӯз 3 – тоаш мондаасту халос.

Номи ҷамоати деҳоти мо Сафедтеппа аст. Месазад, ки мо - мардуми он ин номро пос дорем ва ба ободию пешравӣ саъю талош намоем.

Рустам Каримов,

сокини Ҷамоати деҳоти Сафедтеппаи н.Спитамен

телефон 92 867 28 58

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter