ХАБАРИ ДОҒ

«Суғдиён» - номи калону деги вайрон

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

Меҳмонхонаи «Суғдиён» (дар гузашта «Ленинобод») дар ҳама давру замон бренди ш.Хуҷанд ва дар умум вилояти Суғд буд, ҳаст ва хоҳад монд ва ба ин шакке нест. Чанд сол пеш он бо ташаббуси бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҷдид ва азнавсозӣ гардида, дар маросими расмии ифтитоҳи «Ленинобод»-и кӯҳнаву «Суғдиён»-и нав Сарвари давлат низ ширкат карда, ба дастандаркорони азнавозии он ташаккур гуфта буданд. Он замон он воқеан меҳмонхонаи хеле зебо, шик, бошукӯҳ ва муосир буд.

Мутаассуф, бо гузашти на кам аз 3 сол он шукӯҳи худро аз даст надода бошад ҳам, хизматрасонӣ ва меҳмондории номдораш ҳоло сахт мелангад…

 «Полулюкс»-и сард

28.01.2023. Соат бо вақти Хуҷанд 18:30 дақиқа. Аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба роҳатӣ гузашта, бо мусоидати дӯстони мастчоҳӣ ба ш.Хуҷанд расидам ва барои рӯз кардани шаб ба меҳмонхонаи «Суғдиён» омадам. 1 дӯстам онро тавсия дода гуфт, ки меҳмонхонаи тинҷу ором ва дорои тамомии шароит аст. Ман соли гузашта ҳам зимни сафари корӣ 2-3 шабро дар ин меҳмонхона рӯз карда будам, вале шароити имрӯзааш фарқ мекард.

Чун ҳавои Хуҷанд ҳам сард буд, утоқи нимроҳат – полулюксро интихоб кардам, ки шабе 480 сомонӣ нарх дошт. Ҳеҷ боке нест, муҳим саломатӣ ва гармӣ гуфтаму ба нархи гаронаш чашм пӯшидам. Идора низ ба қавле «командировочный» дода буду аз он метавонистам роҳат истифода кунам.

Духтараки кушодачеҳра калиди утоқи №413 ба ман доду ман боло баромадам. Дар аввал утоқи тозаву тамиз намуд, вале хеле сард буд. Кондитсионерро ба кор даровардам, вале бо гузашти беш аз 1 соат утоқи хурд гарм намешуд. Баъд дидам, ки дари балкони утоқ хуб маҳкам намешавад, аллакай вайрон шудааст ва ҳамон шамоли сарди Бекобод, ки аз ш.Хуҷанд барқосо мегузарад, утоқи маро шикоф карда мегузаштааст. Пардаҳои ғафсро тарафи дару девори балкон ҷафс кашидаму ҷомадонро гузошта, бо 1 роҳе шамолраҳаро маҳкам кардам.

 Душ ҳам вайрон…

Мушкили дуввуме, ки маро интизор буд, ин душ аст. Оби гарм ҳаст, вале он аз дастаи вайронаи душ хеле кам меомад ва бо мушкил имкон ёфтам, ки дастурӯямро шуста, гарди хокро барорам. Душ ва дигар ашёи дохили утоқи дастшӯӣ ҳам аллакай қисман вайронанд. Шояд сардӣ сабаби кам шудани об гардида, вале ҳар 1 меҳмонхонаи соҳибэҳтиром бояд барои чунин вазъ омода бошад!

 Дар утоқ танҳо 2 бутил оби 0,5 литраи ошомиданӣ гузошта буданд, ҳол он, ки бояд чойнику пиёла низ бошад, чун утоқ полулюкс буд. Вале на! Агар ташнаиву чойи гарм мехоҳӣ, пас занг зада, аз тарабхона супориш медиҳӣ, ки он алоҳида ҳисоб карда мешавад – 5 сомонӣ! Ва боз ҳам хотиррас мешавам, ки дар утоқи полулюкс. То пули чойро надиҳед, пешхизмат аз назди утоқ намеравад! Ман чой супориш надодам, на ба хотири пулаш, балки ба хотири он, ки ҳамеша бо худ ҳатман термоси чойи гарм дорам ва ба назарам ин беҳтарин кор аст.

Чизи дигаре, ки маро ба ҳайрат гузошт ин иҷозат надодан ба хӯрокхӯрӣ дар утоқҳои «Суғдиён» буд. Мудирияти тамомии ҳотелҳои шики дунё ба он шавқманданд, ки меҳмон дар утоқаш хӯрок бихӯрад, вале дар «Суғдиён»-и нав неъ – фаршу миз ифлос мешавад, гуфта лаъличаву корду чумча намегузоранд! Агар аз ифлосӣ метарсед, пас чаро меҳмонхона боз кардаед!?

1+1 = ҷойхоби 2 каса

Ҷойи хоб – диван ҳам зиёд мулоим набуд, пас аз печутоби зиёд матраси рӯи диванро кушода дидам, ки мудирияти хеле зираки меҳмонхонаи «Суғдиён» 2 дивани якхобаро ҷафс карда, аз он дивани духоба – полулюкс сохтаанд!

Э, офарин ба ақлатон!!! Коре, ки дар ягон ҳотели Россияву Эрон, Дубаю Истамбул ва ҳатто дар хостели арзонтарини Тошканд надидаам! Бо 1 тир 2 нишон задаанд раҳбарияти ин меҳмонхона – ҳам рахти хоби якнафароро хуб истифода кардаанд ва ҳам аз он полулюкс сохтаву 480 сомонӣ меситонанд!

Эй зиракони хуҷандӣ!!! О, меҳмонҳои хориҷӣ ин «дастовард»-и шуморо то кишварҳои худ бурда расонида, обрӯи кишварро, боз дар даҳсолаи туризму сайёҳӣ эълон шудани Тоҷикистони азиз, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  мерезонанд...

 Субҳонаи хоксорона

29.01.2023. Соат бо вақти Хуҷанд 08:02 дақиқа. Барои хӯроки субҳона ба ошхона мефароям. Чун дар тарабхонаи «Суғдиён» оши наҳор баргузор мешудааст, ба меҳмонони «мардуд», яъне аз тарабхонаи ба онҳо дахлдошта рондашуда,  дар фойеи сарди меҳмонхона субҳона оростаанд!!! Ширбиринҷу тухмбирён ҳам сард буд, каме аз ину каме аз он гирифтаму хӯрдам. Ягона чизе, ки дар ин меҳмонхона дар 1 шабонарӯзи гузашта гарм буд ин ҳамон чойи 5-сӯмаи фармоишӣ шуд, ки ба сери нӯшидамаш. Дилам ба ҳамон 480 сомонии додаам сӯхт, ки шаби истодаам ба он намеарзид…

 Обрӯи Суғдро нарезонед!

Муҳтарам раҳбарияти меҳмонхонаи «Суғдиён»! Бо чунин хизматрасонии коста, меҳмондории ғайриқобили қабулу муносибат ба мизоҷон обрӯ ва эътибори Суғди бостонӣ ва Хуҷандшаҳри азизро нарезонед!

Шумо бо чунин сервиси гарону беарзиш (на полулюксатон ва на субҳонаатон арзиши 480 сомониро надошт, дар бораи оши наҳору ронда шудани меҳмонҳо аз тарабхона гап нест!!!) ба бренди машҳури хуҷандӣ – «Ленинобод» хиёнат намуда, обрӯ ва нуфузи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ш.Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро, ки азизтарин меҳмононашонро дар ин ҷо ҷой мекунанд, латма назанед!

Ҷамила Ҳусейнова,

меҳмони шумо аз утоқи №413

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter