Ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» - нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати блогерони тоҷикро, ки аз пардохти андоз фирор кардаанд, нашр сохт. Дар руйхати «Блогерҳои бепарво» номи 29 нафар, ки ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, даромад ба даст меоранд, вале ба буҷети давлат андоз намесупоранд, дарҷ гардидааст.
Кӣ аз пардохти андоз фирор мекунад?
Инҳо, Беҳрӯз Зеваров (масъули гурӯҳи «Tamoshow» дар Ютуб), овозхон Мубориз Усмонов (масъули гурӯҳи «mubor1z» дар Ютуб), ҳаҷвнигор Саидҷон Идиев (масъули гурӯҳи «Шакарханд» дар Ютуб), Ҷонон Ашурова (масъули гурӯҳи «jononisher» дар Ютуб), Фаридун Саидов (масъули гурӯҳи «m_Favik.tj» дар Ютуб), Сабинҷон Нуриддинов (масъули гурӯҳи «sabinjonnofficialll» дар Ютуб), Сино Соҳибов (масъули гурӯҳи «Sinojon_sohibov» дар Ютуб), Ғолиб Мӯсоев (масъули гурӯҳи «golib_show») ва Аъзам Назриев (масъули гурӯҳи «zanjabilbro» дар Ютуб) аз ҷумлаи ин 29 нафар блогер мебошанд, ки барои расмӣ накардани фаъолияташон мавриди интиқод қарор гирифтаанд.
Дар мақолаи мазкур гуфта мешавад, ки номбаршудагон аз ҳисоби зиёд намудани шумораи обуначиён, қабули роликҳои таблиғотӣ, азназаргузаронии пранк-видеоҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ маблағҳои ҳангуфт меёбанд, яъне онҳо бидуни қайд дар мақомоти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд.
Блогерони боинсоф киҳоянд?
Дар рӯйхати «Блогерҳои боинсоф» номи 59 нафар блогерон, ки худро расман дар мақомоти андоз сабти ном карда, қариб аксарашон андозашонро сари вақт месупоранд, оварда шудааст.
Тавре дар рӯйхати мазкур омадааст, Рафаэл Гулов соли 2022 барои фаъолияти блогериаш 27 ҳазору 600 сомонӣ андоз пардохтааст. Ҳамин тавр, блогерҳо Умеда Парсаева 22 ҳазору 900 сомонӣ, Шоира Пулатова 3 ҳазору 900 сомонӣ, Мансурҷон Нигматов 27 ҳазору 700 сомонӣ, Сафина Ғоибова 20 ҳазору 600 сомонӣ, Гулноза Мирова беш аз 10 ҳазор сомонӣ ва Диловар Сафар 1500 сомонӣ ба хазинаи давлат фоида расондаанд.
Мавриди ёдоварист, ки ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон чун «Google Comerce Limited»- шабакаи иҷтимоии «YouTobe» яке аз зерширкатҳои он аст, «Meta Platforms Ireland Limited», ки шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Instagram» ва паёмрасони «WhatsApp» тобеи он мебошанд, «Apple», «Netflix», «Amazon» ва «Microsoft» барои фаъолият дар ҷумҳурии мо андоз месупоранд.
Дар баробари ин, ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоии «YouTube» ва «Instagram» саҳифаҳояшонро фаъол карда, ба таҳияи саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, мусоҳибаҳо, намоиши гӯшаҳои хушманзараи Тоҷикистон, даъвати ёрӣ ба дармондагон ва ғайраҳо машғул буда, бо ин роҳ даромад мегиранд ва тибқи қонунгузории соҳаи андози мамлакат бояд андоз супоранд.
И.Маҳмудҷонов, СССР