ХАБАРИ ДОҒ

Тайи 1 – 2 соли охир атрофи номи рӯзноманигори хуби тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор иддае аз тангназарони бо ном «мусулмон» аз он, ки мавсуф дар диндорӣ равияи Зардуштро қабул карда бошад, таҳқиру таҳдиди зиёдро раво мебинанд. Худованди бузургу якто дар ҳеҷ ҷои дастури фиристодааш ба заминиён (дар назар дорам китоби «Қуръон» - ро) таҳқиру таҳдидро ба он касоне, ки христианинанд, католиканд ва ё масеҳию зардуштианд, нафармудааст.

Дар ҷое хондаам, ки дар Қуръон ояте ҳаст: «Ло икроҳа фид- дин», тарҷумаи таҳтуллафзии ин ояи шарифа чунин аст: «Дар пазируфтани дин маҷбурият нест!». Ай мардум, биёед хислати ифротгароиро партоем. Охир, кӣ дар кадом дин бошад, ба ману шумо чӣ? Ин замини зебо, ин олами равшанро барои мардуми гуногуну гуногунақида, диндору бедин офаридааст. Беҳтарин роҳи демократияро дар ҳамин гуфтаи боло, ки нишон додем, муайян кардааст. Набояд фаромӯш кард, ки асоси мусулмонӣ ақлро риоя кардан аст.

Дигар ин ки чаро намедонем, ки мо тоҷикон ҳанӯз 3000 сол пеш дине доштем бо номи зардуштия ва китобе бо номи «Авасто» раҳнамои мардум буд? Тамоми рукнҳои зиндагӣ дар ин китоб тафсил ёфтаанд. Бидонед, ки аҷдодони мо дар ибтидо дин доштанд, соҳиби китоб буданд, вақте ислом омад, дастури исломро аз Авесто боло донистанд ва қабулаш карданд. Ҳатто дар пеши халифаи араб шарт гузоштанд, ки Қуръонро бо тоҷикӣ тарҷума кунанд, то мо бо забони худамон намоз бигузорем.

Ин ки Абдулқодир кушоду равшан эълон кардааст, ки ман минбаъд зардуштияро қабул дорам, ин гуноҳи шумо ифротиҳои бемағз аст, ки дар назди Худо худро гунаҳкор кардед. Ана ҳамин бемаърифатӣ ва ифротгароии шумо буд, ки барои мусулмонӣ душманони воқеан душманшударо эҷод кардед. Бас кунед, ба Абдулқодир дигар кор нагиред!

А. Маҷидзода

н.Фархор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter