ХАБАРИ ДОҒ

Хоруғ: ибтидои ободӣ аз ҳар кӯча аст!

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

Дирӯз ман худро сокини комили шаҳр эҳсос намудам. Медонед барои чӣ?

Чунки ба автобус савор шудам!!! Автобусе, ки солуни хеле барҳаво, курсиҳои бароҳат дошта, рафташ ҳам хеле мулоим буд. Ман, ки беш аз 30 сол гашти автобусҳои хатсайриро дар Хоруғи зебоям надида будам, воқеан ҳам худро хушбахттарин шаҳрии ҷаҳон ҳис кардам.  Аз ҳама аҷиб ин буд, ки ин автобуси хатсайри рақами 3 маро бе ягон хоҳишу илтимоси зиёдатӣ то худи истгоҳи Ботсад бурд.

Дар хатсайрҳои шаҳр гузоштани автобусҳои замонавии бисёрҷоя аз ибтикороти садри ВМКБ ва шаҳри Хоруғ ҳастанд, ки 10 рӯз пеш бо ҳидоёти Пешвои тоҷикон, Президенти муаззами кишвар, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Автобус аз кӯчаи мо мерафт. Ин кӯча, ки дар тӯли 30 сол се бор (Мичурин →Гулдасташоев→Мародайсейнов) номашро иваз намуду 1 бор ҳам асфалташро дигар накард, танҳо тирамоҳи соли гузашта пурра таъмир ва мумфарш гардида буд. Ин бегоҳ ҳам ташрифи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ба кӯчаи мо бо ҳадафи ободонӣ сурат гирифт. Барои кормандони хоҷагии шаҳр ва сокинони кӯчаи Мародасейнов, ки машғули дарахтшинонӣ буданд, омадани онҳо амали ғайричашмдоште набуд. Зеро дар тамоми иқдомоти созандагӣ Раиси ВМКБ ва раиси шаҳр ҳамеша дар бари сокинони шаҳру навоҳӣ меистанд.

Кӯча дар тӯли 1 соат симои дигар гирифт. Арчаҳои ҳамешасабз, ки бо ширкат ва кӯмаки Мирзонабот Алишер ва Назарзода Ризо қад - қади кӯча шинонда шуданд, муҳитро якбора ҷавон сохтанд.

Нигини Бадахшон оҳиста - оҳиста ҷилояшро меёбад. Сокинони он ба оянда бо эътимод менигаранд: Хоруғи зебо - шаҳри мо...

Қурбон Аламшоев,

журналист,

ш.Хоруғ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter