ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 12 2021

Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишварамон аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.

Тибқи маълумоти фаврии мақомотҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намуда, бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи ш.Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи ҶТ суратҳисоби махсус кушода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.

Рақамҳои суратҳисобҳо чунинанд:

бо пули миллӣ-сомонӣ: 20204972664010100451

бо доллари ИМА: 22696840318014

бо рубли русӣ: 22696810118008

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

Чоршанбе, Май 05 2021

Таҳлилҳои журналистиям шаҳодат медиҳад, ки 90 дарсади беморони COVID-19 аз оилаҳои камбизоатанд. Сатҳи камбизоатӣ бо меъёри зерин муайян карда шудааст-агар 2,5 доллар ИМА барои ҳар аъзои оила дар шабонарӯз бо таври зайл ҳисоб намоем, барои нафақагироне, ки аз 2 кас иборатанд, (2,5 д х 2 х 30 рӯз)= 150 доллар зарби курси асъор (150д х11,50 с)=1725 сомонӣ барои 1 моҳ, нафақаи онҳо (300 с х 2)=600 сомонӣ. Камбизоатии онҳо баробари (600с х100:1725с)=34% аст, яъне дар нуқтаи мутлақи камбизоатӣ қарор доранд ё ба ибораи дигар қашоқанд. Оё бо чунин нишондод метавонанд, онҳо аз марази аср шифо ёбанд?

Аз 01.09.2020 нафақа ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд, вале дар амал ба ибораи халқӣ дар болои сӯхта пошидани намакоб барин ҳамагӣ 3 % афзоиш ёфт, аз он ҷумла ба нафақаи банда ҳам. Оё ин адолати иҷтимоист? 

Сангалӣ Раҳимзода, 

Корманди шоистаи Тоҷикистон,деҳшӯрои Заргар, н.Кушониён         

 

Чоршанбе, Апр 21 2021

Аз 1 то 30 апрели соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии “Global Money Week-2021” моҳи саводнокии молиявиро баргузор менамояд.

Шарикони ин маъракаи таълимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказҳои таълимии “Илмхона”, “Сириус”, “Арт-Дошан-Студия” Фонди хазинавии ҳамкории байналмилалии Олмон, ширкатҳои “Сиёма”, “Алладин”, “Абдулло-медиа”, “Рахш-Такси” ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шарики рақамӣ ва медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.

Маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.

“Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” - шиори расмии Global Money Week-2021 аст. Ин шиор ҳадафҳои асосии маъракаи Global Money Week-2021-ро инъикос намуда, кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кумак мекунад. Илова бар ин, шиори “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд.

Дар доираи баргузории маъракаи Global Money Week-2021 давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур боздид аз осорхонаи БМТ ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми як моҳ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва радиои «Азия-Плюс» барномаи «Даромади дастрас»-ро роҳандозӣ мекунанд, ки он дар як рӯз 4 маротиба, соатҳои 07:23, 10:23, 14:23 ва 17:23 пахш мешавад.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон мактаббачагону донишҷӯёни ҳавасмандро барои иштирок дар озмунҳои зерин даъват мекунад:

1. Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

2. Озмуни видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ;

3. Озмуни беҳтарин флеш-моб (челленҷ) дар мавзӯи саводнокии молиявӣ.

Маълумоти бештарро аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: http://nbt.tj/tj/Protection/konkursy.php

Ба рақами +992000002020 дар Viber, Telegram, Whatsapp нависед ё занг занед;

Маводҳо барои озмун бояд тариқи Viber, Telegram, Whatsapp бо рақами +992000002020 ё ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда шаванд.

Оид ба ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, аз саҳифаҳои иҷтимоии мазкур маълумоти бештар метавонед дастрас намоед:

www.fb.com/fingramtj, www.t.me/fingramtj, www.ok.ru/fingramtj,

www.instagram.com/fingramtj

 

Мутобиқ намудани ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ

2 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии “Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” баргузор гардид. Муаррифии мазкур бо ташаббуси Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар доир гардида, дар он ба иштироккунандагон тарзи пешниҳоди ҳисобот тибқи талаботи тартиби мазкур омӯзонида шуд.

Тартиб бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2020, №135 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020, №1042 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар низоми суғурта аввалин бор таҳия шуда, минбаъд раванди ҳаракати сармояи худии ташкилотҳои суғуртавиро дар бозори суғурта тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим медарорад.

Санади мазкур бо мақсади таъмини сатҳи ҷоизи пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, минбаъд он ба ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо, пешгирӣ намудани хароҷотҳои беасос ва шустушӯи пул тавассути ташкилотҳои суғуртавӣ, зиёд гардидани сармоягузориҳои низоми суғурта дар бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ ва дар ин замина зиёд намудани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.

Семинари омӯзишии мазкур дар фазои озоди баёни ақидаву пешниҳодҳо барпо гардида, масъалаҳои муҳими ҷойдошта байни намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ ва мутахассисони Идораи назорати суғуртавӣ муҳокима карда шуданд.

 

Ташрифи намояндагии ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” ба Бонки миллии Тоҷикистон

Дар мулоқоти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло, ки 12 апрели соли 2021 баргузор гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд. 

Дар ибтидо Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ ва бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.

Ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуд.

Ҳамзамон номбурда таъкид бар он дошт, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин омода аст, ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки баҳри густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар вохӯрии мазкур инчунин, намояндаи ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Моҳд Файзал бин Юсуф, мушовири ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” Абдумаҷид Тиллоев, мутахассисони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Ахмедова, Лоиқ Саидзода ва роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати “Serba Dinamik Holding Berhad” яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия маҳсуб ёфта, дорои зиёда аз 30 ширкате мебошад, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, ИМА ва ғайра дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои компютерӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ғайра фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Инчунин, таъсиси корхонаи истеҳсоли содаи каустикиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маблағи он беш аз 200 млн. дол. ИМА-ро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намуда, дар лоиҳаи “TAPI”-и Ҷумҳурии Туркманистон яке аз паймонкорони асосӣ ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Чоршанбе, Апр 14 2021

Санаи 2 апрели соли 2021 Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икроми С.С., бо намояндаи Business & Finance Consulting (BFC) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Шавкат Абдураймжанов мулоқоти фосилавӣ баргузор намуданд.

Дар мулоқоти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С., Директори Департаменти қарздиҳӣ, Директори Департаменти рушд ва омори бонкӣ ва Сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.

Зимни мусоҳиба масоили рушд додани ҳамкориҳои муштарак дар низоми бонкӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди мибаъда омодагии худро иброз намуданд.

 

Ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 03.03.2021 дар бинои асосии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод гардид.

Шумораи МХБ-и филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”дар шаҳри Душанбе ба санаи 31.01.2021с.- 58 адад ташкил медиҳад, ки дар онҳо 158 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидааст.

Дар соли гузашта бобати иҷрои саривақтии иҷрои амалиётҳои бонкӣ, бартараф намудани тамбашавии мизоҷон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ҳамаи марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе пурра бо компютер ва таҷҳизоти муосири бонкӣ таъмин гардиданд. Инчунин кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста дар тренинг ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Инчунин аз ҷониби роҳбарияти «Амонатбонк» барои пешравии кор ва ҳавасманд намудани кормандони бонк ба Маркази хизматрасонии бонкии фаъол ва намунавӣ “Раҳматнома” супорида шуд.

 

Тренинг дар мавзӯи «Баҳодиҳии амволи ғайриманқул»

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака ва касбияти кормандони Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар самти баҳодиҳии амволи ғайриманқул, дар  дар ҷамбастагӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) ва ҷалби мутахассиси соҳа аз санаи 29 марти соли 2021 то 2 апрели соли ҷорӣ тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар тренинги мазкур кормандон аз Идораи баҳогузорӣ, мониторинг ва фурӯши амвол, муовинони мудир аз бахшҳои вилоятӣ ва минтақавӣ инчунин аз филиалҳои ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи маркази БДА ҶТ «Амонатбонк», иштирок варзиданд.

Тренинги мазкур фарогири мавзуҳо оиди  Стандартҳои баҳодиҳии байналмиллалӣ ва стандарҳои баҳодиҳии ҶТ, Принсипҳои баҳодиҳӣ, моҳияти принсипҳои баҳодиҳӣ, асосҳои математикии баҳодиҳӣ, маълумоти мухтасар дар бораи баҳодиҳии молу мулки манқул ва дастур оид ба баҳодиҳии молу мулки манқул буд.

Баъди хатми тренинги омӯзишӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, Икромӣ С.С., директори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) Фаттидинова З.Б. ва директори ҶДММ «Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» Ибрагимова Г. иштирокчиён бо сертификати  Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АМФОТ) сарфароз гардиданд.

Иштирок намудан дар тренинги соҳавӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Бонк натиҷабахш буда, тасмим аст дар оянда низ чунин тренингҳо ташкил ва баргузор карда шаванд.

 

Эълони озмун барои интихоби ширкати мустақили баҳогузор

Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати гузаронидани азнавбаҳодиҳии амволҳои Бонк барои интихоби ширкати мустақили баҳогузор озмун эълон менамояд.

Ширкатҳои мустақили баҳогузор метавонанд пешниҳодҳои тиҷоратии худро ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 105, Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк», пешниҳод намоянд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 12. 04. 2021с.

Телефон барои тамос : (44) 600-90-62, (44) 600-90-24

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, Апр 07 2021

Дар ҳафтанома «СССР», таҳти № 6 (647) аз санаи 11 феврали соли 2021 мақолаи Шералӣ Давлатов таҳти унвони «Ширкатҳои мобилӣ танҳо рекламаи холӣ?» чоп шуд. Дар мақола вобаста ба фаъолияти ширкати мо ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки якумин, оид ба муроҷиат ба чати онлайнии ширкат ва посух нагирифтан ба саволи гузошташуда ва дуюмин, оид ба пешниҳоди реклама ҳангоми занг задан ба Маркази зангҳо (Call-Сenter).

Омӯзиш нишон дод, ки муаллифи мақола 9 декабри соли 2020 ба чати онлайнӣ ва инчунин ба Call-Сenter дар вақти гуногун муроҷиат кардааст. Бо сабаби он ки масъалаи дархостнамудаи муштарӣ хусусияти инфиродӣ дошт, аз муштарӣ хоҳиш карда шудааст, ки барои ҷавоб гирифтан ба саволи гузошташуда ба операторон тариқи рақами 918 61 61 61 ҳамсуҳбат шавад.

Дар мавриди 2 бояд гуфт, ки муштариён пайваста барои дарёфти посух ба саволҳои гузоштаи худ ба Call-Сenter муроҷиат менамоянд ва муҳлати интизорӣ то 2 -3 дақиқаро ташкил медиҳад. Бо ин назардошт, дар ҳолатҳои зангҳои сершумори муштариён, ширкат ҷиҳати пешниҳоди маълумоти дахлдор ба муштариёни худ оид ба хизматрасониҳои худ, маълумоти рекламавиро пешниҳод менамояд, ки ин хилофи қонун нест. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти пешниҳоди хизматҳои баландсифат ба муштариёни худ, сари вақт ва пурра баррасӣ намудани тамоми муроҷиатҳои муштариён ва дигар муроҷиаткунандагон аз технологияи муосир истифода менамояд.

Бо эҳтиром У. Асоев, 

директори ҶСП «Вавилон-Мобайл»

 

саҳ 20 аз 70

Китобҳо

Flag Counter