ХАБАРИ ДОҒ

Санэпидемстансияҳои бепарво ва бозорҳои бемасъул

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

Рӯзҳои охир дар атрофи бозорҳои пойтахт савдои молу амвол ва тамбашавии одаму мошин ва ароба зиёд шудааст, ки дилхоҳ шахс баробари дидани ин ҳолат асабонӣ мешавад. Ман низ ҳамчун 1 харидор, аммо мутаассифона, бе пул, қариб аз бархе бозорҳои пойтахт дидан кардам. Мо Метавонем!

 

Корвон: Чаккаи оригиналда биё!

2.04.2016. Соат ба вақти Душанбе 10:23 дақиқа. Дар Корвон, ки яке аз бозорҳои барои ҳама шиносу машҳур аст, дар роҳрави калони беруни бозор фурӯшандагон борҳоро «растпродажв» гуфта мефурӯшанд. Инаш дарди бахайр дар қади роҳ самбуса, манту, чакка, қурут, калбасаву сасиска, моҳи, меваҳо ва сабзавотҳои гуногун, нон ва даҳҳо намуд амвои хӯрдани мефурӯшанд, ки тамоман ба гигенаи саломатӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар қади роҳ, дар гузаргоҳи байни роҳи калон сабзавот меваҷот нон ва чака ба фурӯш гузошта шуудааст. Аз ҳама манзараи диқатҷалбкунанда ин аст, ки табақи калони чаккаро дар замин монда, руяшро кушодаанд, ки чанги пойи дилхоҳ роҳгузар хоҳ нохоҳ ба он меафтад, боз болои ин гуё мардум ин аҳволро намебинанд, ки занҳои чаккафурӯш бо садои баланди гушхарош «чакада биё, ба Худо чакаи оргинал дорем, арзонаш кардем биёе ҳозир тамом мешава!» гуфта дод мезананд. Як чизро нафаҳмидам, чи магар чака ҳам оргиналу қалбакӣ дорад?

Деҳқон: Пробкаи беохир!!!

3.04.2015.соат ба вақти Душанбе 9:46 дақиқа. Дар бозори Деҳқони пойтахт савдои берунию кӯчагӣ дарди бахайр, роҳи гузаштан ҳам намеёбӣ. Одам ба ароба бар мехӯрад ароба ба мошин ва мошин тамоман роҳро мебандад, ки гузаштан дақиқаҳо номумкин аст. Атрофи ин бозор то роҳи калон, ҳатто назди истгоҳ низ маҳкам аст. Ҳама намуди анвоъи хурока, меваҷот сабзавот ва илова хӯрокҳои гуногунро пухта дар роҳ савдо мекунанд. Деги гӯштбирёни даҳонаш кушода, ки маълум нест дар дохили вай чи миқдор гарду чанг ва ҳашарот афтидааст. Дар ҳоле, ки дар ин гуша фурӯшандагон ба савдо машғуланд пас барои чи ронандаҳо бо нақлиёти худ байни онҳо равуо мекунанд? Ва ё ронандаҳо ин мардумро намебинанд.Баробари бархурд бо мошини дигар ва ё ароба доду вой ва дашному ҳақорат сар мешавад. Дилхоҳ касе, ки ин манзараро мебинад дилаш аз бозору фурӯшандагон ва гаштугузори атрофи он мемонад.

Хулоса...бозор

Хуллас ба кадом бозоре, ки ворид нагаштам аҳвол якранг, мисле, ки касе парвои мардумро надорад ва ё бозорҳои пойтахт тамоман бесоҳиб мондаанд. Дурӯғ аст, ки ҳама он фурӯшандаҳои кӯча аз сахтии зиндагӣ ба ин кор пардохтаанд! Вале агар рсот ҳам бошад барои онҳо дар назди бозор гӯшаяки махсусеро ҷудо намоянд, то ҳам роҳ кушода шавад ва ҳам фурӯшандагон тавонанд ризқи худро дарёбанд ва иловатан дар ин ҳолат ҳеҷ набошад анвоъи хӯрданӣ ба талаботи гигенӣ ҷавобгӯ бошад...

Барои ин ҳама масъулини бозор ва санэпидемстансияҳои бепарвои дохилӣ гунаҳкоранд. Ба ҳама маълум, ки паҳнкунандаи дилхоҳ беморӣ ва вирусҳо ана ҳамон магасу ҳашаротанд, ки баробари фаро расидани гармӣ миқдори онҳо низ зиёд мешавад. Пас масъулини беҳдошту тандурустӣ ба чӣ кор машғуланд ва онҳо барои кӣ хизмат мекунанд дар ҳоле, ки вазъият то ин дараҷа хавфнок аст? Масъулини бозор ба куҷо менигаранд, ки ронандаҳо дар байни мардум бороҳат мошин меронад ва касе ба онҳо ҳарфе намезанад?...

Сарвиннисои Давлат,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter