Тибқи оморҳои бонкӣ ҳаҷми арзи миллии ба муомилот баровардаи БМТ дар моҳи июни соли 2016 ба 8,2 млрд. сомонӣ расидааст, ки эътиборан ба ҳар як сокини кишвар (8,2 млрд. сомонӣ : 8 млн. нафар) 1025 сомонӣ рост меояд. Дар ин радиф қайд кардан ба маврид аст, ки дигар аз сабабҳои камчинии пули нақд ин гардиши бесобиқаи беруназбонкии пул, ки имрӯз тахминан ба сатҳи 70% расидааст, мебошад. Яъне аз 8,2 млрд. сомонии ба муомилот баровардаи БМТ тахминан 5,7 млрд. сомонии он берун аз бонкҳо гардиш мехӯрад. Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, Бонки миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати кам кардани муомилотҳои нақдӣ, дар самти рушди кортҳои бонкӣ талошҳои зиёд карда истодааст. Хоса, ба имзо расидани Қарори ҲҶТ таҳти №815 аз 31.12.2014 сол ва тағйиротҳои дар соли ҷорӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, ба ин мисол шуда метавонад. Аммо чи тавре мавсуф қайд намуд, ҷараёни гузариш ба пардохтҳои эллектронӣ ҳам аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва дигар субъектҳои иқтисодиёти кишвар ба дараҷаи қаноатбахш амалӣ намешаванд. Тоҷикистон дар мавриди ҷорӣ кардани хизматрасонии мазкур миёни кишварҳои минтақа, дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Масалан ҳисоббаробаркуниҳои эллектронӣ дар фурӯшгоҳу марказҳои тиҷоратии кишварҳои ҳамсоя ба монанди Қазоқистону Қирғизистон кайҳо ба роҳ монда шуда бошад, ҳам тоҷирону бонкирони Тоҷик то ҳол ба манфиатнок будани ин хизматрасонӣ тан намедиҳанд.
Дигар аз камбудиҳои дар сатҳи қаноатбахш амалӣ нашудани чорабиниҳои номбурда, ба сатҳу сифати инфрасохтори ин хизматрасониҳо вобаста мебошад. Масалан тибқи маълумотҳои мавҷуда Амонатбонк дар 400 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ терминалҳои пардохтии худро насб кардааст, аммо аз сабаби набудани инфрасохтор дастгоҳҳои мазкур барои истифода қарор дода нашудаанд. Зеро дар истеҳсолоти Амонатбонк то ҳол протссесинг ва маркази фардикунонии дохилибонкӣ фаъолият намекунад. Кортҳои бонки мазкур тавассути марказҳои беруна хизматрасонӣ мешавад, ки барои он Амонатбонк маблағҳои зиёд харҷ менамояд. Марказии протссесинги милли дар БМТ буда, иқтидори кофии хизматрасонии мазкурро алҳол ихтиёр накардааст.
СССР