ХАБАРИ ДОҒ

БМТ- ЭЪТИМОДНОКӢ БА БОНКҲО КОҲИШ ЁФТААСТ.

  • Душанбе, Июл 25 2016

Ахиран дар нишасти хабарии рӯзи 25 июли соли 2016 Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-Раиси Раёсати БМТ коҳиш ёфтани эътимоднокии аҳолиро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ таъкид намуда, намоядагони васоити ахбори оммаро ба ҳзамкорӣ ва иттилоотонии мардум ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар бозори бонкии кишвар намуд.

 

Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва ҳаводису вазъияти ғайриқаноатбахши молиявии ташкилотҳои қарзии низомсоз дар кишвар, фазои ғуборолудро дар бозори бонкии ҷумҳурӣ ба вуҷуд овард. Паст шудани сатҳи пардохтпазирӣ, афзоиши сармояи бесифат ва ба меъёрҳо номутобиқ, дараҷаи пасти тахассуснокии менеҷмент ва идоракунӣ дар бонкҳо, ки мероси солҳои қабли дар низоми бонкии кишвар ба ҳисоб мерафт, бо таъсири “бодҳои сард”-и бӯҳрон тоб наоварда, дар иддае аз ташкилотҳои қарзӣ вазъи нигаронкунандаи молиявиро ба вуҷуд овард. 

Ба ин номусоидиҳо паст рафтани арзиши дороиҳои аҳолӣ, ки дар натиҷаи боло рафтани қурби асъори хориҷӣ ва ҳаннотиҳо дар бозори асъор ба амал омада, зам шуда, гардиши “чархаи” иқтисодиёти кишварро аз суръат боздошт. 

Ба болои ин шароити имрӯзаи молиявӣ тақозо намуд, ки Бонки милли Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар ба таври фаври сари эътибор ва нуфӯзи пули миллӣ  чораандеши намоянд. Аз ин лиҳоз муомилот бо асъори хориҷӣ дар бозорҳои кишвар коҳиш дода шуда, гардиши арзи миллӣ пурзӯр карда шуд. Яку якбора афзоиш ёфтани муомилот бо арзи миллӣ, қудрати пардохтпазирии нақдии бонкҳои кишварро, ба ин гардиши молиявӣ омодагӣ надоштанд, ба маротиб коҳиш дод. 

Ҳаҷми пули нақди ба муомилот бароварда имрӯз нисбат ба 3-4 соли пеш анқариб 2 маротиб зиёд гардида бошад ҳам, мутаасифона талаботи аҳолиро бо пули нақд таъмин карда наметавонад. Зеро 70%-и ин пул берун аз суратҳисобу хазинаҳои бонкӣ “сайругашт” менмоянд.

Гузашта аз ин вазъи имрӯзаи молиявии бонкҳо ва ҳаводиси дар Тоҷиксодиротбонку Фононбонк ва Тоҷпромбонку Агроинвестбонк нисбат ба амонату пасандозҳои мизоҷон рухдода, боварӣ ва эътимоди онҳоро ба хизматрасониҳои бонкӣ коҳиш дод. Мардум ба ҷойи ҳамкорӣ бо бонкҳо боз мисли солҳои 90-уми асри пор, болишту сандуқи бобоиро авлотар медонанд. Дуруст аст, ки “мизоҷ ҳамеша ҳақ аст” мегӯянд, аммо ин ҳақиқат ман ва ту хонандаи арҷмандро то куҷо мебарад? Зеро, нобоварӣ ба низоми бонкӣ, ҳарчанд дар миён  камбудиву норасоӣ ва мушкилот ҷой дошта бошад ҳам, нобоварӣ ба ману ту, нобоварӣ ба ояндаи ин Миллату Ватан аст. Биноан барои ободӣ ва ояндаи ин марзу бум ва давлатдории ба сад ҳазор ормон ба даст овардаамон, ишколе нест, ки аз баҳри чанд пайсае гузашт намоем. 

Чунки, Мо метавонем!

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter