ХАБАРИ ДОҒ

МОИ «Данғара»: шароит, имконият ва мушкилот

  • Панҷшанбе, Июл 28 2016

Айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 28 субъект худро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин шумора 7 субъект ширкатҳои ватанӣ буда дар умум 4 субъект алакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар ояндаи наздик 2 субъекти дигар барои фаъолият ба истифода дода хоҳанд шуд. МОИ «Данғара», ки 521 гектарро ташкил менамояд, барои 50 сол таъсис ёфта то ба имрӯз наздики 200 гектари он деворабандӣ карда гашта инфрасохтор ва коммуникатсия бунёд гаштааст.

 

Чуноне ки Сафаралӣ Тайфуров,муовини директории МОИ «Данғара» дар сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, корхонаи истеҳсоли металлопластика, ки бо сармояи чинӣ ба маблағи 15 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст, алакай ба кор шурӯъ намуда ба истеҳсоли металлопластик, каркарсҳо барои сохтмони пулҳову биноҳои истиқоматӣ машғул аст. Ифтитоҳи расмии ин корхона дар моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифта он имкони бо кор таъмин намудани 400 нафар шаҳрвандони маҳаллиро дорад.

- То ба имрӯз маҳсулоти металлопластикӣ аз хориҷ ба кишвар ворид мешуд, ҳоло он дар дохили кишвар истеҳсол шуда ба бозори ватанӣ бароварда шуда истодааст ва нархаш низ назар маҳсулоти хориҷӣ хеле ҳам арзон аст, гуфт Сафаралӣ Тайфуров.

Яке аз тарҳҳое, ки айни замон дар ҳудуди МОИ «Данғара» сохта шуда истодааст ин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати «TK Oil» тарҳрезӣ шуда аз рӯи иқтидор ва тавоноӣ бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд. 

- Маҳсулоти хоми ин корхона аз кони нафти Шибирғони Афғонистон оварда шуда дар сурати пурра ба кор оғоз кардани тамоми имкониятҳо он метавонад то 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда бензину керосин, соляркаву битум истеҳсол намояд. Агар ин корхона ба кор шурӯъ намояд то рақиби асосии ширкати «Газпромнефт – Тоҷикистон» хоҳад шуд, зеро ният дорад дар сартосари ҷумҳури 300 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бунёд намуда маҳсулоти хешро ба фурӯш гузорад, - таъкид дошт Сафаралӣ Тайфуров.

Корхонаҳои дигари МОИ «Данғара», ки бо сармояи эронӣ бунёд ёфта ба таври мавсимӣ кор мекунанд, бо истеҳсоли маҳсулоти шӯянда ва писта машғул буда алакай маҳсулоти хешро ба Аврупову Амрико содир кардаанд.

Маълум аст, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худуди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз он ҷумла «Данғара» низоми махсуси ҳуқуқӣ ҷорӣ буда реҷаҳои махсуси андозбандӣ ва боҷи гумрукиро пешбинӣ намудааст. Дар ҳудуди МОИ фаъолияти соҳибкорӣ, сарфи назар аз шакли моликият, аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳое, ки дар Кодекси андози ҶТ пешбинӣ гардидаанд, озод мебошад, ба истиснои андози ичтимоӣ ва андоз аз даромади шахси воқеӣ.

Мушкилоти асосие, ки имрӯз МОИ «Данғара»-ро нигарон кардааст – ин таъминот бо қувваи барқ аст, зеро тамоми корхонаҳои истеҳсолии ин минтақа бо нерӯи барқ кор карда ба он ба таври шабонарӯзӣ ниёз доранд ва роҳбарияти МОИ «Данғара»барои таъмини он бояд бикӯшад.

Ҷамила Ҳусейнова, Душанбе – Данғара - Душанбе 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter