Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ-Шавкат Бобозода, дар давоми нимсолаи аввали соли равон корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон 2096,4 кг тилло истихроҷ намуданд. "Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар нисбат ба нимсолаи аввали соли гузшата 1 кг зиёд шуда, 1253 килоро ташкил дод",-гуфт ӯ. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2015-2% зиёдтар аст. Ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллои КМ "Зарафшон", ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон меафзояд. Дар ҳоли ҳозир ҳашт корхонаи дохил ва хориҷи кишвар ба коркарди тилло машғул ҳастанд…