Чуноне ки Мирзо Исмоилзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, Ҳукумати ҶТ ҳоло барои хусусигардонидани «Барқи тоҷик» дастур ва ё супорише надодааст.
- «Барқи тоҷик» имрӯз дар назди НБО «Сангтӯда -1», ки аз сармояи рус бунёд ёфтааст, 627,2 миллион сомонӣ ва дар назди НБО «Сангтӯда – 2»и Эрон409,9 миллион сомонӣ қарздор аст. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ширкат мувофиқи ҷадвали пардохти махсус тасдиқшуда ба НБО «Сангтӯда – 1» 103 миллион сомонӣ ва ба НБО «Сангтӯда – 2» 32 миллион сомонӣ пардохт кардааст, - афзуд Мирзо Исмоилзода.
СССР