1. Пирамидаҳои бузурги молиявӣ
Аксари назариячиёни соҳаи бонкдорӣ таърифи маъмулии чи гуна ташкилот будани бонкро фаровон истифода намоянд ҳам, таърифи дигари он “бонк-пирамидаи бузурги моливӣ аст”-ро кушиш менамоянд ошкор накунанд. Сохти ташаккул ва ё устухонбандӣ (скелет)-и бонкҳо бошад ҳамон таврест, ки дар кулли пирамидаҳо. Аммо масъала сари он аст, ки “маризӣ”-ҳои ирсии пирамидаҳо ба бонкҳо ҳам ҳамеша сироят мекунанд, хоса “вараҷа”-ҳои буҳронии ба сармоя ва дороиҳои бонкҳо вобаста. Зеро ҳам бонкҳо ва ҳам пирамидаҳои ҳаннотӣ бо дороӣ ва сармояи дар ҳар шакл аз берун ҷалб намуда, корашонро ба роҳ мемонанд.
2. Садамаи Тоҷиксодиротбонк дигарҳоро низ таҳдид мекунад.
Феълан имрӯз аксари таҳлилгарону коршиносон садамаи молиявии Тоҷиксодиротбонкро ба аз меъёр зиёд афзудани дороиҳо ҳам дар шакли амонату пасандозҳои аҳолӣ ва ҳам амволи ғайриманқул ё дороиҳои ғайригардишӣ мувоҷеҳ медонанд. Ин нукта сад дар сад дуруст аст ва он андеша ҳам ботил нест, ки агар Тоҷиддин Пирзода теъдоди филиалҳои бонкро аз ҳад зиёду ҳаҷми амонатҳоро ба ин минвол ҷойгир намекард, шояд аҳволи бонк ин тур намешуд. Аммо сад афсус, ки ин ба таҷрибаву кордони ягон менеҷер ва хоса Пирзода ҳам чандон вобаста нест, зеро табиати бонк ҳамчун пирамида чунин аст, ки хоҳу нохоҳ бояд аз сормоя ва дороиҳои бонк дида, чандин маротиб зиёдтар воситаҳои пулии беруна дар истеҳсолот дошта бошад.
Масалан кафолатноктарин бонки кишвар Амонатбонк, ки ҳамагӣ 242,4 млн. сомонӣ сармоя дорад, бақияи сандуқи қарзиаш ба 01.07.2016 сол 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки аз 5\4 ҳиссаи дороиҳои ин бонки мӯътабар ва ё 1 млрд. сомонӣ маблағҳои сандуқи қарзиаш, амонату пасандозҳои аҳолӣ ва сармоягузориҳои беруна мебошанд. Ва Худо накарда садамаи Тоҷиксодиротбонк ба сари Амонатбонку дигар “гигант”-бонкҳо ояду дар они воҳид тамоми амонату сармоягузорон мушт бар дарвозаи оҳании ин бонкҳо зананд. Тарсонданӣ ку нестам, аммо бемуҳобот бонк-ку 1 тараф, иқтисодиёти кишвар ба “ларза” медарояд.
3. Бонк хурд-проблема хурд, бонк калон-проблема калон
Мақсад аз иншои ин матлаб ҳам, маҳз ҳамин масъалаи доғ аст, зеро тибқи оморҳои бонкӣ анқариб 60%-и дороиҳои ташкилотҳои қарзию 71%-и дороиҳои бонкҳо ва 63%-и сармояи ташкилотҳои қарзию 96%-и сармояи бонкҳои ҷумҳурӣ дар ихтиёри 4 бонки бузурги кишвар-Ориёнбонк, Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк ва Амонатбонк қарор дорад. Яъне тақдири иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои хоҷагидорию саноат, тиҷорату савдо, сохтмону нақлиёт ва ҳатто фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ ба вазъи молиявии ин “гигант”-бонкҳо вобастагӣ дорад. Иқтисодиёти Тоҷикистон бо ҳаҷм ва фазои мавҷуда аслан иқтидори саришта намудани на танҳо бонкҳои бузург, ҳатто дигар субъектҳои аз ҳад зиёд бузургро надорад. Чунки “қонуни тиллоӣ”-и тиҷорат тақозо мекунад, ки ҳар тиҷорат ба ҳаҷми бозор бояд мутобиқ бошад. Бонкҳои Тоҷикистон танҳо дар дохили кишвар фаъолият мекунанд, аз ин хотир аз ҳаҷми бозор зиёд афзоиш додани дороиҳои дилхоҳ бонк ин ҳукми дар оянда муфлисшавии он мебошад. Ҳамчунин бонкҳои бузург хоҳ-нохоҳ бозорро монополия карда, рақобати солимро аз байн мебаранд. Ҳамаи ин ку як тараф, аммо бузургтарин хавфи ин ташкилотҳо дар ҳолати садамаҳои молиявӣ, иқтисодиёт ва истиқлолияти давлатро зери суол мебаранд, ки сари ин бояд чуқуртар андешид.
4. “Роғунбонк” канӣ?
Яке аз иштибоҳоти бузурги соҳаи бонкдорӣ дар чанд соли ахир аз байн бурдани бонкҳои соҳавӣ ва махсусгардонидашуда дар низоми бонкӣ мебошад. Тасаввур кун хонандаи гиромӣ, ки дар низоми имрӯзаи бонкӣ ягон бонки соҳавӣ ё махсусгардонидашуда вуҷуд надорад ва ҳама яксара бонкҳои универсалианд. Гузашта аз ин ҳамагӣ 1 бонк давлатию 1 бонки саҳомӣ бо 75%-и саҳмияҳои давлат аз 18 бонки мавҷуда фаъолият мекунанд, ки тавозуни баробарии саҳми давлату сектори хусусӣ ба ягон меъёр рост намеояд. Ин маънои онро дорад, ки давлат дар соҳаи бонкдорӣ на қудрати рақобат ва на имконияти таъсиррасониро ба сектори хусусии бонкдорӣ надорад. Ҳарчанд дар ин маврид имкониятҳои давлат хеле зиёданд ва дар ҳолати истифодаи ин имкониятҳо метавонад на танҳо рақобатро солиму таъсирашро қаввӣ гардонад, балки суди зиёд ба буҷа ва хазина ҳам ворид намояд. Мисоли оддӣ ҳамон маблағи саҳмияҳои вирди забонҳои ҶСК “НБО Роғун”, ки дар сандуқҳои Вазорати молия “пупанак” зерашон кардааст. Чанд сол пеш ин вазорат мехост бо фоизи муайян онҳоро ба бонкҳо ҳамчун қарз пешниҳод кунад, аммо бо баҳонаи баланд будани фоиз бонкҳо аз истифодаи он воситаҳои пулӣ худдорӣ намуда буданд. Феълан ин маблағҳо ва дигар маблағҳои озоди барои сохтмони НБО Роғун дар ихтиёр дошта, то замони истифода тавассути ташкилоти қарзие (хуб мешуд дар шакли соҳавӣ), билфарз барои пешрафти яке аз соҳаҳои иқтисодиёт (бигзор энергетика) ба муомилот бароварда мешуд, фоидаи молиявӣ ҳам камтар меовард, ақаллан дар фароҳам овардани вазъи хуби маблағгузории он соҳа хизмат мекард. Ё чаро аз воситаҳои пулии озоди корхонаҳои бузурги саноатию тиҷоратӣ, маблағҳои дар болишту сандуқ пиҳонкардаи соҳибкорон барои рушди соҳаҳои зарурии кишвар истифода нанамоем? Танҳо шароит фароҳам овардан ва эътимоду имтиёз ба ин субъектҳои иқтисодӣ додан, Алҳамдуллилоҳ пеши ин корро кушода мегардонад. Ешё как!
5. Пулҳои хориҷӣ бӯи конфликт доранд!
Туро намедонам хонандаи арҷманд, аммо ман андеша мекунам, ки Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, тӯли 25 соли Истиқлолият беҳуда талош барои дастёб нашудани хориҷиён ба сармояи бонкҳои кишвар намекунанд. Имрӯз аксари масъулин дар блоки иқтисодии давлат бар он назаранд, ки Тоҷикистон барои рафъи ҳисороти бӯҳронӣ бояд такя ба сармояҳои хориҷӣ, хоса Амрико, Аврупо ва Чину Россия кунад. Он ҳам на дар шакли қарзу инвеститсия, балки дар фурӯхтани дороию сармоя, ки ҳатто баъзе аз ин масъулин ва гореиқтисоддонҳоямон кӯшиш доранд то саҳмияҳои ин гигатбонкҳоро ба аҷнабиён фурушанд. Аммо суоли матраҳ он аст, ки “...кӣ кафолат медиҳад, ки ин пулҳои “ғаранок”-у “хуношом” рӯзе танку туп ва автомату норинҷак шуда, ба сари ин кишвар бало намеоранд?”
6. Чаро аз рупияи ҳиндӣ меҳазарем?
Ҳанӯз рӯзҳои нахусти истиқлолият ва эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои дунё, кулли таҳлилгару коршиносони дохилию хориҷӣ ба он назар буданд, ки миёни кишварҳои моро эътирофкарда, фақат Ҳиндустон давлатест, ки беғаразу манфиатҳои геосиёсӣ моро эътироф менамояд. Намедонам то куҷо ин андеша ва пешгӯиҳо ҳақиқат доштанд, вале таҷриба собит кард, ки Эрони ҳамзабону Россияи бародар, Чини ҳамсояву Амрикои пушти уқёнус ва дигару дигарон фулусеро ба мо бо чи арзиш дода истодаанд. Аммо тӯли 4\1 асри истиқлолият сиёсати хориҷии кишвар дӯстиву шарикӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии Ҳиндустонро бо таасуф имтиҳон накард, ба истиснои як неругоҳча дар Варзобканалу бозсозии аэропорт дар шаҳраки Айнӣ ва сохтмони меҳмонхона дар Душанбе. Дар ҳоле ки нерӯи иқтисодӣ ва сармоягузориву тиҷорати ҳиндуҳо дар миқёси ҷаҳон аз ҳамзабонону бародарон ва ҳамсояҳову дигарон ҳич камӣ надорад. Фаразан истеҳсолот ва тиҷорати металлургияи сиёҳи Қазоқистонро, ки ҷои 2-ро дар ҷаҳон мегирад, чандин сол аст сармоягузору тоҷиронӣ ҳиндӣ саришта мекунанд. Аз ин рӯ барои ҳалли мушколоти бонкдорӣ аз амрикову аврупо дида барои мо шояд ҳиндуҳо авлотар бошанд?
7. Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем
Туро намедонам хонанда, аммо банда 100% бовар дорам, ки барои рафъи бӯҳрону садамаи молиявии имрӯза қувваю иқтидорҳои молиявии дохилӣ мерасаду зиёд. Имрӯз сандуқу болишти иддае аз сокинони арҷманди кишварамон пур аз воситаҳои пулии озод асту онҳо омодаанд бо дастрасии шароити мусоид пулҳояшонро ба гардиш гузоранд. Танҳо мо худамон барои худ монеъаҳои сунъӣ сохтаем, ки боиси пешрафти фаъолиятамон мегардад. Фарзи мисол Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-и тамоман барои дигар ҳадаф қабул шуда, аз ҷониби зумрае аз масъулин ба монеъаи бузург табдил дода шудааст. Масалан, тибқи меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои кушодани ҳама шаклҳои ташкилоти қарзӣ, ҳатман бояд ҳуҷҷати расмӣ оид ба сарчашмаи маблағи ба сармояи оинномавӣ мегузошта, пешниҳод шавад. Яъне он маблағҳо агар дар бонк нею дар болишт ва сандуқи бобоӣ ин қадар сол нигаҳдорӣ шуда бошад, иртиботан касе ҳам барои расмӣ кардани он ҳақу ҳуқуқ надорад вале роҳи қонунии истифода ва ё ба муомилот баровардани онҳо низ мавҷуд нест. Ё борҳо шоҳид шудаем, ки масъулон дар сохторҳои қудратӣ маҳз ҳамин қонунро дастак карда, монеъи кушодани корхона ва ё тиҷорати соҳибкорони ватанӣ мешаванд. Дигар аз монеъаи бузурги имрӯза сиёсати беҳадафи андозбандӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад. Кодекси андози ҶТ, ки аз муаммоҳои Талмут ҳам душворфаҳм мебошад, аз тарафи муфассиронаш (манзур нозирони андоз) ҳар хеле хоҳанд тафсир мешавад. Ин кодекс хурду бузург, наву куҳна ва бою камбағалро дар як паллаи тарозӯ монда, бо як меъёр андозбандӣ мекунад. Афзалияту имтиёз ва гузашту ҳавасмандгардонӣ гуфтани чизҳо, дар бобу моддаҳои он ба ҳама соҳаву фаъолиятҳо ба мисли гушти хук “ҳаром” амр шудааст.
8. Наҷоти бонкдорӣ дар дасти бонкдорӣ
Воқеан, тавре болотар ҳам қайд кардем, асоси мушкилоти бонкҳои кишвар дар сохтори сармоя ва дороиҳо, якрангии шакли фаъолият ва аз ҳад зиёд монполизатсия шудани бозори бонкӣ арзёбӣ мешаванд. Нусхабардории куркуронаи меъёрҳои соҳавӣ аз дигар кишварҳо ва тақлидкории беандеша дар ташаккули сохторҳои бонкдорӣ, имрӯз соҳаро ба бунбаст ва бӯҳрон мувоҷеҳ кардааст. Итминон аст реформаи пешгирифтаи Бонки миллӣ, албатта дар сурати таҳлилу омӯзишҳои одилона ва қабули қарорҳои мувофиқ, ин вазъиятро барои як давраи калон беҳтар намояд. Хусусан барои ҷалби воситаҳои пулии дохилӣ ба сармояи ташкилотҳои қарзӣ. Барои ин ба андешаи инфиродии муаллиф, ҳатман сохтори низоми бонкӣ, ки аз ташкилотҳои хурди молиявӣ бо меъёри сармояи оинномавии 4-6 млн. сомонӣ ва ташкилотҳои бузурги қарзӣ бо меъёри сармояи ... млн. сомонӣ муайян шудааст, бояд таҷдид шавад. Манзур миёни ин 2 шакли фаъолият, шакли миёнаи дигар бо меъёри сармояи аз ташкилотҳои хурд зиёдтару аз ташкилотҳои калон камтар тарҳрезию ҷорӣ карда шавад. Хуб мешуд, ки меъёри сармоя барои ҳар минтақаи иқтисодии кишвар вобаста вазъи иқтисодии он муқаррар мешуд. Доираи фаъолият хусусан фарогирӣ барои ин “минибонк”-ҳо низ маҳдудтар, яъне мутаносиб ба ҳамон навоҳӣ ва ё минтақаи дар он ҷо ташкил шуда, ба мақсад мувофиқтар мебошад. Зеро ба мисли Имон интернешнлу Арванд ва Эсхатабонк дар Суғд ташкилу дар Душанбею Хатлон фаъолият намекард.
Усулан иншои тафсилоти пурраи ин пешниҳод дар доираи ин матлаб ғайри имкон аст. Аз ин хотир муаллифи ин сатрҳо ва ҳафтаномаи мардумии СССР омода аст, ба хотири ҳалли садамаҳои бӯҳронии соҳавӣ ва пешравии иқтисодиёти Тоҷикистони азиз, бо Бонки милии Тоҷикистон ва дигар мақомоту масъулони блоки иқтисодии давлат ва ғайридавлатӣ таклифу навоварӣ, таҳлилу омӯзишҳояшро пешниҳод намояд. Мо метавонем!
Одинашо Муродов
СССР