ХАБАРИ ДОҒ

Роҳи автомобилгарди Ш.Шоҳин – Шоҳон аз дурбини СССР

  • Панҷшанбе, Авг 18 2016


Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон имрӯз яке аз лоиҳаҳои калонтарини кишвар дар бахши роҳсозӣ буда кор дар ин иншоот аз моҳи май ин тараф вусъати нав гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дода он аз ҷониби Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Саудӣ, Бунёди рушди иқтисодиёти араби Қувайт, Бунёди Абудабӣ, Бунёди ОПЕК ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа соли 2011 оғоз шуда роҳсозон ният доранд онро то охири соли 2016 ба итмом расонида ба истифода супоранд.

Бино ба иттиллои Шуҷоат Сироҷов, директории Маркази лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон, то ба имрӯз дар ин қитъаи роҳ, ки 40 километрро ташкил менамояд, иншоотҳои обпартоӣ, хобондани қисмати асосии роҳ, бунёди деворҳои бетонии обгардон ва ҷӯйборҳои шафати роҳ сохта ва гузошта шуда роҳи мазкур, ки аз рӯи нишондоди талаботи байналмиллалӣ дараҷаи 3-юмро доро хоҳад буд, ба тамоми талаботҳои сохтмони роҳ мутобиқат менамояд. Паҳноии роҳ аз 7 то 10 метр дарозӣ дошта дар ин роҳ 8 пул сохта шудааст, ки калонтаринаш 306 метр дарозӣ дорад. Аз 3 сентябри соли ҷорӣ сар карда дар тамоми қитъаи роҳ корҳои асфалтхобонӣ шурӯъ мешаванд ва ба хотири ин аз 20.08.2016 ин тараф ҳаракати восимтаҳои нақлиёт дар ин масир аз рӯи реҷаи тасдиқшудаи ВКД ва Вазорати нақлиёти ҶТ сурат мегирад.
Чуноне ки дар сӯҳбат бо хабарнигорон Сӯҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти ҶТ иброз дошт, дар лоиҳаи мазкур 760 нафар кормандон машғул ба кор буда аз ин шумора 629 нафар сокинони маҳаллиянд. Дар майдони сохтмон 250 адад техника ва мошинолоти сохтмонӣ фаъол буда 5 корхонаи хурди бетонӣ ва 3 карер барои омода намудани маҳсулоти лозима кор мекунанд, битум барои мумфарш намудани роҳ ва бошад аз Русия ва Қазоқистон оварда мешавад. Дар ин лоиҳа, ки 1 қисматашро ширкати чинии «CINA ROAD» месозад, 101 нафар шаҳрвандони Чин низ машғул ба кор буда 25 коршиноси турк низ ширкат меварзанд.
Бо пешниҳоди намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дастгирии вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода, рӯзи 17.08.2016 1 гурӯҳ журналистон аз ин лоиҳа дидан намуда бо рафти корҳои сохтмонӣ ошно гаштанд. Гузориши аксии хабарнигори СССР аз ин иншоот дар зер пешниҳод мегардад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter