ХАБАРИ ДОҒ

Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб

  • Сешанбе, Авг 23 2016

Пагоҳ, 24.08.2016 роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат – Ёвон бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанберо бо  минтақаи ҷануби кишвар бо роҳи оҳан пайваст хоҳад кард.

 

Чуноне ки ба мухбири СССР дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, 

дар сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб 13 ширкати роҳсозӣ ҷалб гардида, пудратчии асосии он ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Инчунин барои сохтмони 5 пул ва 3 нақб дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат - Ёвон, ки  40,7 км-ро ташкил медиҳад, беш аз 71 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ мавриди истифода қарор шудааст. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 977 км роҳи оҳан буда, аз рӯи маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар муддати 25 соли  Истиқлолияти мамлакат 208 км роҳи оҳани нав  ба истифода дода шудааст, ки тӯлонитарини он роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кӯлоб бо дарозии 132 км ба шумор меравад.

СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter