ХАБАРИ ДОҒ

То тавонист дил ба даст овард!

  • Душанбе, Окт 30 2017

 

Аз ҳама хабари муҳим барои ман он шуд, ки имрӯз муаллиму духтури Конибодом сари вақт маошашро мегирад. Айни замон дар тамоми ташкилотҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавии Конибодом қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад! Офарин!!!

Ин дафъа ман барои сафару боздид шаҳри Конибодомро интихоб намудам, зеро дар тӯли 7 моҳи амалиёбии лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» Конибодом ягона шаҳрест, ки дар борааш касе чизе нанавишт ва нагуфт. Албатта, хеле хуб аст, вақте шаҳр ва раиси он камбудӣ надоранд, вале ба назари мо дар бораи пешравию бурдбориҳои шаҳру роҳбарияти он низ ҳатман бояд гуфт. Бо ҳамин мақсад субҳи рӯзи 20.10.2017 аз Душанбе ба роҳ баромада, расо соати 10:00-и ҳамон рӯз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Конибодом шудам. Ку бинем, дар шаҳр чӣ гап асту чӣ хабар? Мо метавонем!

Боҳирӣ: Мо аз навиштани камбудӣ тарс надорем!
20.10.2017. Соат бо вақти Конибодом 10:07 дақиқа. Дохили бинои ҳукумати шаҳр шуда, назди даромадгоҳ худро муаррифӣ карда, роҳбари дастгоҳ ё ёрдамчии раиси шаҳрро пурсидам. Пас аз чанд лаҳза ҷавоне омада, маро ба ошёнаи 2 роҳнамоӣ кард-Боҳирӣ Ғайбулло Нозир, раиси шаҳр пас аз он ки фаҳмид мухбири газетаи СССР омадааст, дарҳол супориш дод, то маро ба қабулаш оранд. Маълум шуд, ки раис хонандаи газетаи мардумӣ будаасту зимнан маро дар утоқи кории хеш қабул кард. Нахуст ман лоиҳа-озмунро ба эшон муаррифӣ намуда, сипас мақсади сафарамро ҳам баён намудам.
-Мо шод аз онем, ки ба Конибодом журналистон меоянд. Марҳамат, 2-3 рӯз меҳмони шаҳрамон гашта, аз зиндагии мардум воқиф шавед, бубинед, ки имрӯз мардуми Конибодом чӣ кор мекунанду роҳбарияти шаҳр чӣ кор. Мо аз навиштани камбудиҳо тарсу ҳарос надорем, ҳамеша тарафдори танқиде ҳастем, ки созанда бошад. Журналист бояд объективона баҳо диҳад ва агар камбудиҳоро бинад, ба мо бигӯяд, то ислоҳ шавем. Мушкилот дар ш.Конибодом зиёд аст, гарчанде мо талоши хешро барои ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани проблемаҳо равона созем, боз ҳам ҳастанд соҳаву минтақаҳое, ки ба таҷдиду ислоҳот ва таваҷҷӯҳ ниёз доранд. Кор зиёд аст ва мо ҳам бо тадриҷ зина ба зина онҳоро ҳаллу фасл карда, пеш меравем, -таъкид намуд раис дар идомаи сӯҳбат. Бо назардошти он, ки Конибодом яке аз шаҳрҳои калонтарини вилояти Суғд асту фурсати боздиди ман хеле танг, бо раис хайрухуш намуда, ба тамошои шаҳр ва сӯҳбат бо мардуми он баромадам.



Пӯлотон-ҷамоати осебпазир
Соат бо вақти Конибодом 10:30 дақиқа. Хостам пеш аз ҳама аз ягон деҳа ё ҷамоати осебпазири шаҳр дидан намоям ва аз ҷавонмарде, ки назди даромадгоҳи ҳукумати шаҳр истода буд, дар ин бора пурсидам. Ӯ гуфт, чунин ҷамоат ҳаст ва он Пӯлотон ном дорад, «Ман ҳозир ба ҳамон тараф меравам, агар хоҳед, шуморо мерасонам!»-гуфт он мард. Пӯлотон яке аз ҷамоатҳои калонтарини шаҳр буда, беш аз 33.000 нафар аҳолӣ доштааст. Ҷамоат ҳатто аз Тоҷикистони навин кӯҳнатар аст, зеро  9.09.1919 таъсис ёфта, аз 10 деҳа иборат аст, шуғли асосии сокинонаш пахтакорӣ, чорводорӣ ва кишоварзист. Пӯлотон зодгоҳи теъдоди зиёди қаҳрамонони меҳнат, олимон, аҳли зиё ва дипломатҳои соҳибкасби кишвар аст, ки тӯли солҳои гузашта ва ҳоло низ саҳми босазои хешро дар пешрафти Тоҷикистон гузоштаанду мегузоранд. Барои роҳбарияти ҷамоати Пӯлотон айни замон ҷамъоварии пахта ва иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии аскарон масъалаи №1 аст!
Вақте вориди бинои маъмурии ҷамоати мазкур шудам, дар толори калон бо фаъолони Пӯлотон маҷлис идома дошт. Маҳз дар ҳамин ҷо бо Замира Ашӯрматова-муовини раиси шаҳр ошно шудам. Мавсуф вақт ёфта, ҳар рӯз 1 маротиба аз ҷамоатҳои осебпазир-ҷамоатҳое, ки даъвоҳои оилавӣ зиёд доранду сокинони фиребхӯрдааш барои ширкат дар ҷангҳои кишварҳои исломӣ аз ватан фирор карда, гумном шудаанд, омада вазъи ҳаёту зисти мардумро назорат мекунад. Ӯ талош дорад, чунин камбудиҳо сар назананд ва бо роҳи маслиҳатомез мардумро осуда намуда, мушкилашонро дар ҷояш ҳал менамояд. Офарин!



Хоҷагии ба номи Бойматова ба таҷдид ниёз дорад!
Соат бо вақти Конибодом 11:30 дақиқа. Аз раиси ҷамоати Пӯлотон Набиҷон Ализода дар бораи хоҷагии машҳури ба номи Энаҷон Бойматова мепурсам. Набиҷон мегӯяд, ин хоҷагӣ, ки имрӯз «Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова» ном гирифтааст, дар ҳудуди ҷамоати мазкур ҷойгир буда, аз ҷамоат ба идораи он роҳ он қадар ҳам дур нест. Набиҷон-ака роҳро нишон медиҳад ва ман пиёда то идораи хоҷагӣ ва сари заминҳои пахтааш меравам. Раиси «ҶСК ба номи Энаҷон Бойматова» Валиҷон Азимовро дар сари замини пахта меёбам. Ӯ бо занону духтарони пахтачин дар бораи боло рафтани нархи пахта ҳарф мезад. Ман ҳам назди занони пахтачин рафта, дар бораи вазъи рӯзгор ва шароити хонаводаашон пурсидам.
Пахтачинӣ айни замон барои бархе аз оилаҳо василаи асосии пеш бурдани рӯзгор шудааст. Ҳар яке аз ин занҳо рӯз то 80-100 кг пахта мечинанд ва ҳар шом натиҷаи заҳмати 1-рӯзаи хешро нақд ба даст гирифта, ба хона мераванд. Агар ҳоло 1 кг пахта 1 сомонӣ шуда бошад, пас дар 1 рӯз бо заҳмати ҳалол то 80-100 сомонӣ пул кор кардан мумкин аст! Мешудаст-ку!
Деҳқонони хоҷагӣ мегӯянд, агар ҳукумати ҷумҳурӣ иҷозат медод, ки ин ҷамъият таҷдид шавад, он гоҳ бо усусли нав кор карда, заминҳои пахтаву боғот, алалхусус боғи зардолуро азнавсозӣ намуда, ба онҳо нерӯи нав мебахшиданд. Дар бораи таҷдиди «ҶСК ба номи Энаҷон Бойматова» солҳои охир гап зиёд аст-деҳқонон, хоса, саҳмдорон тарафдори онанд, ки хоҷагӣ таҷдид шавад, ҳукумати шаҳр низ тарафдори ин иқдом аст. Бархе аз кумитаву вазоратҳои дахлдор аз ин кор дастгирӣ кардаанд, лек вазорати кишоварзӣ, ки шояд боре ҳам мутахассисашро ба ин ҷамъият нафиристода бошад, ба ҷои дастгирӣ намудани кишоварзон, баръакс монеа эҷод карда истодааст. Агар хоҷагӣ таҷдид гардад, дасту дили деҳқононе, ки замини пахтаву боғҳоро ба иҷора мегиранд, гарм шуда, кор ранги дигар хоҳад гирифт. Кор, ки дигар шуд, намуду ҳосилу сифат низ беҳбудӣ меёбад!

Меваи Кандро дар Олмону Русия мешиносанд!
Соат бо вақти Конибодом 14:00 дақиқа. Конибодомро бештар бо зардолуи шаҳдбораш мешиносанд. Лиҳозо, сӯи корхонаи «Меваи Канд», ки бо коркарди меваи хушк машғул аст, роҳ пеш мегирам. ҶДММ «Меваи Канд» с.2014 таъсис ёфта, арзиши лоиҳавии он 900.000 сомониро ташкил додааст. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 1200 тонна меваи хушк дар 1 сол буда, бештар аз 30 нафар дар он бо ҷои кор ва маоши хуб таъминанд. Маҳсулоти корхона-зардолуи хушк ва чормағзи заминӣ ба давлатҳои Русия, Украина, Белорусия ва Олмон содир мешавад. Имрӯз зардолуи хуштаъми Тоҷикӣ аз Конибодом то Аврупо роҳ ёфта, шӯҳрат низ дорад. Моҳи августи с.2015 ба ҶДММ «Меваи Канд» бо дастгирии ҳукумати ш.Конибодом аз ҳисоби заминҳои бекорхобида барои ташкили боғи интенсивии мевадиҳанда бо усули қатрагӣ 31 га замин ҷудо шуда, феълан корҳо барои ташкили ин боғ идома дорад. Нақшаи коркарди зардолу аллакай иҷро шуда, дар корхона бо коркарди чормағзи заминӣ-арахис машғул буданд. Он ҳам пас аз тоза кардану бандубаст шудан ба Украинаву Русия хоҳад рафт.

«Нафтрасон» бензини Тоҷикӣ истеҳсол мекунад!
Соат бо вақти Конибодом 16:00 дақиқа. Пас аз ошноӣ бо фаъолияти корхонаи коркарди мева ба самти яке аз корхонаҳои калони Конибодом-ҶДММ «Нафтрасон» меравам. Он дар минтақаи истеҳсолии шаҳр ҷойгир буда, аз ҳисоби соҳибкорони ватаниву хитоӣ сохта шуда, маблағи лоиҳавии он 3,5 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти асосии «Нафтрасон» аз коркарди нафт иборат буда, дар он маҳсулоти аз конҳои маҳаллӣ истихроҷшуда коркард мешавад. Корхона бо иқтидори 70.000 тонна коркарди нафт дар 1 сол бунёд ёфта, дар 9 моҳи с.2017 11647,5 тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол кардааст. Коргоҳ дорои 2 хати истеҳсолӣ буда, тавассути хати 1 сӯзишвории дизелӣ, газолин ва мазут, ба воситаи хати 2 бошад, бензин ва гази моеъ аз газолин истеҳсол мешавад. Корхона дорои хати роҳи оҳани фаръӣ буда, маҳсулоташ тавассути ин хат ба хориҷ аз кишвар низ экспорт мегардад.

Конибодом ва ёдгориҳои советии он
Соат бо вақти Конибодом 18:00 дақиқа. Дар охири рӯзи 1-уми корӣ тасмим мегирам дар кӯчаи марказии шаҳр гаштугузор намоям ва бо ҳаёти Конибодому мардумаш аз наздик ошно шавам. Мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мардуми он низ дар такопӯ ва равуо буда, маркази шаҳр тозаву озода аст. Мегӯянд, аксарияти иншоотҳои имрӯзаи маркази Конибодом маҳз пас аз ба раисӣ омадани Боҳирӣ Ғайбулло сохта шуда, шаҳр қабои нав ба бар кардааст. Боҳирӣ нагузоштааст, ки ҳайкали Владимир Ленин, ёдгорӣ бахшида ба 50-солагии РСС Тоҷикистон, ки дар девори даромадгоҳи шаҳр насб шудааст, тарҳу намои бинои кинотеатри ба номи Комил Ёрматов ва боз даҳҳо биноҳои қадимӣ аз байн бурда шавад. Дар Конибодом ҳанӯз ҳам кӯчаи ба номи В.Ленин ҳасту атрофи ҳайкали Ленин яхмосхона шудааст-конибодомиҳо шомгоҳон ин ҷо «Яхмоси тиллоӣ» мехӯранд! Ман аз ин корҳо хушам омад, зеро ҳарчи ҳам набошад таърихро кӯр кардан гуноҳ аст, насли наврас бояд гузаштаи хешро бидонад! Мо Метавонем!
Пас аз гаштугузор ва хӯроки шом дар тарабхонаи «Мерос»-и шаҳр барои гузаронидани шаб ба меҳмонхонаи «Душанбе» меравам. Ин меҳмонхонаи хурд, аммо хеле бароҳат ва озодаро ҳамагӣ 1 сол пеш боз карда будаанд. «Душанбе» дорои шароити лозима барои меҳмон, утоқҳои барҳаво, оби гарму хунук ва аз ҳама муҳим ором будааст. 1 шабро дар «Душанбе» гузаронидам!

Таҷрибаи беҳамтои Боҳирӣ
21.10.2017. Соат бо вақти Конибодом 8:20 дақиқа. Ин субҳ низ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Конибодом ҳозир шуда, мехоҳам дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр-Боҳирӣ Ғайбулло ширкат варзам. Бе монеа дохили толори калони бинои ҳукумат мешавам ва расо соати 8:30 раис ба толор ворид шуда, бо дуои нек ба шунидани арзу доди шаҳрвандон шурӯъ мекунад. Ин ҷо низ амсоли дигар гӯшаву канори кишвар мардум аз норасоии қитъаи замин, боло шудани об дар заминҳои корам, пур шудани заҳбурҳо ва баҳсҳои оилавӣ шикоят доранд. Чунин менамуд, ки раис бештар на вазифаи раиси шаҳр, балки вазифаи ҳуқуқшинос ва ё судяро иҷро мекунад. Ӯ бо сабру таҳаммули хос арзу дод, аҷзу гиряҳои занону духтаронро гӯш карда, саъй мекард бо сухани хуш ва насиҳати падарона яъсу ноумедиро аз қалби онон бадар созад: Раис касеро ноумед аз назди худ гусел намекард. Дар муддати беш аз 2 соат ба арзи мардум гӯш карда, нисбати ҳар 1 шикоят дастури мушаххас ва оҷилӣ медод, то ки проблема дар кӯтоҳтарин соат ҳалли хешро биёбад. Беҳтарин коре, ки ман дар қабули Боҳирӣ дидам ин ширкати ҷавонон дар ин қабул буд. Бо ташаббуси ӯ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе донишҷӯён ва кормандони ҷавони идораву ҷамоатҳои шаҳр бо навбат омада, дар қабули шаҳрвандон иштирок мекунанд ва барои худ панде мегиранд. Боҳирӣ мегӯяд, ин амал намуна ва таҷрибаи беҳтарин аст барои насли ҷавон то ин ки аз хатоҳои дигарон барои худ панд гиранд, хоса, дар зиндагии ояндаи оилавии худ тасмимҳои оқилона гирифта, хатои дигаронро такрор накунанд.
Конибодомиҳо мегӯянд, раис тавонист бо муносибати хуш, сухани нек ва рафтори ҷавонмардонааш дили мардумро ба даст орад ва мардуми Конибодом имрӯз ба раиси хеш боварӣ доранд. Офарин!

«Дугонаҳо», «Хушдоманҳо» ва «Шаҳдрез»-и Конибодом
Рӯзи 21.10.2017. Соат бо вақти Конибодом 11:00 дақиқа. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Конибодом, хоса, Замира Ашӯрматова дар Конибодом маҳфили «Дугонаҳо» амал мекунад, ки фаъолияти он пеш аз ҳама ба ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, тақвият бахшидани ҳунару истеъдод, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои қадимаи тоҷикона, таҳкими дӯстиву рафоқат байни онҳо, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон равона шудааст. Маҳфили «Дугонаҳо», ки имрӯз дар Конибодом хеле шӯҳрат пайдо кардааст, бо навбат дар деҳаву ҷамоатҳо гузаронида шуда, дар он духтарон ҳунару истеъдоди хешро нишон дода, пирони рӯзгордида аз таҷрибаи ҳаёти хеш ба насли ҷавон мегӯянд.
Ғайр аз ин дар Конибодом барои маҳз хушдоманҳо (!!!) маҳфилҳои «Хушдоманҳо» ва «Шаҳдрез» фаъол буда, онҳо барои тарғиби илму фарҳангу ҳунар ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо равона шуда, дар маҳфилҳо бештар оилаҳои осебпазир ширкат мекунанд. Пешгирии даҳҳо талоқ, ба созиш омадани оилаҳо, алалхусус, хушдоманҳову арӯсон кори самараноки ҳамин маҳфилҳост!

Қарзи музди меҳнату андоз нест!
21.10.2017. Соат бо вақти Конибодом 13:00 дақиқа. Аз ҳама нуктаи муҳим барои ман он буд, ки имрӯз муаллиму духтури Конибодом сари вақт маошашро мегирад. Ҳоло дар тамоми ташкилотҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавии Конибодом қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад! Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 94,4%, буҷети маҳаллӣ 92,7%, андози иҷтимоӣ 94,6% ва андози ғайрибуҷетӣ 103,2% иҷро шудаанд. Аз тарафи кишоварзони шаҳр имсол дар майдони 5094 га кишти пахта гузаронида шуда, он нисбати кишти ҳақиқии с.2016 286 га зиёд аст. Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр то  санаи 21.10.2017 10833 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки он аз дурнамои дар пеш гузошташуда 800 тонна зиёд аст! Конибодомиҳо метавонанд! Брависсимо!!!

Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Конибодом-Душанбе,
20-21.10.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter