ХАБАРИ ДОҒ

 

Баъди андешаҳои зиёд билохира ба дарки мафҳуми корти яксафараву бисёрсафара расидам. Корти яксафара 2,5 сомонӣ, аммо амалан вуҷуд надорад ё тухми анқо. 2,5 сомонӣ меравад ба ҷайби ронанда ва «доля»-гирони МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон». Корти бисёрсафара 2 сомонӣ ва меравад ба ҷайби давлат.

Мантиқ: мо ба давлат барои 1 сафар 2 сомонӣ медиҳем, ба ронанда барои 1 сафар 2,5 сомонӣ. Яъне, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ғами худу ронандаҳову ширкатҳоро беҳтару хубтар аз давлат хӯрдааст. Ана барои чӣ ин ниҳод зидди берун аз истгоҳҳо нигоҳ доштану одам савор кардани ронандагон мубориза намебарад. Ба наъфашон нест!   

Агар ҳол чунин идома кунад, раҳкиро 10 сомонӣ ҳам шавад, давлат наметавонад харҷи нақлиётро пӯшад. Ё нодуруст?

Бобоҷони Шафеъ,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter