Бардошти журналист аз фаъолияти «IRS»
Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафт.
Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.
13 сол инҷониб роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар ширкат фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шавад, пас фасли гармо таъмири он масъалаи меҳварист. Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкатро машғули таъмиру тармим мебинед.
Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Аз аввали фаъолият «IRS», ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кард. Дар назар аст, ки соли равон зиёда аз 40 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад. Дар ин баробар ба фаъолият шурӯъ кардани заводи мазкур аз лиҳози ҳифзи муҳити зист низ манфиатовар аст. Зеро то ба фаъолият оғоз кардани он мардуми деҳаҳои атроф қуму сангрезаро аз ҳар ҷой мегирифтанд, ки дар натиҷа таъсири манфӣ ба табиат мерасид. Пас аз он ки заводи асфалти «IRS» ба фаъолият шурӯъ кард, ин мушкилот то андозае аз байн рафт.
Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 218 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 километр роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон аст) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкурбуда хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид…
Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Нависандаи ин сатрҳо ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда будам. Соле пеш, дар километри 69 ба садама дучор шуда, бидуни техникаи махсус интиқоли автомобил ғайриимкон буд. Ҳангоме ки бо ин мушкилот ба намояндагони филиали Ширкати «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намудам, кормандони он бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили маро то шаҳри Душанбе оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат садҳо маротиба иҷро мекунанд.
Дар муддати 13 сол «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Афсӯс, ки баъзан эродҳои беасос доир ба масъалаи мавриди назар аллакай фазои сармоягузории кишварро дар робита ба нигоҳдории инфрасохтор халалдор намуда, чунин муносибат ҷолибияти сармоягузорӣ дар мамлакатро тадриҷан коста мегардонад. Мо бояд сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина, таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
журналист