Бо вуҷуди ҷудо кардани маблағҳои гуногун аз тарафи вазорати нақлиëти ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таҷдиду таъмири роҳҳои байни маҳаллу деҳаҳо қобили қабул ва ҷавлбгӯи дили мардум нест. Деҳаи Қалъаи Дӯст ба қатори деҳаҳои калони ҷамоати деҳоти «Ваҳдати "- ноҳияи Деваштич дохил шуда, дар он зиëда аз 6,5 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд .
Сокинон асосан ба деҳкониву чорводорӣ ва ҷавонон ба тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд. Чун деҳа дар шоҳроҳ ҷойгир шудааст, сокинони 7 деҳаи хурду калон аз дохили он гузашта мераванд. Инро ба ҳисоб гирифта, соҳибкорони кордон 7 - 8 мағозаи дуошëна, 1 чойхона, 2 қассобхона, 2 дукони фуруши хуроки чорво, 2 мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ, 2 дукони сартарошӣ, 2 осиëби барқӣ ва 1 ошхона сохта ба истифода додаанд..
Имсол бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо ташаббуси соҳибкори муввафақ Раҳимов Абдурашид, раиси комитети маҳалла ҳоҷӣ Саидов Сайидалӣ ва ҳисагузории тамоми сокинони деҳа ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ зиëда аз 5 км 262 метр роҳ мумфарш ва дар 2 тарафи роҳ қубурчаҳои бетонии обгурез насб карданд. Инчунин тамоми кучаҳоро чароғон намуданд, ки одамон шабонгоҳ азият накашанд.
Бо вуҷуди он дар деҳа қувваи кор зиëд аст, ҳама бо кор таъмин карда намешаванд, ҳар сол зиëда аз 300 нафар ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аробаи зиндагиро аз ҳисоби мардикориву муздурӣ мекашанд. Ҳаминро ҳам қайд кардан ҷоиз аст, ки дар масофаи на чандон дур деҳаҳои Қалъаи Мирзобой, Чуянчӣ, Хоҷаҳо, Шоҳон ва Қалъаи Ҳоҷӣ ҷойгир гаштаанд, ки даҳҳо соҳибкорони муввафақ доранд ва метавонанд ин иқдоми нек ва созандаи деҳаи Қалъаи Дӯстро идома диҳанд ва дар ободии диëру хонаи худ ҳисагузор бошанд .
Ҷумъабой Яҳëев,
н.Деваштич