ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 04 2021

 

Донишгоҳи милли Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, минбаъд баробари донишгоҳҳои машҳури олам нуфуз дорад. Аз ин ба баъд, дипломи ДМТ дар дигар давлатҳо низ қурб пайдо хоҳад кард, қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода.

    Мавсуф сабаби қатъ шудани стипендиягирии донишҷӯёни магистри донишгоҳро маҳз фаъолияти хунукназаронаи худи донишҷӯён арзёбӣ кард. Зеро аксарияти онҳо дар дарсҳо ҳузур надоштанд ва фаъол набуданд. Аз ин лиҳоз Шӯрои донишгоҳ ба хулосае омад, ки якчанд муддат додани стипендияро қатъ кунад. 

   - Лекин бино бо талабу дархости хеле зиёди донишҷӯён ҳайати Раёсат ба хулосае омад, ки додани стипендияро дубора ба роҳ монад. Магистроне, ки сессияи гузаштаро бо баҳои хуб ҷамъбаст намуда буданд, метавонанд аз 1-уми январи соли 2021 соҳиби стипендия гарданд, афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, Янв 20 2021

   Салом ба СССР! Чаро роҳбарони марказҳои дилхушӣ ва бозиҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғ ба чунин марказҳо ҷарима карда намешаванд? Чаро дар аввалин фурсат омӯзгор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, вале соҳибони марказҳои дилхушӣ ва бошандагони он  озодона  аз пайи корашон ҳастанд. Ба ин кӣ гунаҳгор аст? Омӯзгор, толибилм, падару модар ва ё мақомотҳои қудратӣ? Ба ин суолҳо кӣ ҷавоб мегӯяд? 

Ман ҳамчун 1 шаҳрванди ин сарзамин барои пешгирии ин авомили даҳшатбори ҷомеа чунин пешниҳод дорам:

- мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

- алоқаи волидайн ва мақомотҳои қудратӣ бо муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шавад.

- ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шавад, то мактаббача вақти худро беҳуда нагузаронида, ба омӯзиши касбу ҳунар машғул шавад.

- омӯзгорон барои дастовардҳояшон бо нишон, унвон, мукофотпулӣ ва монанди инҳо ҳавасманд гарданд. 

Зиёвиддин Бӯриев, ш.Ҳисор

 

Чоршанбе, Янв 13 2021

 

Банда хатмкунандаи Донишкадаи давлатии Санъати ба номи устод М. Турсунзода буда, аз соли 1978 то соли 1997 аввал дар муассисаи фарҳанг ва аз соли 1996 то соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти умумии №34 омӯзгор, ҷонишини директор, раиси кумитаи ибтидоии Иттифоқи касаба шуда кор кардаам. Аз моҳи сентябри соли 2016 бо хоҳиши худ ба нафақа баромада, 4-сол давлати пирӣ рондам. Соҳиби 10-фарзанду 20 набера шуда, шукргузорӣ аз ғамхориҳои давлат карда гаштаам. 

Моҳи сентябри соли 2020 директори ҷавонеро ба МТМУ №25 таъин карданду  ҷавон аз пайи омӯзгорони мутахассисшуда ӯ маро ба ҳоли худ нагузошта, ба мактаб даъват кард. Корро дар муассиса ҳамчун омӯзгори фанни суруду мусиқӣ ва санъати тасвирӣ аз сари нав шурӯъ кардам. Вале аз чӣ сабаб бошад маро на аз рӯйи тахассуси дараҷаи олӣ, балки аз рӯи тахассуси дараҷаи умумӣ ҳақдор карданд. Сабабашро аз сармутахассиси бахши хадамоти аттестатсионии шӯъбаи маориф Рустам Солеҳов пурсон шудам. Ӯ бо хашму ғазаб  «Шумо дар байн 4 соли бекорӣ доред, аз сари нав аз аттестатсия гузашта, баъд тахассуси дараҷаи 2-ро мегиред»-гуфта ҷавоб дод. Бояд гӯям, ки бо ин шахс ман зиёда аз 20-25 сол бо ҳам кор мекунему якдигарро хело хуб мешиносем. Вале аз нигоҳи бадхашмонааш баръало маълум аст, ки ӯ чӣ мехоҳад. 

Куҷост он шаъну шарафи омӯзгориву ҳамкорон, он меҳру муҳаббату қадру қимати одамгарӣ? Ё ҳуҷҷати Аълочии маориф ва илми ҶТ қурби худро гум кардааст? Мо ба қадри ҳар 1 гиёҳу хас, сангу харсанг, обу хоки Ватан мерасему онро эҳтиром мекунем, аммо ин шахс ба қадру қимати унвонҳои олии Ватан заррае эътибор намедиҳад...

Раҳматулло Мӯсоев,  

омӯзгори МТМУ №25-и н. Восеъ

 

Чоршанбе, Дек 23 2020

 Тӯли 3 ҳафтаи ахир Китобхонаи миллии Тоҷикистон серравуову серхонанда аст. Махсусан, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе. Ин албатта хуб аст, аммо маъмурияти КМТ бояд инро ба назар гиранд. Дирӯз қисми зиёди хонандагон ҷои нишаст пайдо накарда, ноилоҷ баромаданд. Минҷумла худи ман. Рӯзи қабл шаш ошёнаи китобхонаро, ки маъмулан барои мутолиа ҷой ҷудо шудааст ба монанди толори хониш, толори матбуоти даврӣ, толори кормандони илм, толори рисолаҳои илмӣ ва зиёда аз 150 ҷои нишасти толори электрониро пур аз хонанда ёфтем. Дуруст аст, ки аксари онҳо дар даст тест доштанд, лек намешавад гӯем, ки рав дар хонаат тестатро ҳал кун. 

   Чун аксари дигари хонандагон ҳайрону саргардон буданд ва маълум аст, ки ба мутолиаи ҷойгирифтагон халал мерасониданд. Бо мақсади рафъи мушкилӣ ба директори китобхона Ҷумахон Файзализода муроҷиат кардан хостем, аммо дари кабинети раис ва 2 муовини ӯ баста буд. Аз минбари СССР аз Ҷумахон Файзализода дархост дорам, ки бо назардошти талаботи хонандагон ҷойҳои нишасти толорҳо, махсусан аз толори матбуоти даврӣ зиёд карда шавад.

Меҳрофарин Наҷибӣ, донишҷӯи ДМТ

 

Чоршанбе, Дек 16 2020

 

Соли хониши 2019-2020 дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и деҳаи Шамтучи н.Айнӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Роҳбарияти муассиса дигар шуду ҷавони кордону ташаббускор-Табаррук Камолов директор  таъйин гардид. Бинои мазкур солҳои 80-уми асри гузашта қомат афрохтаасту гарчанде системаи гармидиҳии муассиса кор кунад ҳам, вале аз сабаби фарсуда будани тирезаҳо гармдиҳӣ бефоида буд. Хонандагон дар зимистон бо либоси ғафс менишастанд. 

    Бо кӯмаки раиси н.Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ва шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шахси хирадманд И. Абдуллоев ба ӯҳда дорад, маблағи муайян барои таъмиру тармими тирезаҳои МТМУ 17 ҷудо гашт. Ташкилоти мазкур бинои сеошёнаи муассисаро пурра бо тирезаҳои пластикӣ таъмин намуда, бо ташаббуси соҳибкорони муваффақи деҳа, сокинони ш.Душанбе Муҳаббат Зарифова, Ҳидоятов Муллобердӣ, Давлатмоҳ Нуруллоева ва Рустам Раҳмонов ин тирезаҳо ба деҳа дастрас гардиданд. Бо иқдоми роҳбарияти муассиса, роҳравҳои мактаб бо бетон мумфарш карда шуданд.  

   Дар баробари ин, маъмурияти муассиса, иқдом гирифтанд, ки дари синфхонаҳои муассисаро иваз кунанд, чунки аз бунёди муассиса 33 сол гузаштаву дарҳои синфхонаҳо дар фасли зимистон гармии синфхонаҳоро нигоҳ дошта наметавонанд. 

Шермуҳаммад  Шеров, 

омӯзгори МТМУ 17-и деҳаи 

Шамтучи н.Айнӣ 

Ҷумъа, Нояб 27 2020

24.11.2020 бо 1 қатор Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ректорони бархе аз донишкадаву донишгоҳҳои кишвар иваз карда шуданд. 

   Аз ҷумла, Фозилзода Мухтор Муродалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи эшон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин карда шуд.

   Тибқи 1 Қарори дигар Назарзода Хайрулло Холназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон озод гашта, Исозода Диловаршоҳ Тариқ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъин карда шуд.

   Инчунин, Ҷонмамадов Шермамад Бекмамадович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод карда шуда, Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин гардид.

   Раҷабзода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озод  ва ба ҷойи мавсуф Гулназарзода Ҷило ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин карда шуд.

 

саҳ 19 аз 44

Китобҳо

Flag Counter