ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 21 2021

- Ман ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод мекунам, ки ба барномаи таҳсилии мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши 3 фанни навро роҳандозӣ намоянд. Инҳо Фарҳанги истифодабарии интернет, Фарҳанги андозсупорӣ ва Фарҳанги муҳоҷири меҳнатӣ

Масалан дар гузашта фанҳои экология, маърифати оиладорӣ, сотсиология, технологияи итилоотӣ пайдо шуда буданд. 

Интернетро бар он асоснок карданиам, ки дар ҷаҳони имрӯз бо шиддат ҷангҳои лафзиву итилоотӣ ва электрониву идеологӣ бо шиддат рафта истодааст ва бояд ба он муқовимат кард. Фанни андозсупориро бар он асоснок карданиам, ки дар замони истиқлолият гуногуншаклии моликият ба вуҷуд омада, пешравии кишварамон аз буҷа вобастагӣ дорад, буҷа бошад фарҳанги баланди андоз супорандагонро тақозо мекунад. Фарҳанги муҳоҷирати меҳнатиро бар он асоснок карданиам, ки аҷдодони мо ориёиҳо дар гузашта дар ҳунари меъморӣ ва наққошиву тасвири шаҳрсозӣ ном бароварда буданд ва ранҷи дасти онҳо хеле гарон ҳисоб карда мешуд. 

Бунёд Ҷоншоев, хонанда ва мухлиси доими газетаи мардумии СССР, сокини н. Дӯстӣ тел: 90 878 78 85

 

Панҷшанбе, Июл 15 2021

Сенарияи “рушди бесаводӣ” дар кишвари мо барномаи нонавиштаест, ки имрӯз худ ба худ амалӣ шуда истодааст. Тасаввур кунед. Нафаре, ки 11 сол пушти партаи талабагӣ нишастааст, мехоҳад тез ҷониби кӯчаи орзуҳояш қадам занаду пушти мизи донишҷӯӣ шинад. Маркази миллии тестӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъди соҳиб шудан ба холи гузариш унвони пурифтихори донишҷӯйро медиҳад. Довталаб акнун бо 1001 фикру хаёл ба донишгоҳ меояд. Ӯ умед дорад, ки саводи кофӣ гирифта, мутахассис мешаваду ба халқу кишвараш хизмат мекунад. Аммо ...

Имтиёзи маршировка

Сар аз моҳи январ сенарияи ҷашнгирии иди “Наврӯз” навишта мешаваду мутасаддиён маршировкачии “ихтиёрӣ” мекобанд. Ба онҳое, ки дар хобгоҳ меистанд, “афзалият” дода мешавад. Яъне, онҳо дар рӯйхат садрнишинанд. Ана, баъд барои пур кардани план сар мешавад “мотиватсия”. Тарғиби якум гузоштани 100 бал барои марҳилаи якум ба ин тоифа донишҷӯён. 1 моҳ рақс мекунанду 100 балл мегиранд. Бо қатъият мегӯем, ки донишҷӯи ҳақиқӣ асло ҳаваси маршировкаравӣ надорад. Аммо “донишҷӯ” -и хизматгурезу шавҳарнокун майл дорад, то фаъол бошад дар чунин маъракаҳо.

Давоми чанд моҳ доду фарёд, ҷобаҷогузорӣ, машқ, омодагӣ... 1 чиз гӯям? Барномае, ки шумо аксаран дар рӯи экранҳо мебинед, давоми 3 то 10 рӯз омода мешавад. Бале! Ун чанд моҳи боқимонда бо доду войи коргардону ҷобаҷогузорӣ мегузарад. 1 рӯз аз чап меистиву рӯзи дигар ба рост мегузарӣ, рӯзи дигараш баръакс боз. Ана ҳамин гуна аст сенарияи маршировкаравӣ. Овози чанд режиссёр мегираду ҳуши чанд “раққос” меравад, чанд ҷавон номзад меёбаду чанд нафари дигар соҳиби бахт мешавад (таъбири шиноси 1 муовини вазир) ва ниҳоят барномаи мукаммале рӯи саҳна меояд.

Аз пойтахт ба музофот

Ин ҳолат дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар низ ҷой дорад. Ҳатто дар Мурғобу Муъминобод ҳам. Ин ноҳияҳо, ки коллеҷи тиббиву намедонам боз ким кадом коллеҷҳои дигар доранд, студентонро ба чунин маъракаҳо сафарбар месозанду дар баробари ҳамшира касби нави раққосагиро низ меомӯзандашон. Бадбахтона, чанд соли охир аз ҳисоби нарасидани ин гуна кадрҳо муҳассилини мактабҳои миёна ва ҳатто боғчаву кӯдакистонҳо низ ба ин барномаҳо роҳ ёфтаанд...

Ҳайрони онам, ки қариб ҳама шаҳру ноҳияҳо коллеҷи санъату қасри фарҳанг, театру чанд гуруҳи созию ансамблҳои рақсӣ ва кружокҳои ҳаваскорон доранд, аммо тир боз ҳам рафта ба донишҷӯ мерасад, ки ҳатман бояд дар қатори дигар фарҳангиён ба маршировка равад. Зеро маҳз ба ӯ МАРШ мегӯянд.

Акнун интизор мешавем, ки бо дубора сар халонидани Ковидбой ба кишвар шояд ин маъракаи “муҳим” -и сиёсиву фарҳангӣ манъ шаваду донишҷӯёни бечора, ки тӯли 9 моҳ аз азоби лексиянависӣ хаста шудаанд ақаллан ягон моҳак нафаси тоза кашида, истироҳат мекунанд, ё ба қишлоқ рафта, ба корҳои хоҷагидории оила кӯмак мекунанд. Ку, бинем хулоса чӣ мешавад?...

Мирсаид Сатториён, 

рӯзноманигор

 

Чоршанбе, Июн 30 2021

 Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ҳоло дар мактабҳо таътил шудаасту омӯзгорони деҳот, волидонро маҷбур мекунанд, ки барои фарзандонашон аз мактаб сару либоси ягона харидорӣ кунанд. Нархи либоси мактабии духтаронаву писарона ба сифаташ ҷавобгӯ нест. Бисёр хуб мешуд агар, сару либоси талаба якранга бошад, ки хонанда буданашро бифаҳмем. 

   Ҳоло аз масъулин 1 чӣ пурсиданиям: чаро мо ҳуқуқи аз бозор харидорӣ кардани либоси мактабиро надорем? Чаро худи омӯзгорон сару либоси ягона надоранд? Муаллимро аз нафари одии кӯчагӣ фарқ намекунӣ. Бигузор талаба мисли талабаву муаллим мисли гуфтаҳои педагоги №1-и СССР Антон Макаренко либос пӯшад! 

Юсуфӣ Баҳодур, 

н.Кӯшониён тел: 11 116 66 67

 

Чоршанбе, Июн 23 2021

 

 - Салом ба СССР-и азиз! Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созанда ва ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат директории Хоҷагии ҷангали н.Мӯъминобод, Раҷабалӣ Раҷабов дар деҳаи Хиргатароши ҷамоати деҳоти Чилдухтарон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-ро сохта, то ҷашни бузурги ватанӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сокинони деҳаҳои Хиргатарош, Кубинён, Метукдараи болою поён ва Финҷова тақдим менамояд. 

   Қайд намудан ба маврид аст, ки то ин замон хонандагон аз ин деҳаҳо масофаи 6 км-ро тай намуда, ба мактаби деҳаи дигар мерафтанд ва ин мушкил имсол ҳал хоҳад шуд. Ин муассиса дорои 9 синфхона, 2 утоқ ва масоҳати умумии 40 сотихро дар бар дошта, барои 250 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар шафати мактаби нав бунгоҳи тиббӣ бунёд хоҳад шуд. Қаблан мактаб дар хонаи истиқоматӣ қарор дошту ибтидоӣ буд. Пас аз синфи 4-ум хонандагони 5 деҳа 6 км-ро тай намуда, ба мактаби деҳаи дигар мерафтанд. Аҳсану офарин ба чунин мардони ватандӯст!

Диловар Каримзода, н.Мӯъминобод

 

Чоршанбе, Июн 16 2021

 

Солҳои охир дар мактабҳо ашёҳои аёнӣ камубеш дастрас шудаанд. Дигар муассисаҳои таҳсилоти умумиро намедонам, вале дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ш.Ҳисор, деҳаи Кӯшкак агар гӯем, ки харитаи таърихӣ ва ҷуғрофӣ вуҷуд надорад, хато нест. Мо омӯзгорон 1 дона харитаи ҷаҳон дорему 1 дона харитаи ҷуғрофӣ. Аз ин харитаҳо ҳам муаллимони фанни таърих ва ҳам муаллимони фанни ҷуғрофия истифода мебаранд. Харитаҳо кӯҳна буда, хеле фарсуда шудаанд. 

Дар даврони шӯравӣ вобаста ба ҳар мавзӯ харитаҳои гуногун вуҷуд дошт, аммо чаро ҳоло не? Баъзе китобҳои дарсӣ ҳам кӯҳна шуда, бояд аз истифода берун карда шаванд, зеро аз соли нашрашон 15-20 сол гузаштааст. Ба назари ман дар оғози ҳар соли таҳсил ин камбудиҳо бояд ислоҳ шавад, то кори муаллим осон гардад.

Хайрулло Олимов, 

омӯзгори мактаби №58, ш.Ҳисор

 

Панҷшанбе, Июн 03 2021

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми  ҶТ рӯзи гузашта иттилоъ дод, хонандагони синфҳои 1 аз 3 июн, яъне имрӯз ва толибилмони  синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат аз 7 июни соли равон  ба таътили тобистона мебароянд. Дар ин бора 1.06.2021  бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021 фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.

    Тибқи банди 1-и  фармоиши мазкур машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

    Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн,   синфҳои 5-8 ва 10-11  аз 9 июн то 17 июн, синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн, синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.

 

 

саҳ 16 аз 44

Китобҳо

Flag Counter