ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 11 2020

Салом “СССР” Ман хеле хушхолу хушбахтам, ки чавони замони Истиқлолият мебошам. Истиқлолият барои мо ҷавонон яке аз неъматҳои бузургест, ки насибамон гаштааст. Аз файзи истиқлол меболему хушҳолем. Барои таҳкими истиқлолият бояд мо ҷавонон бештару бештар рӯй ба китобу китобхонӣ орем. 

Ҳамсолони азизи ман! Инак мову шумо дар таътили тирамоҳӣ қарор дорем. Аз шумо як хоҳиши бисёр самимӣ дорам, биёед дар ин таътил бештар китобҳои бадеиро мутолиа намуда, вақти қимати хешро ба омӯхтани илму ҳунар бубахшем. 

Шабнам Мирзоева,  хонандаи МТМУ 16 н.Восеъ 

тел: 985375478.

 

Чоршанбе, Нояб 04 2020

Бо сабабҳои ба ҳама маълум, яъне хуруҷи бемории COVID-19 дар радифи ҳамаи дигар қишрҳои ҷомеа маорифчиёни ноҳияи Қубодиён низ оҷилан қатъи фаъолият намуда, ба рухсатӣ баромаданд. Бо ин гуфтанием, ки ҳатто таъмири мактабҳоро ҳам ба фардо гузошта, аз хатари сироятёбӣ дар кунҷи хонаҳо панаҳ бурдем. Бо гузашти муддате соли нави хониш аз муҳлати муқаррар гардида барвақттар оғоз шуду корҳо боз ба маҷрои худ равон гашт. Яъне боз барои обуна, китобҳои фарсудаи муҳлати иҷораашон гузашта, журнали синфӣ, пардаи тиреза, матоъ барои рӯи мизҳо, дарси иловагӣ, таъмир ва боз саду як шикасту рехти дигар мавсими маблағғундорӣ оғоз ёфта, то ин зимн бо “ҷӯшу хурӯш” идома дорад.

Лек, аз ҳама масъалаи муҳим тӯли ин 3 моҳ бесоҳиб мондани шӯъбаи маорифи ноҳия аст. Аз чӣ бошад, ки дар пайдо намудани як кадри маҳаллӣ аз миёни коллективи 2100 нафараи омӯзгорони ноҳия масъулин душворӣ мекашанд?

Ба маврид аст таъкид намудан, ки аксарияти мутлақи сафи омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд ва дар миёни онҳо кадрҳои тавонову чашми кордон кам нестанд. Сабаби монеъагӣ ба ин вазифа аз ҳисоби занон дар чӣ бошад? Ё “муомила” кардан наметавонанд ва ё дар баробари кадрҳои “соҳибтаҷриба”-и бегона забон намеёбанд?!. Ё шояд кадомеро ба “вазнаш” нигоҳ карда, боз аз дигар ҷой талабиданиед? 

Дар Қубодиён 63 муассисаи таълимӣ то кай бе мудири маориф фаъолият мекарда бошаду, 39610 нафар шогирдон қисматашон ҳаволаи тақдир ва бе роҳбари соҳа? 

 

Ҳоҷӣ Акбар Насимӣ,

 омӯзгори собиқадор

 

Чоршанбе, Окт 28 2020

Нахуст мехоҳам тамоми омӯзгорони н.Тоҷикободро бо Рӯзи муаллим табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои навро орзу намоям. Дигар ин, ки беҳтар мебуд, агар онро Рӯзи Муаллим нею Иди Кормандони Соҳаи Маориф меномидему мисли давраи Шӯравӣ ботантана таҷлил менамудем. 

Дар давраи Шӯравӣ Рӯзи Муаллим бо як шукӯҳу  шаҳомати хоса  ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз дар Қасри Фарҳанги ноҳия ҷамъомади пуршукӯҳе доир гардида, дар он роҳбарони ноҳия, сардорони ташкилоту идораҳо, роҳбарони мактабҳо ва қисми зиёди омӯзгорон ширкат меварзиданд.

Пас аз ифтитоҳи ҷамъомад мудири шуъбаи маориф доир ба бурду бохтҳои соҳаи маориф гузориш медод.Сипас, хонандагон омӯзгоронро табрик намуда, дар васфи Ватан, Модар, Сулҳ, омӯзгор, китоб ва ғайра шеърҳо қироат менамуданд. Эҳёи чунин ҷамъомадҳо ва ҳавасманд намудани омӯзгорон ба пешравии кори соҳаи маориф такони ҷиддие хоҳад бахшид. 

Бегмат Маҳмудов, Аълочии маорифи ҶТ, н.Тоҷикобод   

 

Чоршанбе, Окт 07 2020

Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии калонтарин вилояти ҷумҳурӣ танҳо 1 литсей бунёд шудаасту халос ва он ҳам аз лиҳози имконият наметавонад теъдоди зиёди хонандагонро қабул намояд.

“Чунки литсей резинӣ аст...”

Тоҷиддин Мирзоев, 1 сокини ш.Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири “СССР” шиква аз он мекунад, ки наберааш дар синфи 1-и Литсейи давлатии №1-и шаҳр таълим мегираду ҳар моҳ 180 сомонӣ моҳона ва 60 сомонӣ барои хӯрока маблағ пардохт мекунад, вале аз таҳсили наберааш розӣ нест.  

- Баъзе толибилмони деҳот дар навиштану хондан аз хонандагони Литсейи №1 чаққонтаранд, аксарияти хонандагони ин муассиса аз дигар ноҳияҳои минтақаи Бохтар меоянд. Роҳбарияти литсей сараввал хонандагони ҳудуди шаҳрро қабул мекунанду пасон аз дигар ноҳияҳоро, эрод гирифт Тоҷиддин Мирзоев.

Дар ин маврид Мавлуда Мирзоева, муовини директори Литсейи давлатии №1 мегӯяд, ки дар муассиса 1380 толибилм ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо сабаби набудани ҷойи нишаст онҳо дар паси 1 миз то 4 нафарӣ менишинанд, ки ин нигароникунанда аст. 

Номбурда ба суоли мо «Ҳангоме ҷойи нишаст нест, чаро хонанда қабул мекунед?», нимшӯхию нимҷиддӣ ҷавоб дод, ки «Чунки литсейи №1 «резинӣ» аст ва касе омад, қабул мекунем! Ҳама мехоҳанд, ки фарзандонашон дар ин муассисаи бонуфуз таълим гиранд!»...

2 гимназия ва 1 синфхона дар 29 сол

Қурбонбӣ Забирзода, мудири шӯъбаи маорифи ш.Бохтар дар сӯҳбат ба хабарнигори “СССР” иттиллоъ дод, ки дар шаҳр 26 219 хонанда дар 21 муассиса таълим мегиранд ва дар бархе муассисаҳо дар ҳақиқат ҷойи нишаст намерасад. 

- Бо сабаби набудани ҷойи нишаст хонандагоне, ки ҷойи зисташон ба н.Кӯшониён наздик, ба муассисаҳои онҳо рафта, дарс мехонанд. Дар 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ш.Бохтар танҳо 2 гимназияи хусусии «Аминҷон» ва 1 синфхонаи иловагӣ барои 420 ҷойи нишаст сохта шудаасту халос, бо таассуф гуфт ӯ. 

Пул ҷамъ мекунему таъмир не!

Тибқи маълумоте, ки дастраси мо шуд, аз синфи 1 то 11 ҳама аз 33 то 41 нафарӣ дар 1 синф таълим мегиранд. Оё омӯзгор дар муддати аз 35-45 дақиқа имкон дорад, ки ба ин қадар хонанда дарси босифат диҳад? Мо фарзандонамонро дар литсейю гимназия ё дар мактабҳои президентӣ бо пардохти маблағҳои калон мехононем, аммо тавре пасон мебинем саводнокияшон дар сатҳи паст қарор дорад. 

Суоли мо ба роҳбарияти ин муассиса ва ҳукумати шаҳр: агар 180 сомонии моҳонаро ба 1380 хонанда зарб занем, дар 1 моҳ 248 400 сомониро ташкил медиҳад. Пас, чаро сифати бино ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест? Чаро бояд хонандагони синфи 1-ум дар биноҳои пасту бараксифат таълим гиранд? Дар 9 моҳ на кам аз 2 235 600 сомонӣ маблағ ҷамъ мешавад, ва ин танҳо маблағест, ки волидайн пардохт мекунанд, сарчашмаҳои дигари пулиро мо ҳанӯз ҳисоб накардаем. Хуб мешуд, агар бо ин маблағҳо 1 бинои иловагӣ сохта шуда, симою сифати биноҳои мавҷуда беҳтар мегардид. Номаш литсей аст ба ҳар ҳол... 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Сен 30 2020

 Ассалому алейкум ҳаводорони ҳафтаномаи мардумии “СССР”! Ростӣ, чанд вақт пештар яке аз муаллифҳои доимии “СССР” матлабе бо номи “Конспект чӣ лозим”? навишта буд. Дар ин масъала бо ҳамкасбон машварат намудам. Қариб ҳама ҳамфикр буданд, ба ҷуз ҷонишини директор оид ба таълим. Воқеан, ҳоло замони техникаю технологияи нав асту муаллимон дарсҳоро бо аёният ва таҷҳизоти техникӣ рангин месозанд. Зимнан китобҳои роҳнамо барои ҳар фан дар ҳар синф нашр гардидааст, ки ҳамаи мавзуҳои дарсӣ конспект шудаанд. Агар муаллимон чунин роҳнамо дошта бошанд, пас конспект чӣ лозим?

Фаррух Абдуллозода, омӯзгор, ш. Бохтар

 

Чоршанбе, Сен 23 2020

 Нуриддин Достиев аз номи як гурӯҳ падару модарон аз ш.Кулоб занг зада (тел: 985 02 80 38) гуфт, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ барои талабагон волидайнро нигарон кардааст.

   - Ростӣ, мо 1 гурӯҳ волидайн бо ҳам ҷамъ омада, хостем мушкиламонро ба  вазири маориф ва илми ҶТ, академик Маҳмадисуф Имомзода тариқи ҳафтаномаи дардошно “СССР” расонем. Чаро то ҳол дар мактабҳои миёнаи мо иҷораи китобҳои дарсӣ барои хонандагон пулакӣ аст? То ҷое, ки мо маълумот дорем истифодаи китобҳои дарсӣ бояд ройгон бошад. Бахусус дар саҳифаи аввали китобҳо омадааст, ки 1 китоб барои 4-5 сол мебошад, лекин дар аксарияти китобҳои таълимӣ номи 7-8 нафар навишта шуда, вале боз ҳам ройгон нест. Мо хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Зеро дар Кӯлобҷон, ки ҷои кор нест, пардохти иҷорапулии кутуб барои волидайн дарди сари навбатӣ шудааст.

 

саҳ 20 аз 44

Китобҳо

Flag Counter