Салом ССССР-чиёни гиромӣ! Соҳибкори созандаву ватандӯст Бегмурод Холов, муассисаи нави таълимии №8-ро дар деҳаи Ғалабаи ҷамоти деҳоти «Ҷиликул»-и н.Дӯстӣ сохта ба истифода дод. Боиси хушҳолист, ки мактаби хуштарҳу замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо ташаббуси бевоситаи роҳбари хоҷагии овозадори ба номи Эргаш Султонов ба маблағи 800.000 сомонӣ бунёд гардидааст. Хотиррас мешавам, ки аснои ифтитоҳи муассисаи мазкур раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода суханронии пурмӯҳтаво намуда, иқдоми мактабсозии тоҷири ба нангу номусу ватанпарварро шоистаи таҳсин хонда, ба у Сипосномаи МИҲД вилояти Хатлонро тақдим намуд.
Абдукарими Абдураҳим,
н.Ҷ.Балхӣ
- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман 11-сол ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг фаъолият доштам. Тамоми мардуми Балҷувон маро мешиносанду ба чорабиниҳояшон даъват мекунанд. Он деҳаҳоеро, ки ман дидааму медонам шояд ягон роҳбари ноҳия намедонаду нарафтааст. Қариб дар ҳамаи деҳаҳо бо мардум будему якҷоя шифохона, мактабҳои миёна ва мактабҳои 8-сола бунёд намудем. Дар деҳаи Қайрубак бо мардум 1 ҳафта истода бо роҳи ҳашар мактаби таҳсилоти 8-сола сохтем, ки то ҳол пойбарҷост. Дар деҳаи Оличадараву Боғи Зоғар мактаби ибтидоӣ буд, синфхонаҳои иловагӣ сохта онро 8-сола карда будем. Дар ноҳияҳои мазкур наздики 4 ҳазор хонанда аз мактаб берун буд. Бо ҳамин роҳ, яъне бунёди мактабҳо дар деҳаҳои дурдаст аз таҳсил дур мондани хонандагон барҳам дода шуд.
Имрӯз тавассути газетаи мардумии СССР ман ба унвони роҳбарияти ин ноҳия муроҷиат намуда гуфтаниам, ки 1 маротиба рафта аз мактабҳои деҳаҳои Оличадара, Боғи Зоғар ва Қайрубак дидан намуда, бо вазъи онҳо шинос шавед. Ин мактабҳо, ки будану фаъолият карданашон хеле зарур аст, бояд азнавсозӣ ва таҷдид гашта, бо асбобу аёнияти муосир таъмин шаванд. Агар имрӯз аз пайи ин мактабҳо нагардем, пагоҳ дер хоҳад шуд! Кор кардан лозим!
Аҳтам Одинаев, н.Ховалинг
Салом СССР-и азиз! Имрӯзҳо дар қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ барои таъмири синфхонаҳо маблағи махсус ҷамъ карда истодаанд. Инҷо суол бармеояд, ки магар ин ҳатмист?. Хоҳишмандам масъулини соҳа дар ин маврид посух гӯянд.
Сулҳия Ғоибова, ш. Душанбе
Тел: 987 84 29 44
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ният дорад дар шафати кинотеатри “Ситора”, ки зертобеи киностудияи “Тоҷикфилм” асту солҳои зиёд аз фаъолият мондааст, 1 мактаби мусиқии муосир бунёд намояд. Бинои кинотеатрро, ки аз оғози фаъолияташ таъмирро надида, ҳоло фарсудаву дар ҳолати табоҳ қарор дорад, сокинони ноҳия бо роҳбарии раиси ноҳия Абдуҳафиз Одиназода ба таври ҳашар таъмиру поккорӣ намуда, дар шафати он ба бунёди мактаби нави мусиқӣ оғоз кардаанд. Кинотеатри тобистонаи маркази ноҳия низ фарсуда гашта, ниёз ба таҷдид дорад. Кинотеатри тобистона низ дар тобеияти киностудияи “Тоҷикфилм” қарор дошта, ин ниҳод на худ таъмиру таҷдид мекунад ва на ба баланси МИҲД н.Ҷайҳун онро мегузаронад, ки дар ҷояш 1 амфитеатри муосир бунёд намоянд.
Дар умум, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳияи Ҷайҳун бунёди 294 иншооти наву ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз аз ин теъдод 262 (89,1%) иншоот сохта ба истифодаи мардум дода шудааст. Аз он ҷумла, 1 адад муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст,8 адад бунгоҳи тиббӣ, 8 майдончаи варзишӣ, 1 таваллудхона барои 9 кат, 1 муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой, 14 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷ, 26 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир, 16 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, 8 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Яккадин, 10 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки боғи фарҳангиву фароғатии маркази ноҳия низ пас аз таҷдиду азнавсозӣ пурра эҳё гашта, имрӯз ба 1 мавзеи зебо ва макони истироҳати сокинону меҳмонони ноҳия мубаддал гаштааст.
Ҷамилаи Мақсуд,
Душанбе-Хуросон-Ҷайҳун-Душанбе
Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён соҳиби мактаби наву замонавӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои А.Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии №9 ва №10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд. Дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид.
Мактаби нав аз 1 бино бо 2 қисми 4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар 2 баст, иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудааст.
Кишоварзӣ-маҳаки рушди ноҳия
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калони кишоварзии ҷумҳурӣ буда, дар ин самт пешқадам аст. Мо чанде пеш меҳмони деҳқонони хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» ва Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам» буда, худ шоҳиди заҳмати имсолаи деҳқонони ин ноҳия гардидем.
Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шуда, аз ин шумора 331 гектараш замини обӣ мебошад. Дар масоҳати 0,14 га барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар 1 га парваришгоҳи лиму, дар майдони 27,4 га ғалладонагӣ, 10,8 га картошка, 4 га полезӣ, 28 га сабзавот ва дар 13,8 га улуфаи хӯроки чорво кишт намуданд. Дар майдони 5,59 га боғ бунёд гардида, дар он парвариши ниҳоли зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.
Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” бошад дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил кардааст. Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда кишоварзон ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфури тез ва қаламфури булғорӣ машғуланд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар н.Кӯшониён дар семоҳаи аввали соли 2021, 49 млн 287 ҳаз. 200 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 4 млн. 328 ҳаз. 100 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 109,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2021 дар майдони 1198,5 га ғалладонагӣ, 453 га картошка, 1183,6 га сабзавот, аз он ҷумла 231,5 гектар пиёз, 106 гектар полезӣ ва 483,4 га зироатҳои хуроки чорво кишт намуданд. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз майдони 30 гектар 525 тонна сабзавот ва аз майдони 4,77 га гармхонаҳои доимо амалкунанда 60 тонна сабзавот истеҳсол шуда, ҳосилнокии зироатҳо аз гармхонаҳо ба 125,8 сент/га ва аз заминҳо ба 175 сент/га расонида шудааст.
Дар охир 1 хушхабар, ки бо чашми сар дидам.:Ҳудудан 10 рӯз пас ҳосили нав пурра пухта мерасад ва бозорҳои кишварро деҳқонони вилояти Хатлон бо картошкаву пиёзи нав, қулфинайу бодирингу қаламфури “свежи” таъмин мекунанд. Зимнан, хонандаи гиромӣ, саросема шуда, картошкаву пиёзи бисёр нахаред. Бовар кунед, ки арзонӣ дар пеш аст. Мо метавонем!
Ҷамилаи Мақсуд, СССР
Душанбе-Ҷ.Балхӣ-Кӯшониён-Душанбе
Тоҷикистон 20 соли ахирро даҳсолаҳои илми дақиқ хонда бошад ҳам, ягона кишварест, ки ягон маҷалла ё газетаи техникӣ барои наврасону ҷавонон, мактаббачаҳо ва донишҷӯён надорад. Ин камбуди усулии Вазорати маориф ва илм аст, ки бояд вазири нав рафъ созад. Зеро маҷаллаҳои кӯдаконаи мо танҳо шеъру панду ҳикмат доранду бас. Гӯиё кӯдаки Тоҷик физику химику биологу атомшик шуда наметавонад.
Ҳанӯз соли 1956 журнали "Техники ҷавон"(Юний техник), ки маҷаллаи илмӣ- техникии Кумитаи марказии комсомол ва ташкилоти умумииттифоқии пионерии ба номи В.И.Ленин буд, барои мактаббачагон фаъолияти худро оғоз карда, ба аудиторияи худ, хонандагони мактаб, аз дастовардҳои илмӣ, техникаву технология ва истеҳсолоти ватаниву хориҷӣ иттилоъ медод. Дар маҷаллаи "Юний техник" мунтазам асарҳои нависандагони маъруф Кир Буличев, Роберт Силверберг, Иля Варшавский, Артур Кларк, Филипп Дик, Леонид Кудрявтсев ва дигарон нашр мешуд. Маҷаллаи мазкур, баъди пошхӯрди СССР низ то ҳол дар Россия бо ҳамин ном нашр мешавад.
«Техники Ҷавон»-Украина
Маҷаллаи "Техники Ҷавон "-и Украина нашрияи ҳар моҳаи илмӣ-оммавие мебошад, ки бо забони украинӣ барои кӯдакон ба табъ мерасад. Он иборат аз 32 саҳифа буда, бо коғази ранга рӯйи чоп меояд. Вазорати маориф ва илми Украина ин маҷалларо барои дар корҳои таълимӣ ва тарбиявии муассисаҳои таълимӣ истифода намудан, тавсия додааст. Дар навбати аввал ингуна маҷалла ба назар чизи оддӣ намояд ҳам, вале он метавонад дар васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакон ва бедор намудани завқу шавқ ба илму техника мусоидат намояд. Дар ҳар шумораи он маълумот дар бораи ихтирооти ҷолиб дар таърихи инсоният, навовариҳои илмӣ-техникӣ, аксҳо ва диаграммаҳо ҷиҳати сохтани ҳавопаймоҳо ва моделҳои киштӣ, муаммоҳо, озмунҳо ва ғайра дида мешавад.
«Технологияҳои асри 21» - Ӯзбекистон
Дар Ӯзбекистон бо қарори ҳукумат маҷаллаи нави "21 аср технолари" ("Технологияҳои асри 21") таъсис дода шуд, ки мавзӯъ ва мундариҷаи он пурра барои хонандагони мактабҳо, литсейҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Сабаби зарурати эҷоди ин маҷалла ба андешаи коршиносони ӯзбек пеш аз ҳама "Бо мақсади баланд бардоштани нерӯи эҷодӣ ва зеҳнии ҷавонон тавассути шиносоӣ бо дастовардҳои навтарини илм ва техника" будааст. "21 аср технолари" аз буҷаи давлат ба тамоми мактабу китобхонаҳо ройгон дастрас мегардад. Миқдори миёнаи тиражи он 10 ҳазор нусхаро дарбар мегирад.
"OYLA" - Қазоқистон
Маҷаллаи "OYLA"- маҷаллаи илмӣ-оммавӣ барои мактаббачагон бо забони қазоқӣ нашр мешавад. Дар мавриди таъсиси ин маҷалла мудири таҳририяи "OYLA" Асем Жапишева чунин гуфтааст: " Ҳар рӯз дар ҷаҳон кашфиётҳои аҷибе ба амал меоянд. Вақте ки мо истеъдодеро мебинем, дар борааш мешунавем ё мехонем, мехоҳем дар ин бора ба ҳама нақл кунем, то атфоли мо низ онҳоро донанд. Ин маҷалла ҳамин тавр пайдо шуд." Ҳадафи асосии маҷаллаи "OYLA" -ҳам аз ҳамин иборат аст. "OYLA"- калимаи қазоқии "фикр кунед" аст, ки аллакай мазмуну мӯҳтавои маҷалла аз номаш маншаъ мегирад. Он бо 2 забон-қазоқӣ ва русӣ чоп мешавад ва бо матбуоти бадномкунандаи тоҷикии ҳамномаш ягон бастагӣ надорад!
"Илм ва технологияҳои ҷавонон" - Туркманистон
Туркманистон низ аз ин гуна таҳаввулот дар канор нест. Маҷаллаи электронии илмӣ-оммавӣ "Илм ва технологияҳои ҷавонон" дар вебсайти Академияи илмҳои Туркманистон нашр мешавад. Дар саҳифаҳои он мақолаҳо ва дастовардҳои олимони ҷавон нашр мегарданд. Ин маҷалла бо мақсади рушд додани қобилиятҳои эҷодӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва мусоидат ба такмили ихтисос фаъолият мебарад. Маҷаллаи интернетии мазкур лоиҳаҳои илмӣ, пажуҳиш, дастовардҳои инноватсиониро чоп мекунад.
Тоҷикистон «Техники ҷавон» надорад!!!
Суоле ба миён меояд, ки чаро Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият чунин маҷалла надорад? Модоме, ки ғояи асосии ин гуна нашрияҳо рушди зеҳнии кудак, ташаккули ӯ барои эҷодиёти техникӣ бошад, будани ин навъи маҷалла ҳатмиву саривақтист. Хусусан, дар арафаи эълон гаштани "20 солаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ" дар ҷумҳурии мо бояд таъсиси ин гуна маҷалла аз аҳамият дур намонад. Зеро ин маҷаллаҳо имкон медиҳанд, кӯдакону наврасон моделсозии ибтидоии техникиро аз худ намоянд, бо асосҳои моделсозӣ шинос шаванд, дар бораи илм, инноватсия, нанотехнология, ҷуғрофияи минтақа маълумоти ҷолиб гиранд. Хуллас ин навъ маҷалла дар рушд ва густариши зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ агар чунин маҷалла дар Тоҷикистон таъсис ёбад, яке аз ормонҳои миллии мо дар амал татбиқ мешавад. Мо Метавонем!
Муҳаммадҷон Обидов,
донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар