ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Июл 12 2016

Айни замон дар донишгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср ва ҶИЭ 228 донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки онҳо бо хоҳиши худ рафта таҳсилро аз ҳисоби хеш идома дода истодаанд ва коршиносони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ тамоми саъю талоши хешро барои ба Ватан баргардонида овардани ин донишҷӯён сарф мекунанд.

Душанбе, Июл 11 2016

Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид таъкид медорад, ки аз ҷониби роҳбарияти вазорати номбурда ва бевосита худи вазир дар бораи ҷамъоварии пули ба ном «фонди» мактаб ягон дастур ё супорише дода нашудааст ва ҳар мактабе, ки бо ин ному баҳона аз падару модарон ҳар моҳ маблағ ҷамъ мекунад, ин корро ғайриқонунӣ ба амал меорад. 

Душанбе, Июл 11 2016

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ таъкид менамояд, ки ҷониби Эрон дар иҷрои ваъдаҳояш дар бобати ҷудо намудани бурсҳои таҳсилӣ ба толибилмони тоҷик ва бо таҳсили минбаъда  фаро гирифтани онҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии исломии Эрон ноустувор аст ва ваъдахилофӣ менамояд. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 11.07.2016 зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи 1-уми соҳаи маориф ва илми кишвар баён намуд. 

Панҷшанбе, Июн 30 2016

1 моҳ зиёд мешавад, ки ба вазифаи мудирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, касе роҳбар таъин  нагардидааст. 

Сешанбе, Июн 21 2016

Ташкилоти «Истиқбол» ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 20- солагии ташкилоти " Истиқбол" ва Иди Рамазон тасмим гирифтааст 100 номгуй китоби зебо ва хонданиро бо теъдоди 50, 000 нусха ба хонандагони маҳбуби худ пешниҳод намояд.

Сешанбе, Июн 14 2016

Барои дастгири кардани корҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони раванди рушд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии  «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар чор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои «Найдара» ва «Зардолу» - и шаҳри Ваҳдат ва деҳаҳои «Тошбек» ва «Вогати» шаҳри Истаравшан ҳолати маҷмӯи обтаъминкунӣ ва шароити нигоҳдории оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуда, иншоотҳои санитарӣ (экосан-ҳоҷатхонаҳо) ва гармхонаҳои офтобӣ сохтаву ба истифода дода шуданд.

саҳ 42 аз 44

Китобҳо

Flag Counter