ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 18 2019

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёмаш ба мардум гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ бояд барои эътирозҳои осоишта иҷозат диҳанд ва макони баргузории онҳоро набояд дар канори шаҳр интихоб кунанд. "Агар ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ поймолшавии қонун ва ба ҳам задани оромии сокинонро дар пай надошта бошанд, бояд онҳоро дар доираи қонун иҷозат дод ва барои баргузорияшон макони махсусро ҳам интихоб кард. Вале аз ҳама гуна амалҳои зиддиконститутсионӣ ва иқдомҳои авбошона дар доираи қонун пешгирӣ мешавад», гуфт Тоқаев. Паёми ӯ дар ҳолест, ки Дариға Назарбоева-духти калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дубора раиси сенат-палатаи болоии порлумони ин кишвар интихоб шуд. Дариғаи 56-сола сентябри с.2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон-сенати Қазоқистон таъйин шуда буд.

 

Чоршанбе, Сен 11 2019

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлолияти кишвараш фармон "Дар бораи авфи гуруҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро имзо кард. Дар асоси фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд. Аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар ва 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд. Миёни авфшудагон 4 зан, 1 шаҳрванди аз 60-сола боло, 1 шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.

 

Чоршанбе, Сен 04 2019

Собиқ президенти Украина Петро Порошенко ҳамроҳи хонаводааш бо самолети "Bombardier Learjet 60“ барои истироҳат ба Олесунни Норвегия парид. Пеш аз парвози ӯ Бюрои зиддифасоди миллии Украина алайҳи Петро ва вазири корҳои хориҷии Украина-Павел Климкин делои ҷиноӣ кушод. Ҳоло дар маҷмуъ муқобили Порошенко ва командаи собиқи ӯ 14 делои ҷиноӣ боз шудааст...

 

Чоршанбе, Авг 28 2019

Вакилони Думаи давлатии Русия Антон Романов ва Евгений Федоров аз Додситонии кулли ФР бо 1 нома дархост карданд, ки нахустин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев хоини ватан эълом карда шавад. Онҳо аз фраксияи "Русияи воҳид" пешниҳод доранд, ки қонунӣ будани таъсиси Шӯрои давлатии СССРро баррасӣ кунанд, зеро ин ниҳод ғайриқонунӣ буда, тасмимҳо гирифтааш ба истиқлол, амният ва мудофиаи кишвар зиёни бузург ворид кардааст.

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

Баъди 9 моҳи барканории Илҳом Сатториён, муовини раиси ш.Панҷакент, ба ин вазифа Бобозода Шавкат таъин шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати ш.Панҷакент ба “СССР” иттилоъ доданд. Бобозода акнун муовини раиси ш.Панҷакент дар бахши кишоварзӣ ва заминро сарпарастӣ хоҳад кард. Қаблан барканории муовини пешинаи раиси шаҳрро ба он рабт медоданд, ки ӯ аз ӯҳдаи иҷрои кишти картошка набаромадааст. Аммо худи Сатториён гуфт, ӯ бо хоҳиши худаш аз вазифа рафтааст. Бобозода хатмкардаи Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар ш.Панҷакент бо ихтисоси менеҷмент-иқтисодчӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ихтисоси агроном-олим будааст. Ӯ то ин вақт дар вазифаи сардори стансияи давлатии навъсанҷӣ фаъолият дошт. Муовини раиси ш.Панҷакент дар соҳаи кишоварзӣ, яке аз вазифаҳои мушкил, мегӯянд соҳибназарон. Зеро дар майдони зиёд кишти картошка ва мушкилоти рӯзмарраи мардум вобаста ба замин яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар Панҷакент дониста мешавад.

Хуршед Фозил,

СССР

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои 1 фармон гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русияро барои сокинони вилоятҳои ҷудоихоҳи Донетск ва Лугански Украина осонтар кард. Аз ин пеш Путин қарореро содир карда буд, ки ба сокинони баъзе аз минтақаҳои 2 вилоят имкон медод, ба осонӣ шаҳрвандии Русияро бигиранд. Бояд гуфт, ин минтақаҳо дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳастанд. Ҷониби Украина гуфтааст, шиносномаҳои русиро, ки бар асоси ин қарорҳо додаанд, ғайриқонунӣ медонад.

 

саҳ 35 аз 104

Китобҳо

Flag Counter