Ҳамин ҳоло дар Кохи Наврӯз ҷаласаи 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ шуруъ намуд. Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти ҶИЭ Ҳасан Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сенро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт…
Чамила Хусейнзода, Душанбе, аз Маркази матбуотии CICA
Субҳи имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон парвоз намуд.
Тавре сомонаи www.prezident.tj хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Сарвазири ҶТ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
15.06.2019 дар ш.Душанбе 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик-Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш-Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.
Гуфта мешавад, ки ҷараёни кори Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.
Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.
Кохи Наврӯз макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Мэриллин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ сафари ахирини Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 29-30 майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, муваффақ арзёбӣ намуд.
Сафир Мэриллин Йосефсон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма афзуд, ки новобаста аз фурсати кӯтоҳ-ҳамагӣ 24 соат Доналд Туск имкон дошт 1 қатор мулоқоту сӯҳбат ва вохӯриҳои хосса бо раҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ баргузор карда, ҳам ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, аз кӯли Сарез дар Бартанги Рӯшон низ боздид ба амал биёрад.
- Сафари ҷаноби Доналд Туск ба Ҷумҳурии Тоҷикистон характери сиёсӣ дошта, он ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба тозагӣ роҳандозӣ карда мешавад, бахшида шуда аст. Масъалаҳои амният дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, масоили энергетикӣ, кишоварзӣ, гендерӣ ва рушди инсонӣ меҳвари асосии сӯҳбати алоҳидаи ҷаноби Доналд Туск бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ буд, ки бо натиҷаи хеле ҳам хуб ба итмом расид. Доналд Туск аз сафараш бо Тоҷикистон ва таассуроташ аз табиати нотакрори ин кишвар шод гашта, натиҷаи онро муваффақ арзёбӣ намуд, - таъкид дошт хонум Мериллин Йосефсон дар идомаи сӯҳбати хеш бо хабарнигорон.
СССР
«Мо аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонидем. Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд»-қайд намуд зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташшакил», ки рӯзи 17.05.2019 дар Душанбе баргузор гашт.
Дар идомаи суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи мо гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мекунанд. Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст. Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
- Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ.
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Юсуфӣ Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳаким-муовинони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳарду муовинони Нусратулло Давлатзода-раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо сабабаи ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардидаанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар