(Микс-афсона барои калонсолон)
Буд-набуд, будгор буд, кулӯх набуд шудгор буд. Хулласи калом, 1 Бузаки Ҷингилапо буду 7 бузғола дошт. Рӯзе Бузаки Ҷингилапо болои боми Гург баромада, бо ҳар 2 по ва 2 даст, ки онҳо низ пое беш наянд, шиферҳоро кӯфтан гирифт. Гург садое намебаровард. Буз гизала шуда, сахттар задан гирифт, боми Гургро. Гург бо овози хаставу шикаста, ларз-ларзон садо баровард:
-Буз-апа, о, меҳмонҳоямро «подставить» карда, бо Саг-акотон бурда суд кардед. Чанд бор аз ман пул кандед. Дигар чизе дар бисотам надорам. Боз чӣ мехоҳед???
Бузаки Ҷингилапо ба ғазаб омада бонг зад:
-Ту хӯрдаӣ Алӯли ман, ту хӯрдаӣ Булули ман…Хиштаки сари танӯри маро ту хӯр…
-Исто, буз-холаҷон, - сухани Бузакро буррид Гург - о, мана, ман дида истодаам, ки Алӯлакат бо телефон моҷароро аз паси буттаҳо сабт дорад, Булулакат диктофон дар даст садову Хиштакат видео гирифта истодаанд. Ин корро, ки буд карданд, мебаранду Мехчапараку Тоқчапарак онро монтаж мекунанд, Болошинак овервойс месозад, яъне садои сунъӣ медарорад ба ин навору Поёншинакат, ки хаккер асту ҳатто дар интихоботи президенти Америка ба тарафдории Доналд Трамп овозҳои Ҳилларӣ Клинтонро дуздида буд, ин ҳамаро дар Фейсбуку Инстаграм, Ютюбу Имо мепартояд ва ана баъд Саг дело кушода, боз маро кашокаш мекунад.
-Баро ба ҷанги ман, козёл!-аз ғазаб ларзида бонг дардод Бузаки Ҷингилапо.
-Хобатро ба об гӯй, апаҷон!-Гург занҷираи дарро кушода гап мезад, то ҳадаҳа боз онро пӯшад, - Шерро фиреб дода, ба хонаат бурдӣ, бечораро лучи модарзод навор гирифта, суд карданд. Паланг гӯиё барои таҷовуз бар номуси Хиштаки Сари Танураки ноболиғат 15 сол гирифт, Шағоли бечора баъди тӯҳмати бузғолаҳоят ба Русия фирор кардаву «дворник» шудааст. Дар ҷангал 1 дарранда намонд! Ҳамаро бо макру фиреб «козлит» ва несту нобуд кардед. Навбати ман расид? Намебароям!
-Хайр чӣ?-Бузаки Ҷингилапо бо фахр сари синаашро кӯфт, - даври шумо гузашт. Фикр кардӣ, дарранда, ки шудӣ, 1 умр буз хӯрда мегардӣ? Ҳоло давр даври бузҳо! Осиёб ба навбат!!!
-Маро ба ҳолам гузор, Буз-апаҷонакам, - Гург ба зорӣ даромад, - О, ман ба шумо чӣ бадӣ кардаам? Мо-гургон санитар, яъне поккорони ҷангалем. Бузу бузғола, оҳуву сайдҳои касалро меқапему мехӯрем.
-Аз ёдат рафт, ки бобоят чӣ қадар момаву холаҳои маро азият медод?
-О, ун давраҳо гузаштанд, ба гузашта салавот, ҳоло давр-даври бузҳо, бузигарӣ карда, ҳамаро «иск» баста мегардӣ-ку?
-Салавот??? Аҳаааа… Ту экстремист будаӣ-ку?!
Бузаки Ҷингилапо телефони мобилашро бароварда ба Саг занг мезанаду мегӯяд, ки 1 экстремистро ошкор кардааст. Чанде баъд Саг бо чанд кучук пайдо шуда, дасту пои Гургро баста мебаранд. Буз нафаси осуда кашида, мегӯяд:
-Давр-даври мо-бузҳост! – Ва рафта бо Гурги асиру сархам селфӣ мекунад. Ҳамту, барои хотира. Шаб бошад, Мехчапараку Тоқчапарак ин аксро ба Фейсбук гузошта зераш менависанд:
-Гурге, ки кӯшиши таҷовуз бар номуси Модар-Бузро дошт, дастгир гардид. Ӯ ба замми он, ки ошиқи очаи мо буд, боз 3 зан доштааст…
Давом дорад
М. Мубориз
Махсус барои СССР
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифааш дар Facebook муроҷиатномае нашр кардааст, ки дар он аз муҳоҷирон даъват карда мешавад, дар шиносномаҳояшон муҳрҳои қалбакии "убури марз" нагузоранд. Бино ба гуфти Иброҳим Аҳмадов, мувофиқи қонунгузории федеролӣ муҳоҷире, ки ҳадафи сафараш шахсӣ аст, бояд дар давоми ҳар се моҳ сарҳадро убур карда, аз нав регистратсия ё ба қайд гирифта шавад. Баръакси ҳол тибқи қонун, нафаре, ки ин қавонинро вайрон кардааст ё ҷарима мешавад ё аз ҳудуди кишвар ихроҷ карда мешавад. "Агар миёнаравон бо қасами ду дунё шуморо бовар кунонанд, ки муҳри убури сарҳадро бидуни ширкати шумо бо корти муҳоҷиратии "тоза" дастрас карда метавонанд, бовар накунед ва шиносномааатонро надиҳед", - ҳушдор додааст Вазорат.
Рамазон Қодиров-раҳбари Чеченистон Муҳаммадомӣ Ғозиеви 6-соларо ба ҳайси «охранник» ба кор гирифт. Қодиров дар суҳбати тет-а-тет бо Ғозиев гуфт, ки «вазифаи ту назорати интернетии ҷумҳурии мост» ва ӯро ҳамон замон назди монитори бузурге гузошт, ки аз он метавон 4 гӯшаи Чечняро бароҳат дид! Ин хабар олами интернетиро тарконид, зеро ба қавли лидери чечен «Охранникро бояд аз гаҳвора тарбият намуд, то садоқаташро барои Ҳукумату Миллату Давлат нишон дода тавонад. Ҳамин ҳоло Муҳаммадомӣ барои ман қаҳрамон аст ва ӯро бояд зери тарбият бигирем. Зеро аз чеҳрааш маълум, ки хело сипоҳу зирак аст ва дар ин шабу рӯз чунин писарони нотарсу ҳушёр заруранд!»
«Мисли интихоботи парлумонӣ бояд интихоботи президентӣ ҳам шаффоф, бидуни тақаллубкорӣ ва дар доираи қонун баргузор гардад» гуфтааст Александр Лукашенко-президенти Белоруссия дар суҳбат бо Лидия Ермошин-раҳбари КМИР. Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Белоруссия соли 2020 барпо хоҳад шуд.
Отабек Умаров-шавҳари Шаҳноза, домоди хурдии президенти Ӯзбекистон дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки БДА Тошканд ӯро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ штраф кард. Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 млну 824 570 сум (бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Ӯро пас аз он ҷарима карданд, ки дар Инстаграм видеои ҳаракаташ дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошкандро гузошт. Дар видео дида мешавад, ки ӯ мошини «Тесла»-ро бо суръати тақрибан 200 км/соат меронад.
Тибқи нақша ва бо Амри Президенти мамлакат иштироки раисону роҳбарон зимни нишасти матбуотӣ ҳатмист. Ҳукумати вилоят ба ҳар 1 раису роҳбарон руйхати тасдиқшударо мефиристанд, ки ҳамон рӯз нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО аст. Инак, тӯли 10 рӯз мешавад, ки нишастҳои матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи 1-ум идома доранду дар ин муддат чанд раису роҳбар ин амри Президентро иҷро намекунанд.
Раиси «Тоҷикматлубот», сардори Раёсати гумруки вилоятӣ ва раиси КЖКП-и вилояти Хатлон бо ҳар баҳона дар нишаст иштирок накарданд. Чаро?
Абдусаломзода Баҳодур, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар