ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 25 2019

Тавре хабаргузориҳои қирғиз хабар медиҳанд, маъмурини милисаи ин кишвар, ки барои нигоҳ доштани амният дар минтақаҳои марзӣ вогузор карда шудаанд, ҳадафи ҳамла ва сангзании шаҳрвандони худашон қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки 4 нафар маъмурони милисаи ин кишвар дар пайи сангзании сокинони Оқсой ҷароҳат бардошта, пас аз ин бар зидди дастандаркорон силоҳу воситаҳои махсус ба кор бурда шуд.

ВКД ҶҚ мегӯяд, ки санаи 24.07.2019 соати 06:00 сокинони деҳаи Оқсой роҳи Исфара-Ворухро бо сангрезаҳо бастанд. Милисаҳо хостанд, ки сокинон ба ин амали ғайриқонунӣ хотима бахшанд, аммо сокинон дар посух сӯи милисаҳо санд андохтанд. Бино ба иттиллои Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара, соати 02:00 шаби 24 ба 25-уми июли соли ҷорӣ роҳи мазкур боз шуда, пеш аз ҳама маҷрӯҳон ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол дода шуданд. Ёдрас мешавем, ки сар аз 22 июли соли ҷорӣ дар деҳаи наздимарзии Ворух даргириҳо бо сокинони дигаре деҳаи наздимарзӣ-Оқсой давом дорад. Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

 

Душанбе, Июл 22 2019

Тибқи тағйироти кадрие, ки имрӯз сурат гирифт, Шарбатулло Азизулло, ки то ин дам вазифаи раиси н.Вахшро бар ӯҳда дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Восеъ таъин карда шуд. Ҷаббори Ғаффор, раиси н.Кушониён аз вазифа сабукдӯш шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Шаҳритус таъин шуд, Ҳурматзода Фатҳулло, раиси ш.Норак бошад минбаъд корашро дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон  идома хоҳад дод. Инчунин, аз рӯи иттилооти расида, Амирбеки Темур, ки то ба имрӯз раисии н.Ёвонро бар дӯш дошт, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон таъин гардид. Ин хабарро дар дафтари матбуоти раиси вил.Хатлон ба мухбири СССР тасдиқ карданд. Тафсилоти бештар нашр мегардад.

Баҳодур Уроқов, СССР

 

Ҷумъа, Июл 19 2019

   Мутобиқи Амри Президенти ҶТ аз 15.09. 2011 ташкил ва гузарондани нишасти матбуотӣ бояд бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор гардад. Имрӯз, 19.07.2019, соати 08:00 дар бинои муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» дар минтақаи ш.Бохтар, Раёсати муассисаи давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар сурат гирифт. 

   Тибқи регламент нишаст бояд соати муқарар шуда оғоз мегардид, мутаассуф 10 дақиқа дер оғоз шуд. Аз ин 3 муассиса ягон роҳбар иштирок надошт, ҳангоми пурсиш, ки чаро раисон иштирок намекунанд, муовинон бо ҳар баҳона гуфтанд, яке бемор аст дигаре ҳоло наомадасту сеюми дар ҳукумати вилоят аст. 

   Ин бори аввал нест, ки мансабдорони вилоятӣ нисбат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма нописандӣ мекунанд ва ё бо ин васила аз ҷавоб гуфтан роҳи гурез меҷӯянд.

 

Баҳодур Уроқов, СССР  

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба ВКД даъват шуд, вале гуфт, ки он ҷо рафтанӣ нест ва пешниҳод кард, суолҳо ба намояндаи ҳуқуқии ӯ-Сергей Слесарев дода шаванд: "Чаро ман бояд ба ВКД равам? Ман ин даъватномаро ҳатто ба даст нагирифтам ва хондан ҳам намехоҳам. Ҳукумат бояд ба фазои қонун баргардад. Мумкин нест, ки қонун ин гуна поймол шавад… Ман яроқи туҳфашуда дорам. Махсус аз он ёд мекунам. Аз ҷони бачаҳои ҷавоне метарсам, ки барои гирифтани ман меоянд, то фармони нодурусти раҳбарони худро иҷро кунанд!»

 

Чоршанбе, Июл 10 2019

Хоҳарону бародарон, дӯстони азизу арҷманд ва гиромиқадр!!!!!!!

Бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост. 

Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд.

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

(Гулрухсори Сафӣ)

Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист.

Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад. 

Аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам.

Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи ХУДОВАНДИ МУТАОЛ таманно менамоем.

 

Чоршанбе, Июл 10 2019

Қарор аст, Беларуссия ба Тоҷикистон 150 мусофирбари барқӣ ва 1000 трактор фиристад. Дар ин бора ТВи Минск-пойтахти ин кишвар бо такя ба мақомоти он кишвар хабар дод. Мақомоти Беларус гуфтаанд, ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони роҳҳову лӯлаи газ ҷараён дорад ва хоҷагии қишлоқ рушд мекунад ва талабот дар ин кишвар ба техникаи Беларус хеле зиёд аст. Қаблан Александр Лукашенко ҳамкории 2 кишварро хело бузург ва “шартномаи таърихие монанди парвоз ба кайҳон” номида буд.

 

саҳ 37 аз 104

Китобҳо

Flag Counter