Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон муҳлати санксия-таҳримҳоеро то охири с.2020 дароз кард, ки воридоти молро аз Иттиҳоди Аврупо манъ мекунанд. Ин таҳримҳоро дар Москва "чораҳои ҷавобӣ" ба ИА ва Амрико меноманд. Кишварҳои Аврупо бар тибқи иттилоъи Роскомнадзор аз ин таҳримҳо аллакай беш аз 144 млрд доллар зарар дидаанд.
Ҳасан Руҳонӣ, президенти ҶИЭ зимни суханронии хеш дар ҷаласаи МҲТБО таъкид намуд, ки Ховари Миёна имрӯз бо дахли баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ба 1 минтақаи буҳронзада ва мушкилзо табдил ёфтааст: «Дахолати хориҷии баъзе аз қудратҳо ба кори дохилии Ховари Миёна, сиёсатҳои якҷониба ва духӯра, терроризм ва экстремизм, аз даст додани эътимод дар мавзуҳое, ки ба амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла, МҲТБО дахолат доранд, минтақаи моро ба яке аз минтақаҳои буҳронӣ ва ноамн дар ҷаҳон табдил додааст».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ имрӯз зимни суханронии хеш дар ифтитоҳи ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар ш.Душанбе сурат гирифт, аз таҳдидҳои рӯ ба рӯ ба минтақа гуфт. Аз ҷумла ӯ таъкид намуд, ки айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд.
- Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд. Аз замони Саммити охир дар минтақаи МҲТБО таҳаввулоти назаррасе ба вуқӯъ пайвастаанд. Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистон, ки 93% қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, дар рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст.
Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ-гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд.
- Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории мо маҳсуб меёбад. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд. Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни ифтитоҳи ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки имрӯз дар ш.Душанбе баргузор гашт.
Владимир Путин, президенти Федератсияи Россия зимни суханронии хеш чанд лаҳза пеш дар Кохи Наврӯз аз сарони кишварҳои узви МҲТБО даъват ба амал овард, ки барои барқарор намудани адолат дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз «муҳорибаи бидуни қоида» бояд даст кашанд. Ӯ афзуд, ки мутаассифона, дар ҷаҳони имруз ҷангҳои ҳақиқии тиҷоратӣ аланга гирифта, рақибони бозор бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва ғайрибозорӣ аз байн бурда мешаванд. «Ин раванд ба «муҳорибаҳои бидуни қоида» шабоҳат дорад ва мо дар якҷоягӣ бояд роҳҳои баромад аз ин бунбастро пайдо намоем», гуфт В.Путин.
Беш аз 650 нафар хабарнигорони хориҷиву ватанӣ ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро инъикос менамоянд. Ҷараёни кори ҷаласаро рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА, Чин, Канада, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ, Иттиҳоди Аврупо… инъикос мекунанд. «Кохи Наврӯз» макони асосии баргузории Саммити МҲТБО буда, дар ошёнаҳои 1 ва дуюми он Маркази матбуот ташкил карда шудааст. Дар Маркази матбуот барои 450 нафар ҷои нишаст мавҷуд буда, он бо 350 компютер, ки бо интернети баландсуръати ноқилӣ ва беноқил-вайфай (WIFI) пайваст гардидаанд, муҷаҳҳаз аст.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар