ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 23 2016

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли ҷорӣ дар кишвар баргузор гашт, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз рӯи маълумоти  пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар  ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон ё худ 92% иштирок намуданд.

 Аз ин теъдод, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Мутобиқи қонунгузории кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида эълон гашт.

СССР

 

Чоршанбе, Май 18 2016

12.05.2016 Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, ки дар километри 295-уми мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванди н.Дарвоз, дар масофаи 110 метр роҳ комилан вайрон шудааст.

Панҷшанбе, Май 12 2016

Имрӯз, дар шаҳри Турсунзода маросими татбиқи бунёди хатти интиқоли барқии CASA -1000 ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо ширкати президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Ҷумҳурии исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва нахуствазири Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло сурат гирифт.

Ҷумъа, Май 06 2016

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷиҳати миқёсу фарогириаш набарди мудҳиштарин ва фоҷеабортарини таърихи аҳли башар дониста мешавад, зеро дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафар қурбон гардиданд.

Сешанбе, Май 03 2016

Ҳукумати Афғонистон ба мушкилоти безараргардонии минаҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва аз ин рӯ дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2023 тамоми қаламрави кишварро аз минаҳо пок созад.

Сешанбе, Май 03 2016

Овардани Умаров бурди миллат

Ман ҳар 1 мақолаҳои ҷолиби диққати публисисти шинохта Меҳрубон Салимшоев, ки дар матбуоти даврӣ ва махсусан ба таври мураттаб дар ҳафтаномаи «СССР» чоп мешавад, бо 1 муҳаббат ва интизорӣ мехонам. Салимшоев ҳанӯз аз 26.04.2012 дар мақолаи хеш «Сарварони РСС Тоҷикистон-3», ки дар бораи Б.Ғафуров ва Т.Ӯлҷабоев маълумоти ҷолиби диққат дода, хонандагонро ба паҳлӯҳои зиндагӣ ва фаъолияти онҳо шинос мекунад. Дар баробари он дар бораи Турсун Ӯлҷабоев барин сарвари ҷасуру доно ва ташкилотчии беҳамто як маълумоти беасосеро нисбати эшон раво дидааст. Вай менависад: «Ногуфта намонад, ки баъди мурдани Сталин роҳбарони навтаъсиси ҷумҳуриҳо худро хеле озод ҳис карданд ва даст ба айшу ишрати дунёӣ заданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно набуд. Барои мисол Ӯлҷабоев ба курсии Президенти АУ Тоҷикистон дӯсти худ Умаровро таъйин кард, Умаров фаъолияти худро дар идоракунии илми тоҷик аз он шурӯъ кард, ки Донишкадаи забон ва адабиётро аз бинои ишғолкардааш берун намуд ва ин биноро ба хонаи шахсиаш табдил дод ва барои таъмири ин хона аз буҷети давлатӣ 200000 рубл масраф намуд. Инчунин изофанависӣ дар ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн шуда буд ва маҳз барои ин корҳо моҳи июни (апрели.–У. Ғ.) соли 1961 дар Пленуми КМ ҲК Тоҷикистон котиби аввали ҲК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев ва раиси шӯрои Вазирон Назаршо Додхудоевро аз ҳамаи вазифаҳо сабукдӯш намуданд».

Ин ҷо месазад дар бораи он кӯшишҳое, ки Т. Ӯлҷабоев баҳри овардани олими барҷастаи шӯравӣ, физики соҳаи назариявӣ, собиқ ректори Университети давлатии Осиёимиёнагии дар Тошканд буда, академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, фарзанди миллати тоҷик, зодаи Хуҷанд Султон Умаров ба Тоҷикистон нақл кард. Баъди вафоти С. Айнӣ барои ҷумҳурӣ шахсияте лозим буд, ки дар мақомоти Президенти АИ РСС Тоҷикистон ҳамрадифи устод бошад. Дар Тоҷикистон чунин шахсро пайдо карда натавонистанд. Дар яке аз сафарҳояш ба Маскав Т. Ӯлҷабоев бо котиби КМ КПСС Н. А. Муҳиддинов ҳамсӯҳбат мешавад. Баъд аз фурсати мувофиқ истифода бурда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки аз байни тоҷикон–олимони номии Ӯзбекистон нафареро ба вазифаи Президенти АИ Тоҷикистон тавсия кунад. Аз мақсади Т. Ӯлҷабоев огоҳ гардида, котиби якуми КМ ҲК Ӯзбекистон ӯро ба Тошканд даъват мекунад.

Додхудоев ва Ӯлҷабоев

Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Н.Додхудоев, ки бо Т. Ӯлҷабоев якҷоя дар Маскав буд, оиди ин масъала чунин нақл кард: «Н.А.Муҳиддинов ману Т.Ӯлҷабоевро дар Тошканд хуб истиқбол кард. Баъд ба мо гуфт, ки дар Тошканд, дар АИ РСС Ӯзбекистон якчанд нафар олимони пурқуввати миллати тоҷик кор мекунанд, ки дар байни онҳо машҳуртаринашон Султон Умаров мебошад. Рӯзи дигар соати 9.00 Н.А.Муҳиддинов С.Умаровро ба бӯстонсарои ҳукуматӣ даъват намуд. С.Умаров хоҳиш кард, ки ба вай вақт диҳанд, то ки бо оилааш маслиҳат кунад. Баъди баргаштан ба Душанбе, мо ба Н.А.Муҳиддинов занг задем ва нисбати пазироии самимонааш дар Тошканд миннатдорӣ баён кардем. Дар ҳамин сӯҳбати телефонӣ фаҳмидем, ки С. Умаров ба таклифи мо розӣ шудааст. Дере нагузашта барои овардани президенти нави АИ Тоҷикистон ва оилаи ӯ ба Тошканд академикҳо И. Нарзиқулов ва А. Мирзоев фиристода шуданд. Моҳи марти соли 1957 С. Умаров ба Сталинобод омад. 

Дар рӯзи сеюми омадани С. Умаров маҷлиси умумии АИ РСС Тоҷикистон баргузор гардид ва ӯро якдилона президенти АИ ҷумҳурӣ интихоб намуданд. Ба вазифаи президенти АИ Тоҷикистон пешбарӣ кардани С.Умаров бозёфти Турсун Ӯлҷабоев буд». 

Дар масъалаи одамшиносӣ, одамони боистеъдодро қадр кардан Турсун Ӯлҷабоев беҳамто буд. Дар ҳақиқат С. Умаровро ба Тоҷикистон оварда, ӯро ба вазифаи ниҳоят боифтихору масъул мондан ин бурди Т. Ӯлҷабоев, бурди миллат ва асосаш бурди Султон Умаров ҳам буд, ки бо омадан ба Тоҷикистон вай минбаъд хизмати худро дар назди халқаш адо мекард.

Вақте ки Султон Умаров вазифаи президентиро ба зиммааш гирифт, академия хеле ҷавон, ҳамагӣ 6 сол дошт. Кадрҳои илмӣ, алалхусус, дар илмҳои дақиқ ангуштшумор буданд. Барои ба кор даровардани лабораторияҳо таҷҳизоти илмӣ намерасид, бинои мувофиқ набуд. Ҳамаи ин масъалаҳо, бешак, кӯшишу ғайрат, ҷасорат ва матонатро тақозо мекард. Ҳамаи инро Султон Умаров доро буд. Чанде баъд дар академия тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин ҷо хизмати устодро махсусан дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ёдовар шуданиам. Маҳз бо ташаббуси ӯ ба марказҳои калони мамлакат шумораи зиёди аспиранту коромӯзҳо фиристода шуданд.

Осимӣ ва Умаров

Дар бораи ин ташаббусҳои неку наҷиби С.Умаров шогирд ва давомдиҳандаи кори ӯ, олими барҷаста Муҳаммад Осимӣ чунин нақл карда буд: «Вақте ки соли 1957 С. Умаров президенти АИ Тоҷикистон интихоб гардид, ман он вақт дар институти политехникӣ ректор шуда кор мекардам. Охир, институти политехникӣ соли 1956 ташкил шуда буду дар ҷумҳурӣ ҳатто як нафар номзади илми техникӣ аз байни тоҷикон набуд. Ғами бо муаллим таъмин намудани институтро хӯрдан лозим буд. Ин масъаларо С. Умаров ҳал карданд. Бо маслиҳати он кас аз байни донишҷӯёни болаёқати институт чанд касро интихоб карда, ба омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Бауман фиристонидем. Вақте дар республика марказҳои аввалини ҳисоббарориро таъсис намудем, кадрҳои бо ин роҳ тайёркардаамон давом дарди дандон шуд. Бори дигар муаллим маро даъват карда гуфтанд, ки мо дар соҳаи химия бояд бештар мутахассис тайёр кунем. Ман бо ректори Университети Тошканд гуфтугӯ карда, розигӣ гирифтам, ки 25 касро аз Тоҷикистон ба факултаи химия қабул кунад. Ҳоло аз байни он фиристодагон олимони хубе ба камол расидаанд». 

Ё худ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон профессор С. Каримов чунин ёдоварӣ мекунад: «Дар давоми солҳои 1958-1963 зиёда аз 50 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик ба аспирантураҳои муассисаҳои Академияи улуми марказ дохил шуданд. Натиҷаи ин кӯшишу заҳматҳо буд, ки соли 1964 8 нафар докторони илм ва 110 нафар номзадҳои илм рисолаҳои худро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Дар айни замон танҳо дар соҳаҳои илмҳои риёзиёт ва физика миқдори калони докторони илм дар ҷумҳурии азизамон кор мекунанд, ки ин ҳама маҳсули хизматҳоиа неки дурандешона ва меваҳои ширини боғи устод С. Умаров мебошанд». 

Илм ва Умаров

Умуман, дар давраи президенти АИ Тоҷикистон будани С. Умаров илм бо маънои томаш инкишоф ёфт. Бо гуфти профессор Ҳ. Очилов «Султон Умаров дар хотироти мо чун шахси барҷастаи ташкилотчии илм боқӣ мондаанд. Дар таърих чунин шахсон, ки ҳам олими бузургу ҳам ташкилотчии беҳамто бошанд, каманд».

Ҳамон навъе, ки дар боло ишора кардем, омадани чунин олими пурзаковат, шахси бузургу беҳамто, ташкилотчии илм ба Тоҷикистон бозёфти нодири Т. Ӯлҷабоев буд. Вай ба қадри ин гуна шахсони табаррук мерасид. Ва аз ин ҷост, вақте ки С. Умаров ба Сталинобод омад, бо тавсияи Т. Ӯлҷабоев ба ӯ ҳавлӣ-котеҷро аз маркази шаҳр (бинои собиқ Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон) пешниҳод карданд. Дере нагузашта, дар рӯзномаи марказӣ масъалаи ба С. Умаров дода шудани ҳавлии «боҳашамат» аз тарафи мухбири махсуси он Н. Румянсев фелйетон карда мешавад. Ин хабари бемулоҳизакорона, беандешона ва бахилонаи мухбир, ки ӯро ду-се нафар бадхоҳону нотавонбинони С. Умаров ташкил карда буданд, аввалан хашму ғазаби роҳбари аввали ҷумҳурӣ Т. Ӯлҷабоевро овард. Баъди чопи мақола ҳамоно маҷлиси Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон даъват карда шуд, ин кори ношоями мухбир сахт муҳокима карда мешавад. Дар ин хусус иштирокчии он маҷлис, собиқадори матбуоти тоҷик Абдуфаттоҳ Қаҳҳоров дар сӯҳбате 30.10.1998 дар шаҳри Хуҷанд чунин нақл карда буд:

–Ман он вақт дар маҷаллаи КМ ҲК Тоҷикистон «Коммунисти Тоҷикистон» ҳамчун котиби масъул ва ҳам мудири шӯъбаи ҳаёти ҳизбӣ шуда кор мекардам. Аз КМ хабар омад, ки дар маҷлиси навбатии Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон масъалаи матбуоту мухбирон муҳокима мешавад ва нафаре аз маҷаллаи мо дар он иштирок кунад. Муҳаррири мо Ҳ.Шарифов дар рухсатӣ буданд ва ҳайати таҳририя маро лозим донистанд дар он маҷлис иштирок намоям. Маҷлисро аз аввал худи Т. Ӯлҷабоев бурданд ва он ниҳоят тезутунд гузашт. Суханони пуртаъсири дар ҳаққи С.Умаров гуфтаи Т.Ӯлҷабоев ҳоло ҳам аз гӯшам нарафтааст. Мухбир Н.Румянсевро бемуҳобот, як соат хезонда монда, аввалин саволашон ин буд, ки «Оё ту ҳақ дорӣ, ки бе маслиҳати КМ ҲК Тоҷикистон чунин олими забардаст, академики Академияи илмҳои 2 ҷумҳурӣ, физики номӣ, Президенти АИ Тоҷикистонро фелйетон кунӣ? Сониян, чунин олими шинохта, бо тавсияи аъзои Бюрои КМ КПСС, котиби КМ КПСС Н.А.Муҳиддинов ба Тоҷикистон фиристода шуда буд. Ва набояд фаромӯш кард, ки ҳавлие, ки барои С.Умаров пешниҳод карда шудааст, инро Ҳукумати Тоҷикистон барои устод С.Айнӣ сохта буд. Аз ин ҷост С.Умаров пурра ҳақ дорад, ки дар чунин манзил зиндагӣ кунад. Ба чунин олимон ин ҳам кам аст.

Таклифи Ӯлҷабоев

Баъди суханрониаш Т. Ӯлҷабоев таклиф кард, ки мақолаи Н. Румянсев аз сабаби беасос ва бедалел навишта шуданаш беэътибор эълон карда шуда, ба идораи рӯзнома раддия навишта шавад. Ҳамин хел ҳам шуд, аммо барои чунин марди фозил, марди фидоии илм мисли С. Умаров каме ғашёни дилро ба вуҷуд овард».

Ман ин гуфтаҳои рӯзноманигор А.Қаҳҳоровро бо суханони олими ӯзбек Ҳамидулло Ҳасанов тақвият доданӣ ҳастам. Моҳи июли соли 1964 мо дар ҳайати 7 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо сардории бостоншиноси маъруф, академик Нӯъмон Неъматов ва шогирди он кас Саид Марофиев ба шаҳри Тошканд рафтем. Мо бояд дар шӯъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири китобхонаи давлатии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ бо асарҳои қабл аз инқилобии оиди тоҷикон навиштаи олимони рус шинос мешудем. Рӯзе ба назди мо профессор Ҳамидулло Ҳасанов, ки зодаи Тоҷикистон асту дар соҳаи илми ҷуғрофияи Осиёи Миёна маълум аст, омада, сӯҳбате орост. Ҳини сӯҳбат дар хусуси даргузашти С.Умаров, ки ду моҳ пеш бандагӣ карда буданд, ҳарф зад. Хотиррасон кард, ки чунин олими ҳамадон, қомуснигори замон, физик, шоир, драматург дар як аср ду-се нафаро баромаданаш мумкин, барвақт аз дунё рафт. Вай фахри Ӯзбекистону Тоҷикистон буд. Аммо мо, олимони ӯзбек ва инчунин даҳҳо нафар олимони тоҷики дар Ӯзбекистон буда мисли профессорон Акрам Дадобоев, Мавлон Ваҳҳобов, Маҳмудхон Мӯсоев, Сироҷиддинов, Додо Раҷабов ва махсусан кинорежиссри машҳури мо Комил Ёрматов аз фелйетони дар «Правда» чопшуда ба хашм омадем. Чӣ тур шуд, ки дар ҳаққи чунин шахс, чунин мақоларо раво бинанд? Мо дар ҳайрат мондем. Дере нагузашта дар рӯзнома раддия баромад, аммо он ҷояшро гирифта метавонад? Раҳмат ба котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев, ки ба қадри С. Умаров расида, ҳавлӣ додааст. Ва боз ҳамон шахс бо имзои худ ба он мақолаи ғаразонаи мухбир раддия додааст?!

Танбеҳи Ӯлҷабоев

Ана ҳамин фелйетони ноҳаққе, ки нисбати С. Умаров навишта шуда буд, дили бисёр олимон, тоҷикони дар Ӯзбекистон бударо хеле ранҷонид. Вагарна, бисёриҳо бо даъвати устод ба Тоҷикистон рафтанӣ буданд. Акрам Дадобоев, ки алҳол ноиб-президенти Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқи РСС Ӯзбекистон мебошанд, ниҳоят хафа шуданд. Он кас бо С. Умаров дар як маҳалла, дар як сол таваллуд ёфтаанд. Дар як мактаб таҳсил кардаанд. Ҳозир дар Тошканд миш-миш рафта истодааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон баъди вафоти С. Умаров он касро ба вазифаи президенти АИ таклиф кардааст. Акрам Дадобоев розӣ нашуданд, аз хавфи он, ки баъди рафтан ба Тоҷикистон сарнавишти С. Умаров ба сари ӯ низ хоҳад омад.

Мо дар масъалаи олимону адибони номӣ, зиндагии онон баъзан ана ҳамин хел беэътиноӣ мекунем. Муносибати хунукназаронаи мухбир Н. Румянсев баъдтар маълум шуд, ки он дасисаи баъзе ҳасудон, нотавонбинон ва бахилон будааст. Ҳамаи онҳо аз тарафи Т. Ӯлҷабоев сахт танбеҳ дода шуданд. Ӯ хуб медонист, ки С.Умаров ситораи тобони илми тоҷик, машъалбардору ифтихори он буд!

Худшиносиву ватанпарварӣ аз диди Т. Ӯлҷабоев ин парваридану муҳаббат доштан ба таъриху фарҳанги халқу миллат, урфу одат ва расму оини аҷдодӣ, арҷ гузоштан дар ҳаёти худ истифода бурдани онҳо мебошад. Т. Ӯлҷабоев бо тамоми дастоварду муваффақияташ, тамоми вуҷудаш худшинос, худогоҳу ватандӯст аст. Аз диди шоир чунин сарвари хоксору заминӣ буд:

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.  

Ғафуров У

Таърихнигор, Хуҷанд

саҳ 99 аз 104

Китобҳо

Flag Counter