ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Июл 12 2016

Дар нишасти матбуотии прокуратураи вил.Хатлон ба хабарнигорон иттилоот доданд, ки муфаттишони прокуратураҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра «475 парвандаи ҷиноятҳои куштор ва суиқасд, 11 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати 7 нафар оғоз шудааст. Ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар соли равон 9 адад ва дар ҷамъ 90 ҳодисаҳои худкушӣ, суиқасд ба худкӯшӣ 122 адад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад чунини ҳодисаҳо камтар ба вуқӯъ пайвастааст».

Душанбе, Июл 11 2016

Рӯзи шанбеи 9 июл, соати 16:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, воқеъ дар наздикии бозори маъруфи "Ҳоҷӣ Шариф", дар ҷамоати Бустон-қалъаи н.Бохтар, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркид.

Ҷумъа, Июл 08 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмун эълон намудааст.

Панҷшанбе, Июл 07 2016

Суди н.Файзобод ба муҳокимаи Парвиз Салимзодаи 25-сола оғоз кард, ки худро мушовири президент Э.Раҳмон муаррифӣ намуда, дар чанд тағйироти кадрӣ дар ин ноҳия "нақш" доштааст.

Панҷшанбе, Июл 07 2016

Салим Назаров-бародари ба Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ пас аз якуним соли ҳабс ба озодӣ баромадааст. Хотиррасон мекунем, ки ӯ пас аз 3 моҳи исёни генерал Назарзода боздошт шуда буд.

 

Панҷшанбе, Июн 30 2016

Вакилони Маҷлиси Намояндагон-палатаи поёнии парламенти ҶТ баъди ҷаласаи охирин (30.06.2016) ба «отпуск» рафтанд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси ин ниҳод гуфтааст, ки тайи 1 соли охир вакилон 221 санад, аз ҷумла, 10 қонуни мукаммал ва 1 Кодексро қабул кардаанд.

 

саҳ 96 аз 104

Китобҳо

Flag Counter