ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 21 Феврал 2017 16:25

Ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» бо ирсоли 1 нома ба унвони роҳбарияти дипломатии ҶТ таъкид намудааст, ки парвозҳоро аз рӯи масири Душанбе-Тошканд-Душанбе манъ накардааст ва хоҳони идомаи ин парвозҳост. Аммо, ба гуфтаи масъулини «Ӯзбекистон ҳаво йуллари», пеш аз оғози парвоз ширкатҳои интиқолдиҳанда бояд 1 зумра ҳуҷҷатҳо омода карда ба қайд бигиранд ва соҳиби муҷаввиз шаванд. Маҳз набудани иҷозати бархе аз хадамотҳо боиси манъи парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба Тошканд шудааст.

Чуноне ки «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» мегӯяд, дархост аз тарафи ширкати "Сомон Эйр" барои парвозҳои чартерӣ пешниҳод шудааст, на парвозҳои мунтазам. Дар ин маврид тибқи қоидахои байналмиллалӣ бояд дархост бо замимаи руйхати мусофирон на кам аз 3 рӯзи корӣ, қабл аз анҷоми парвоз пешниҳод карда мешуд. Ин аснод танҳо рӯзи якшанбе дастраси ҷониби Ӯзбекистон шудааст ва табиист, ки дар ин давра барои қабули қарор фурсати ночиз боқӣ мемонад.

  Ҳоло он, ки тибқи расмиёти дохилидавлатӣ масъалаи иҷозати парвоз бо Хадамоти амният ва Нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқа гардад ва барои ин вақт лозим буд.

 Барои парвозҳои мунтазам бошад, бояд иҷозат - формуляри шакли "Р" дода шавад, ки он барои тамоми мавсими парвозҳо якдафъаина аст, барои ҳар 1 парвоз алоҳида талаб карда намешавад. Ҷониби «Сомон Эйр» бояд чунин дархостро сари вақт ба расмият медаровард ва танҳо баъди он эълони парвозро оғоз менамуд.

 Умуман, вобаста ба оғози парвозҳои мунтазам бояд гуфт, ки чунин масъалаҳои муҳимтарин, аз қабили ташкили фурӯши чиптаҳо дар Ӯзбекистон ва интиқоли маблағи ба дастомада ба Тоҷикистон ҳам ҳал нашудааст. То ба имрӯз ширкати «Сомон эйр» барои таъсиси намояндагӣ дар Тошканд коре анҷом надодааст.

Тибқи қонунгузории кишвари иқомат 50% даромадҳои арзии тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ба фоидаи давлат бо қурби Бонки миллӣ фурӯхта мешавад. Ба хориҷа баровардани маблаг бидуни андозбандӣ танҳо ба намояндагиҳои ширкатҳои хориҷӣ иҷозат дода мешавад, - чунин омааст дар баёнияи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари».

Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо метавонем!

 

СССР

 

 

Сешанбе, 21 Феврал 2017 16:24

Расонаҳои украинӣ 4 рӯз пеш навиштанд, ки Сангаку Файзалӣ бар асари 1 диверсияи КГБ Русия кушта шудаанд, зеро бисёр чиро медонистанд...

Сешанбе, 21 Феврал 2017 14:15

Набудани хатсайр ҳавоии Душанбе - Панҷакент, сокинони ин шаҳрро маҷбур кардааст, ки тариқи Хуҷанд ба Душанбе парвоз кунанд. Дар ҳоле, ки ягона роҳи заминӣ, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, дар ҳолати басташавӣ ва хавфи фаромадани тарма қарор дорад, сокинон тариқи хатсайри Хуҷанд-Душанбе ба пойтахт ё ҷануби кишвар мераванд. Аммо Мӯминҷон Музаффаров, сардори фурудгоҳи Панҷакент дар сӯҳбат гуфт, ки хатсайри ҳавоии Душанбе-Панҷакент-Душанбе таъсис дода шудааст. Дар ин хатсайр парвози чархбол дар назар гирифта шудааст, вале аз сабаби набудани хоҳишмандон аз самти Душанбе парвоз то пайдо шудани мусофирон ба таъхир афтодааст. Нархи чипта дар самти Душанбе-Панҷакент 470 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест,ки арзиши чипта дар самти Душанбе-Хуҷанд зиёд шуда, аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, 21 Феврал 2017 09:23

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи кишвар рӯзи якшанбеи гузашта бо 1 сафари ғайрирасмӣ ба тарафи ағбаи Анзоб ва нақби «Истиқлол» рафта аз вазъияти ба амал омада ошно гаштаааст. Ӯ таъкид намудааст, ки на ҳамчун вазир, балки мисли 1 шаҳрванди оддӣ ба аҳволпурсии мардуми дар банд монда ва кормандони ширкати IRS омадааст.

Чуноне ки яке аз шоҳидони ин боздиди Рамазон Раҳимзода мегӯяд, вазири корҳои дохилӣ дасти ҳар 1 корманди ширкати IRS-ро шахсан фишурда барои кори хатарноки онҳо изҳори сипос низ кардааст. Субҳи рӯзи дигар аз номи Рамазон Раҳимзода барои тамоми кормандони ширкат оши палав ташкил карда шуд. 

Ин иқдоми вазири корҳои дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода кормандони IRS-ро хеле рӯҳбаланд намуд, зеро он намунаи беҳтарини мардумӣ будан барои мансабдорони дигари мамлакат аст.

СССР

 

 

 

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 15:06

Иҷрокунандаи раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба 1 қарори махсус дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт имзо гузоштааст

Чуноне ки сомонаи Мақомоти ҳокимияти давлатии ш. Душанбе хабар медиҳад, дар чунин гурӯҳи муштарак кормандони тамоми соҳаҳои пойтахт, аз қабили маорифу тандурустӣ, экология, мақомоти милитсия, фаъолони ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд. Ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо мардум, аъзоёни гурӯҳи муштарак бояд моҳияти 1 қатор қонунҳои ҷории кишвар ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи  ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро маънидод намоянд.

 

СССР

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 13:20

(ҷавоб ба мақолаи «Ба доди ман  кӣ мерасад». СССР таҳти № 51 (432) аз 22 декабри соли 2016).

Душанбе, 20 Феврал 2017 13:15

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 1 савол дорам. Оё рост, ки дар ояндаи наздик, дар пойтахти азизамон ба ҷои Старексу маршрутҳои Мерседес-Спринтер Автобусу Троллейбус ба ҳаракат медароянд? Ва мусофиркашҳои қаблиро аз тамоми хатсайрҳо мебардоранд?!

Довуд Раҳимов,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Рӯдакӣ, тел: 908 88 59 01

Аз СССР: Рост аст! Зеро зеби шаҳр троллейбусу автобус аст. Вале дар ҳолате нақлиёт ба танзим медарояд, ки ба ронандаҳои троллейбусу автобус маоши муайян ҷудо кунанд, то дар ҳар ҷо манъ накунанду пассажир начинанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 13:09

Шумораи гузаштаи СССРро варақ зада, чашмам ба навиштаи устод Комрони Далер бархӯрд, бо номи «Нони бенамоз ҳаром аст». Он чизе, ки ӯ навиштааст нисбати чунин шахсони кӯрнамак ҳақ аст. Муаллим шахсест, ки тамоми инсоният дар назди ӯ илм омухтааст. Муллоҳое, ки имрӯз аз дину мазҳаби худ рӯ тобида, ба дигар мазҳабу равияҳо шомил шудаанд, назди муаллим илми дунявӣ ва илми шариатро омӯхта мулло шудаанд. Акнун нони муаллимро ҳаром ҳукм мекунанд. Баъди суқути давлати СССР тамоми давлатҳо соҳибихтиёр шуданд, аз ҷумла, Тоҷикистони мо ҳам. Исломистон даъво карданд, ки «мо Тоҷикистонро исломӣ мекунем». Магар дар Тоҷикистон ислом набуд? То солҳои 1990 дар ҳар ноҳия 1-2 масҷиди ҷомеъ бошад ҳам, дар ҳар ноҳия 10-15 масҷиди умумӣ дар хизмати намозгузорон буд, дар ҳар деҳа масҷидҳои 5-вақта амал мекард. Чаро то солҳои 1990 домуллоҳои забардаст, ба мисли эшони Абдураҳмонҷони обигармӣ, эшони Тӯраҷони ваҳдатӣ, эшони Пирмуҳамадзода ва Эшони Мизроби Кӯлобӣ, Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, домулло Шарифи Ҳисорӣ… боре Тоҷикистонро исломӣ мекунем гӯён даъво накарданд? Акнун нимчамуллои бузрише фатво додааст, ки «зани муаллимро дар никоҳи худ дарорӣ дуруст аст». Эй Худо занад, ту барин муллои мазҳаббезорро бо ин фатвои додаат!!! Шумо муллоҳои гумроҳ ҳамқадами Шайх Темуру мулло Асомиддин ҳастед, ки ба обрӯи муллоҳои забардаст иснод меоред.

Шамсиддини Қудрат,

деҳаи Тутака, н.Ҳисор

 

саҳ 6 аз 17

Китобҳо

Flag Counter