ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 08:49

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! «Боре дар 1 ҷамъомад байни ман ва равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ баҳсе ба миён омад. Эшон пешниҳод намуданд, ки «забонамонро форсии Тоҷикӣ унвон кунем!» Гуфтам: Ин кор баробари эътироф кардани он мебуд, ки забони Тоҷикӣ 1 лаҳҷаи забони форсӣ аст… Аммо форсӣ 1 лаҳҷаи забони Тоҷикист!» (Акбар Турсон. «Маърифати омӯзгор», №11, с.2016, саҳ.34)

Акнун 1 иқтибоси дигар аз саҳифаи 60-и ҳамин маҷалла-«Ҳомии забони форсии Тоҷикӣ». Гиромидошт аз 90-солагии академик М.Шакурӣ… Минбаъд устод дар роҳи устувор кардани пояҳои забони форсии Тоҷикӣ мақолаҳо ба чоп расонид…» (Ҳ.Ҳошимова, н.и.филологӣ, ходими Институти забони ба номи А.Рӯдакӣ).

Мақсад аз овардани 2 иқтибос исботи 1 тезис-ҳушдори Сафват Бурҳонов аст! (СССР, №42, 20.10.2016) Зиёии миллати Тоҷик буданашро инкор карда, худро паси Эрон пинҳон мекунад!

Маннон Махсумов,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 08:46

Дар моҳи январ дар ҳамаи сохторҳои ноҳиявию шаҳрӣ то вилояту ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотӣ доир шуданд. Медонед, чӣ моро дар ҳайрат гузошт? Дар бештари нишастҳо муовинони якум бештар бо журналистон рӯ ба рӯ шуданд. Чунончи муовини якуми вазири молия, муовини Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», муовини раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»… дар нишастҳои матбуотӣ ба саволҳо посух гуфтанд. Чаро вазири молия-А.Қурбонов, раиси «Тоҷикаэронавигатсия»-Ашӯров Лоиқ Бегиҷонович, раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон-Комил Мирзоалиев ва дигар вазирону раисон аз нишастҳо мегурезанд? Барои онҳо амри Президенти ҶТ таҳти №622 арзиш надорад ва ё аз журналистон қимобанд? Дар вақти вазифагирӣ-ку намегурезед! О, бародарҳо, бо мардум рӯ ба рӯ гап зада наметавонед, ақаллан аз журналистон нагурезед. Дар музофот бошад, аксар раисон чунон тарсончаканд, ки баромади ҳисоботиашонро зӯр зада, то 1 соат мехонанду ба 1 савол ҷавоб дода-надода «вақт тамом шуд, рафтем хӯрокхӯрӣ» гуфта мехезанд! Гӯё журналистон шикамсеркунию бензинпулигирию роҳкирогирӣ омада бошанд!

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор, н.Муъминобод

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 08:43

Хонанда, дӯст ва мухлиси самимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Собир Зарифов, сокини ноҳияи Файзобод бо телефони 93 882 73 38 ба СССР занг задаву гуфт, ки тавре маълум, талоқ-ҷудошавии оилаҳои навхонадор дар ҷамъияти имрӯзаи мо бениҳоят зиёд шудан дорад. Ин на танҳо доғ, балки фалокат аст, бомба аст. Ман дигар намедонам, ки оқибати ин бо чӣ меанҷомад? Ман ягона роҳи ислоҳ ва ҳалли ин проблемаро дар он мебинам, ки: Ҳукумат бояд марди талоқдиҳандаро тибқи 1 модда муваззаф кунад, ки баъди талоқ додан занро бо атфолаш бо хона таъмин кунад. Ин ҳам 1 навъи ҷазо аст. Ман бовар дорам, ки дар ин сурат теъдоди талоқ кам хоҳад шуд.

 

Панҷшанбе, 23 Феврал 2017 08:39

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Замир Аскаров, аз шаҳри Хоруғи Вилояти Бадахшон бо телефони 93 514 57 26 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман дар ҳар шумораи газетаи СССР, дар саҳ.4 навиштаҳои адиб, ҷангноманавис-Умари Шерхонро дар бораи Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мехонам. Ҳамин гӯша шахсан барои ман хело писанд аст. Зеро аз деҳаи мо-Дашт, 3 нафар ихтиёран ба ҶБВ рафтанду дигар то имрӯз аз онҳо ягон ному нишону хабаре нест. Инҳо: Ҷорӯбов Қӯқанбек (соли тав.1924), Самиев Сано (соли тав.1924), Юсуфбеков Лаълбек (соли таваллудаш номаълум) мебошанд. Чандин бор раҳматӣ падарам-Ҷорӯбов Паҳлавонбек ба Вазорати мудофиаи кишвар нома навишта хоҳиш намуд, ки дар бораи ин бародарон ягон хабаре биҷӯянд ва ба мо бирасонанд, аммо ягон натиҷа нашуд. Ман аз газетаи воқеан ҳам мардумии СССР хоҳиш дорам, ки мабодо, дар бораи ин 3 тан иштирокчӣ ва беномунишоншудаҳои ҶБВ ягон иттилоъ дошта бошад, нависад. Чунки онҳо барои ман амаку бародару хешу табор буданд...

 

Чоршанбе, 22 Феврал 2017 17:29

Хатсайри ҳавоӣ аз рӯи самти Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом меёбад, фардо, 23.02.2017 соати 13:00 бо вақти Душанбе амалӣ хоҳад шуд. Дар ин бора ба мухбири СССР 1 манбаи мӯътамад аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттиллоъ дод.

Бино ба хабари расида, барои ин парвоз ширкати «Сомон Эйр» алакай аз ҷониби Ӯзбекистон тамоми муҷаввизҳои лозимаро ба даст оварда иҷозати хадамотҳои дахлдори кишвари хамсояро низ гирифтааст. Парвози мазкур ба реҷаи муқаррарии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ворид карда шуда, пагоҳ, яъне 23.02.2017 соати 13:00 ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба самти ш. Тошканд парвоз хоҳад кард.

 

СССР

 

Чоршанбе, 22 Феврал 2017 15:58

Имрӯз, 22 феврал Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия-Солеҳзода Искандар ҳайати афсарон ва сарбозони қисми низомии №3503-и Раёсати Қушунҳои дохили ВКД ҶТ, дар шаҳри Қурғонтеппаро бо ҷашни 24-умин солгарди Артиши Миллӣ таҳният гуфт. Зимни суханрони Солеҳзода Искандар қайд намуд, ки «таҷлил аз ҷашни 24-умин солгарди Артиши миллӣ дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон бори дигар якдилию ҳамбастагӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд. Бовар дорам, ҳайати шахсии Қушунҳои дохилии ВКД ҶТ масъулияти ба зима доштаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, вазифа ва уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона ба ҷо меоранд».

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 22 Феврал 2017 09:13

ВКД ҶТ мегӯяд, ки сабаби сӯхтор дар бинои марказии бонки «Амонатбонк» расиши кӯтоҳӣ ноқилҳо будааст.

Сешанбе, 21 Феврал 2017 16:59

Вазорати корҳои дохилаи ҶТ эълон менамояд, ки минбаъд вуруди наврасону ҷавонони то 20 сола ба марказҳои дилхушӣ манъ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз. ВКД ҶТ  аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки фарзандони то 20-соларо дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, интернет-кафеҳо, идораҳои букмекерӣ) намонанд, зеро тибби банди 9 қисми 1 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. 

Ҳоло санҷишҳо нишон дода истодаанд, ки қисме аз ноболиғон дар қисмати шабона ба ин муассисаҳо рафта (дар шабонарӯз то 100 нафар фақат дар ш.Душанбе) дур аз мадди назари волидайн гашта, даст ба кирдори номатлуб зада истодаанд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи қонуни мазкур волидайн ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

СССР

 

саҳ 5 аз 17

Китобҳо

Flag Counter