ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Апрел 2017 09:05


Ҳар сол дар даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо нафар ҷавон ба ҳимояи марзу буми Ватан меравад. Ростӣ, қисмҳои ҳарбии мо ба мисли қисмҳои ҳарбии Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Арманистон… пешрафтаю обод, аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз нест. Тарзи дарсу омӯзиши онҳо низ пешраванд. Оё беҳтар нест, аскарбачаҳои мо, ки ба он кишварҳои ба мо дӯсту дар 1 шартномаи ҳарбӣ шомиланд, рафта хизмат кунанд? Ҳам аз мактаби мардонагӣ мегузаранд (мисли даврони СССР), ҳам ҷаҳонгашта мешаванд. Сониян, нуфузи даъват ҳам боло рафта, дар ин ҳолат шояд дигар фарзандони раисону вазирону бойбачаҳо майлу ҳаваси аскарравӣ пайдо кунанд. Дар ин сурат дигар шарт нест, ки облава кунем! Шояд сари ин масъала Вазорати мудофиа андеша намояд???


Нурулло Ҳасанов,
журналист, н.Муъминобод

Чоршанбе, 26 Апрел 2017 09:02


Узви Ихвон-ал-СССР, Парвина Исмоилова, аз ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки чанд шумора пеш дар газетаи СССР дар боби имтиҳони тестӣ хонда будам. Воқеан ин навъи имтиҳон донишҷӯро танбал мекунад. Имтиҳони тестӣ мисли қориазёд аст. Масалан, донишҷӯро баъди супоридани имтиҳони тестӣ перомуни мавзӯҳои гузаштааш пурсед, намедонад. Ман чунин имтиҳонро қабул надорам. Беҳтар мебуд, ки имтиҳони пештара, яъне мавзуъ ва адабиётҳоро ба пуррагӣ хонда супориданро барқарор намоянд. Агар ин тарзи имтиҳон дуруст ва писанд мебуд, дар даврони СССР қабулаш мекарданд. Ва 1 гапи ногуфтаи ман, дар бораи тарҷумаи кутуби тиббӣ аст. Дастур ва адабиётҳо дар бораи доруву дармон ва бемориҳоро имрӯз ёфтан ҳеҷ мушкиле надорад. Аммо фикр мекунам, ки агар мутахассисон китобҳои тиббиро ба тоҷикӣ содаву фаҳмо тарҷума мекарданд, хизмати бузург мешуд…

Чоршанбе, 26 Апрел 2017 09:00

Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии СССР-Фарҳод Исомиддинов, муздур аз шаҳри Красноярскии Русия ба СССР занг задаву гуфт, ки аксарияти Тоҷикон дар Русия хонандаи нашрияҳои тоҷикӣ ҳастанд. Газетаҳоро аз интернет мехонем. Дар ш.Сарански вилояти Мордовия беш аз 15 оилаи Тоҷик зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, зиндагии осуда доранд, соҳиби кор ва обрӯ мебошанд. Аҷибаш ин ки онҳо тамоми расму русуми миллиро пурра нигоҳ медоранд. Иди Қурбони соли гузаштаро бо тамоми санъат ҷашн гирифтанд. Сатҳи зисташон баробар бо мардуми таҳҷоии Саранск аст. Ман, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия зиёд гаштаам, ягон бор касе таҳқирам накардааст. Онҳое ки дар бораи таҳқири Тоҷикон дар Маскав гап мезананд, гуфтаниам, ки Тоҷик бояд дар хориҷа забони он кишварро ва ҳуқуқи худро бидонаду муҳимтар аз ин Фахри Миллӣ дошта бошад, касе ҷуръат намекунад, ки ӯро таҳдид ё таҳқир кунад. Касе аз мардуми Тоҷик дар Русия аз таҳдиду фишор шиква мекунад, ин аз сустӣ ва буздилии худи онҳост. Зеро Тоҷик аз пеш боғайрат буд ва аз касеву чизе тарс надошт ва бояд натарсад! Таҳқиргарро муште бар гарданаш бизан, мурад ҳам дигар ягон Тоҷикро паст нахоҳад зад!!!

Чоршанбе, 26 Апрел 2017 08:44


6.04.2017. Кормандони милисаи н.Ховалинг 3 хардузди мастчоҳиро бо 3 ёвари ховалингияшон боздошт карданд, ки дар 2 автомашинаи «Дулан» 105 сар хари «фарбеҳи сергӯшт»-ро ҷониби трассаи Душанбе-Суғд мебурдаанд...

Сешанбе, 25 Апрел 2017 17:10


31-умин солгарди садмаи нерӯгоҳи атомии Чернобилро, бартарафсозони  ин садама ва иштирокчиёни он, дар ш.Панҷакент таҷлил намуданд. Ҳамоиш бо ташаббуси ТҶ "Иттифоқи маъюбони садамаи Чернобил дар ш.Панҷакент" баргузор шуд. Муовини раиси ш.Панҷакент ба иштирокдорони садамаи атомии Чернобил ва оилаҳои онҳо аз номи ҳукумати шаҳр тӯҳфа ва сипосномаҳоро супорида, хизмати онҳоро қаҳрамонӣ унвон намуд. Бино ба иттилои Зебуниссо Исломова, роҳбари иттифоқи чернобилчиёни ш.Панҷакент, айни ҳол дар шаҳру деҳотии Панҷакент 29 нафар иштирокдорони бартарафсозии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил зиндагонӣ доранд, ки онҳо бо кӯмакҳо фаро гирифта шудаанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин 1 гурӯҳ меҳмонон бо роҳбарии сарвари Иттифоқи чернобилчиёни Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳамасола дар Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои собиқи шӯравӣ 26-уми апрел рӯзи садамаи Чернобил қайд карда мешавад.


Хуршед Фозилов

Сешанбе, 25 Апрел 2017 17:06


Рӯзи 6.05.2017 дар шаҳри Душанбе  Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Фестивал-намоишгоҳ  аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.
Меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе»  метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.



СССР

Сешанбе, 25 Апрел 2017 09:01

Ҷалолиддини Сафарзод, сокини н.Темурмалик дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар ноҳияи мо 2 мӯъҷизаи хеле олии табиат-лойқаи машҳури мавзеъи Шӯркӯл ва Оби шифобахш дар маркази ноҳия мавҷуд аст. Ин обу лойи табобатӣ аз чуқурии 2900 метр сарчашма дорад. Ин обу лойқа ба 1000 дард дармон мебахшад. Хусусиятҳои табобатии он аз лойқаи машҳури кӯли Сааки (дар нимҷазираи Қрим) кам набуда, дар баъзе ҳолатҳо аз он бартарӣ дорад. Инак, аз 6.06.2009 сар карда, муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо» расман ба фаъолият оғоз ва саҳифаи тозаеро дар таърихи ноҳия кушод. Дар он дар 1 вақт 50 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта мешавад ва 30 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ба муолиҷагирандагон мунтазам хизмат мерасонанд. Дар «Оби шифо» 24 навъи амрози дилу шарён, пӯст, узвҳои ҳаракат, асаб ва сутунмӯҳра, амрози занона табобат меёбанд, ки асоси табобатро лойқаи Шӯркӯл ташкил медиҳад. Шахсоне, ки аз бемории газаки мушакҳои дил, тарбод, фишори хун, васеъшавии рагҳои хунгарди пой, артрит, иллати мушакҳо, буғум, ҷароҳати устухон, радикулит… азият мекашанд, метавонанд дар «Оби шифо» табобат гиранд.

Душанбе, 24 Апрел 2017 18:29


Ахиран хабари кушта шудани 1 сокини ҷамоати деҳоти Саразми ш.Панҷакент, Билол Низомиддинович Туранов, ки дар ДИИШ меҷангидааст, аз тарафи мақомоти амният тасдиқ шуд. Ба сафи давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастани сокинони кишвар на танҳо мақомоти қудратӣ, балки сокинони ҷумҳуриро низ хеле нигарон кардааст. Гарчанде масъулини идеологии Панҷакент ва сохторҳои қудратӣ барои пешгирии ифротгароӣ бо мардум мулоқоту вохӯриҳо доир мекунанд, вале мутаассифона аз шаҳру деҳоти Панҷакент ҳам мисли иддае аз дигар манотиқи Тоҷикистон ҷавонони раҳгумзада дар ин саф будаанд. Ин соҳибназарон мегӯянд, тибқи иттилои расмӣ, алоқамандони ташкилотҳои террористӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурияву Ироқ, аз ҳисоби зодагони ш.Панҷакент 15 танро ташкил медодаанд. Гуфта мешавад, бештари ин афрод зодагони ҷамоати деҳоти Саразм будаанд. Дар ин бобат зимни сӯҳбат 1 тан аз кормандони мақомоти амният иттилоъ дод, ки аз ин миён 11 нафарашон аз ҷамоати деҳоти Саразм, 1 нафар аз ҷамоати деҳоти Вору, 1 нафар аз ш.Панҷакент ва 1 нафар аз ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ будаанд. Синну соли онҳо аз 21 то 50 солро ташкил медодааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳамчунин 15 каси дигар алоқамандони ташкилотҳои террористӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент боздошт шудаанд, ки мехостанд ғояҳои гурӯҳҳои ифротиро талқин ва дигар шаҳрвандонро ба ин роҳ баранд. Коршиноси маҳаллӣ Бобо Солеҳзода мегӯяд, гаравиши сокинон ба равияву гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ин танҳо содагӣ, набуди дониши казоии динӣ ва ба ҳамин васила ба ҷоҳилӣ ва «фанатизм» гирифтор шудани эшон шудааст.

Марг, ё сарват?
Ҷаноби Солеҳзода афзуд: «Бубинед, вақте ҷавонон асли динро намедонанд ва ба муҳите меафтанд ё ба мағзшӯии намояндаи кадом гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифтор мешаванд, фикр мекунанд, асли дин ҳамон аст». Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо гаравиши сокинон ба ДИИШ ҷанбаи иқтисодӣ надорад. Зеро кӣ гуфта метавонад, ки кадом нафаре ба ДИИШ рафтаву соҳиби сарват шуда бошад? Ҳол он ки зинда омадани онҳо зери суол аст. Дигар ин ки рафтани полковник Гулмурод Ҳалимов ҳам метавонад барои маблағ ба ҷанг рафтани сокинонро рад созад: «Ӯ ва хонаводааш аз имтиёзҳои давлат бархурдор буданд, дар мансабҳои баланд кору фаъолият доштанд, ба боварии давлат сазовор буданд, гурусна набуданд. Дигар чӣ метавонист онҳоро ба ин роҳ барад ба ҷуз «фанатизм?» Ё мисоли дигар, гаравиши донишҷӯёни давлати Русия ба ин равияҳо чӣ сабаб дошта метавонад?» – мегӯяд Солеҳзода.
1 тан аз кормандони мақомоти амният, ба шарти наовардани ному насабаш гуфт, ки ҷиҳати баргардонидани иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Араб ва пешгирии гаравиши сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳр чорабиниҳои умумипрофилактикӣ, яъне ҷилавгирӣ аз корҳои зиёновару бад роҳандозӣ карда истодаем. Бояд сабабу омилҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро институтҳои ҷомеъаи шарвандӣ, равоншиносону коршиносон пурра ва ҳамаҷониба таҳлил намуда омӯзанд, ки чӣ боис ба мағзшӯии сокинони кишвар шудааст?

Суд: 1 нафарро ҳукм кардем
Дар ҳоле ки мақомоти амният баҳри пешгирии ифротгароӣ бо журналистон ҳамкории зич менамоянд, мақомоти суди ш.Панҷакент намехоҳад дар ин самт ба журналистон кӯмак расонад. Масалан, барои омода намудани матлаби мазкур ба унвонии раиси суди ш.Панҷакент ҷаноби З.Т.Аминзода 5 савол фиристодем, лек ҷавобро танҳо барои 1 савол бо имзои муовини раиси суди ш.Панҷакент-Таҳмина Пӯлодӣ гирифтем. Хонум Пӯлодӣ, дар бораи чанд нафар маҳкум шудани сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент чунин гуфт, ки дар давоми с.2016 ва думоҳаи аввали с.2017 аз ҷониби суди ш.Панҷакент танҳо 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, қисми 2 КҶ ҶТ нисбати 1 шахс, ки сокини ш.Панҷакент, миллаташ тоҷик, ҷинсаш мард ва синну солаш аз 40 сола болост, баррасӣ шудааст. Хулоса, агарчӣ корҳои профилактикӣ ба гуфтаи кормандони ҳукумат ва дигар созмонҳои марбута оид ба пешгирии ин раванд бурда мешавад, вале гаравидан ба ин равияҳо тибқи омори расмӣ ва гуфтаҳои коршиносон рӯз аз рӯз дар ҳоли коҳиш будааст.


Хуршед Фозилов,
СССР, Панҷакент
(Гузориш дар ҳамдастӣ бо IWPR дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст).

саҳ 3 аз 20

Китобҳо

Flag Counter