ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 24 Апрел 2017 08:44

Агар 8000 ронанда ҳар моҳ 240 сомонӣ пули патент пардохт мекарданд, он гоҳ ба буҷаи давлат 1 миллиону 920 000 сомонӣ дар 1 моҳ ва беш аз 23 млн сомонӣ дар 1 сол ворид мешуд! Ҷои дарёфти ин маблағ, мо бо 8-10 ҳазор таксист, ки хӯрандаи 80-100 ҳазор даҳонанд, ҷанги нонавишта эълон кардаву онҳоро саргардон ва раъиятро норизо мекунем...

Душанбе, 24 Апрел 2017 08:37


21.04.2017 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, ки бо сафари хизматӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти расмӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд. Зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба таъмини рушди босуботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои гуногун ба низоми молиявӣ равона сохтааст.
Ҷаноби Игор Марич дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон буда, бад-ин васила ҷонибҳо метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Номбурда дар хусуси доир намудани амалиётҳо тавассути биржа бо истифода аз фишангҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб маълумот пешниҳод кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои пешбурди бозори асъори хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои Биржаи Москва, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва савдои сомонӣ/рубл табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти вохӯрӣ оид ба пайдо шудани заминаи ҳуқуқӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт” ҷиҳати иштирок дар амалиётҳои гуногуни бозори байнибонкӣ сухан кард. Мавсуф зикр кард, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин самт таҳлил ва омӯзиши дақиқ ҷиҳати манфиатовар будани он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд. Дар интиҳо ҷаноби Игор Марич Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро барои ташриф ба Биржаи Москва даъват намуд. Аъзои Раёсати Биржаи Москва ҷаноби Игор Маричро, дар ин сафари расмӣ директори Департаменти намояндагии байналмилалии биржаи мазкур ҷаноби Сергей Данов ҳамроҳӣ намуд.



СССР

Душанбе, 24 Апрел 2017 08:34


Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе тасмим гирифт номи бархе аз корхонаву муассисаҳои пойтахтро иваз намояд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур 1 қатор корхонаву муассисаҳои ш. Душанбе табдили ном карданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» ба «Маркази ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ба Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун», Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» ва Муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» иваз гардиданд.



СССР
 

Ҷумъа, 21 Апрел 2017 10:27


Дирӯз, 20.04.2017 дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонови ш. Қӯрғонтеппа семинар дар мавзӯи “Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа” доир гардид. Дар кори ин семинар муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси ш. Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, сардорони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, муовинони соҳаи идиологии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шӯъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муҳаррирони рӯзномаҳо,кормандони ВАО, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, сархатибони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақши иттилоот дар ҷомеаи имрӯза андешаҳояшро баён намуд. Ӯ махсусан тезу тунд будани вазъи сиёсии ҷаҳон ва воситаҳои иттилоотии ба ҷомеаи мо бегона ва хатарнокро ба иштирокдорони семинар ёдрас намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва муборизаи оқилона бурда тавонистан даъват намуд.  Амирулло Асадулло дар бораи тарақиёту пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд.
Ӯ суханони сиёсатмадорони гузашта ва имрӯзаро мисол оварда, дар бораи нақши иттилоот дар таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ андешаҳояшро баён намуда, ҳамагонро ба ваҳдат, ба муттаҳидшавӣ ва дастаҷамъона дар ободии Ватан саҳмгузор будан даъват кард.



Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 21 Апрел 2017 10:00


Раиси пешинаи бозори «Ином» Бурҳон Абдуллоев аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ - 32, қисми 3 (сӯиқасд ба дороии шаҳрвандон) ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон ба шеваи хатарнок айбдор карда зиндонӣ гашта буд, баъди раҳоӣ аз зиндон дубора ба додгоҳ кашида шуд.

Ҷумъа, 21 Апрел 2017 09:20


ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳаи аввали соли 2017 ба 287 216 нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 165 915 мусофири рафта ва 121 301 ҳазор мусофири омада.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурӯдгоҳ қабулгардида 594 тоннаро ташкил дод. Оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоч бошад 239 эрод ворид шуда, аз он 222 қонеъ гардонида шуданд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai, Iran Aseman Airlines), 5 ширкатиҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана -Қазокистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд.
Аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, ҶумҳурииҚазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия,Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимииширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил медиҳанд.



СССР

Ҷумъа, 21 Апрел 2017 09:15


Комиссияи кории Вазорати нақлиёт дар километри 33 + 700 — и роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакентро, ки тибқи хабари мухбири СССР дар води Зарафшон фурӯ рафта буд, санҷиш гузаронд. Бино ба иттилои вазорат, ин минтақаи роҳ аз домани теппа гузашта, 17 апрели соли равон аз таъсири фурӯ рафтани теппа қабати асфалтпӯши роҳ қариб 60 метри тӯлонӣ вайрон шуд ва ҳаракати нақлиёт манъ гардид.
Сабаби асосии фурӯравии теппаро коршиносони вазорати нақлиёт аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хоки теппа меҳисобанд. Сабаби дигарашро аз гузаштани мошинҳои гаронвазн, ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод карданд. Дар ин қисмати роҳ фурӯравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам ҷараён дорад.
Аз таҳлили мутахассисон маълум гардид, ки ҳангоми гузарондани корҳои муҳандисӣ- геологӣ минтақаи мазкур яке аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ гардидааст. Аз сабаби душвор нагардидани ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ, ҳангоми таҷдиди он қабати болоии роҳ мумфарш гардида буд.
Дар айни ҳол мутахассисони Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҷӯӣ доранд. Азбаски роҳи мазкур дар муҳлати кафолатӣ қарор дорад, кормандони Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ қитъаи фурӯрафтаи роҳро барои гузариши муваққатии ҳаракати нақлиёт омода кардаанд. Аммо корҳои барқарорсозии пурраи ин роҳ то қатъ нагаштани фурӯравии теппа ғайриимкон аст.
Коршиносони Вазорати нақлиёт барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҳои фаврие, чун тоза кардани қисми болоии теппаи фурӯраванда аз ҷинсҳои овезон, гузаронидани тадқиқоти муҳандисию арзёбии вазъи имрӯзаи мазкур ва таъмини роҳи муваққатии таворавӣ барои гузариши воситаҳои нақлиёт пешниҳод намуданд.



СССР
 

Ҷумъа, 21 Апрел 2017 09:06


Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ва дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар заминҳои ҳудуди Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ва теппаҳои атрофи он, ки дар мавзеи Пуғуси дараи зебоманзари Варзоб ҷойгир мебошанд, ҳамасола ҳашарҳои ниҳолшинонӣ гузаронида мешаванд.
Дар мавсими ниҳолшинонии имсола низ дар ҳудуду атрофи Маркази таълимӣ миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишиву сояафкан шинонида мешавад. Қисмати зиёди корҳои ниҳолшинонӣ дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи ҳашар дар шанбегиҳои дастаҷамъӣ, ки пайваста гузаронида мешаванд, амалӣ мешаванд.
Чуноне ки маркази матбуоти БМТ хабар медиҳад, аз ҷумла, дар ҳашари ниҳолшинонии ҳафтаи гузашта, рӯзи 15-уми апрел бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 80 нафар кормандони бонк дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимии Пуғус беш аз 400 бех ниҳолҳои дарахтони арчаву сӯзанбарг шинонида шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷараёни корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ шахсан иштирок намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва навниҳолҳо ба масъулини Маркази таълимии Пуғус дастуру ҳидоятҳои муфид дод.
Қобили қайд аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта, дар ҳудуди заминҳои Маркази таълимӣ ва теппаҳои атрофи он тавассути заҳмати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор дарахтони сояафкану ороишӣ ва нодиру хушнамо қомат афрохта, дар мавсими имсола то имрӯз иловатан 4057 адад ниҳолҳои санавбару сафедор ва бештар аз 18 000 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд, ки феълан муҳити маркази таълимиро ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил додааст.


СССР

саҳ 5 аз 20

Китобҳо

Flag Counter