ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 24 Апрел 2017 18:21


Гурӯҳи кории махсуси намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ  дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, аз 31 март то инҷониб мавриди санҷиш қарор додааст. Аз оғози фаъолияти гурӯҳи корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳо дар 58 муассиса ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС- терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС-терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд.
Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб гашта, барои насби онҳо соҳибкорон бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.
Афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ, миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 апрели соли 2017 зиёда аз 1 миллиону 666 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз 1 639,1 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, то 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 746 адад ва 2 398 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1573 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 825 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.



СССР

Душанбе, 24 Апрел 2017 18:19

Шаби 25 ба 26-уми декабри соли 2016, тахминан соати 01:30-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Шаҳринав ва Сабои ноҳияи Шаҳринав дар маҷмӯъ 198-метр ноқилҳои хатҳои телефониро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба ҶСК “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Шаҳринав 5 ҳазору 148 сомониро ташкил додааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур 2 нафар марди 48 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки ҳар ду ҳам қаблан бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, дастгир карда шуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



СССР

Душанбе, 24 Апрел 2017 09:20


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба меъмор-рассом Баҳром Одинаеви шаҳринавӣ тавсия медиҳем, портрети аслии Амир Темур (Темури Ланг)-ро, ки Михаил Герасимов офаридааст, дар китобҳои тоҷикии «Таърихи умумӣ» (с.2005) ва «Таърихи асрҳои миёна» (с.2015) барои синфи 6-ум, 1 бор муқоиса намояд. Дар саҳифаи 176-уми китоби с.2005 Темури Ланг монголоид тасвир гардида, баъди 10 сол, дар саҳифаи 169-и нашри с.2015 бо чеҳраи европеоид нашр шудааст. Тадқиқоти бостоншинос-Герасимов, ки косахонаи сари Темурро дида бо дасташ гирифтааст, сарфи назар шуд? Ё ин ки соли 1941 Михаил дар чеҳранигорӣ хато карда буд?!


Сиёвуши Далер,
програмист, ш.Хуҷанд

Душанбе, 24 Апрел 2017 09:16


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Мардуми шарифу бонангу номуси Мастчоҳ заминҳои холӣ ва биноҳои кӯҳнаро харида, биноҳои замонавӣ, аз қабили маркази савдо, магазинҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС-АЗС), дорухонаҳо ва дигар иншоотҳои нави замонавии шахсӣ сохта, ба ҳусни диёр зебоие зам намуданд. То ҳанӯз дар шигифтам, ки дар тӯли 60 соли муҳоҷират ва 25 соли истиқлолият ноҳия қариб ки тағйир наёфтааст! Роҳбарон меоянду албатта хонаҳои боҳашамат пӯшида, соҳиби автоҳои иномарка шуда… мераванд. Касе аз худ номи хуб ё иншооте намегузорад. Қурбон Тӯраеви истаравшанӣ вақте Котиби якуми ҳизб буданаш дар ноҳия чойхонаи калони барҳавое сохт, ки то ҳанӯз ҳусни худро аз даст надодааст. Фарзанди ҳамин диёр, шодравон собиқ котиби якуми ноҳия-Саидшариф Шарифов хизмати арзанда карда, аз худ кори неку номи нек гузошт. Боқӣ, дигар котибони ҳизб аз ҳисоби Мастчоҳ дар зодгоҳҳои худ заводу боғ ва биноҳои боҳашамат сохтанд. Дар он вақт Мастчоҳ зиёда аз 55.000 тонна пахта медод, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд буд.


Олимбеки Зиёиён,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Мастчоҳ

Душанбе, 24 Апрел 2017 09:13


Узви Ихвон-ал-СССР, муздури мавсимӣ Ҳамидулло Мӯсоев, сокини деҳаи Пуғуси ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки садҳо ҳазор ҷавони Тоҷик дар Русия муздур аст ва асноди заруриро ба воситаи ФМС (Федеральная миграционная служба) омода мекунанд. Пас аз ба қайд гирифтани нозири минтақавӣ ва баъди 1 моҳи корӣ ба ФМСи вилоятӣ барои патент гирифтан ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда, дар байни 70 рӯз бояд соҳиби патент шаванд. Шукр, ки имрӯз бо навбат ва бе мушкилӣ патент мегирем. Баъд аз гирифтани патент бояд ҳар моҳе ба бонки Русия 1000 рубл супорем... Акнун 1 суол ба Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ: оё ин пуле, ки мо ба бонки Русия месупорем, дар оянда барои ба нафақа рафтани мо ягон кӯмак мешавад? Зеро чекҳои пули супоридаамонро дар даст дорем. Яъне бо ин чекҳо метавонем, ки мо дар Тоҷикистон ба нафақа бароем?

Душанбе, 24 Апрел 2017 09:10


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Нуралӣ Давлатови 70-сола, аз минтақаи Кӯлоб бо телефони 98 598 95 48 ба СССР занг задаву гуфт, ки матлаби журналист Нурулло Ҳасанов дар шумораи гузаштаи газетаи СССР бо номи «Вавилон медуздад!» Бераҳмона!»-ро ҳамин ҳоло дар лабаки дарё нишаста хондан дорам. Даъвои ӯ 100% дуруст аст. Барои чӣ? Зеро ҳамин ширкати мобилии «Вавилон» аз баланси телефони ман низ қариб 70 сомониро дуздид! Ин ҳолат 3 моҳ боз, то ҳамин ҳозир идома дорад. 5 сомонӣ ба тавозуни телефон мегузаронам, аммо ба ҳич куҷо занг назада, ба тилфони ман бо ин мазмун СМС меояд: «Тавозуни худро пур кунед!» Бовар кунед, ҳар рӯз «баланс»-и маро аз телефонам бе ҳеҷ чиз холӣ мекунанд! Нопурсида гирифтан, ин магар дуздӣ нест?! Ман-ку, дар ин синну сол ягон функсия ва бозиҳои мобилии телефонро намефаҳмам, аммо барои чӣ ва чӣ гуна пули маро мегиранд??? Ман ҳайрон!

Душанбе, 24 Апрел 2017 08:53


Нашрияи англисии "Times" бо такя ба манбаъҳои ироқии худ хабар дод, ки собиқ полковники ВКД ҶТ, Гулмурод Ҳалимов-“вазири ҷанг”-и ИГИЛ ҳафтаи гузашта дар шаҳраки  "17 июл”-и шаҳри Мосул ҳангоми ҳамлаи ҳавоии коалитсияи амрикоӣ кушта шудааст. Бо шунидани ин хабар, аксарият бар худ суол карданд: БОЗ МУРД? Зеро бори чандум аст, ки Гулмуроди хоин аз тири амрикоиҳо ба марг мерасад, аммо ҳеҷ не, ки кушта шавад! Дар пайи нашри хабари "Times" аз ВКД ҶТ гуфтаанд, ки хабарҳои нашршуда дар бораи кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимовро таҳқиқ мекунанд, вале то тасдиқи расмии маргаш ӯ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд, зеро то ҳанӯз далели кофӣ барои қатъи дело ва ҷустуҷӯи ӯ вуҷуд надорад. Ба забони дигар мақомоти мо ба амрикоиҳои ҳамтояшон бовар надоранд!

Душанбе, 24 Апрел 2017 08:50


Баҳси мо-6

саҳ 4 аз 20

Китобҳо

Flag Counter