ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Апрел 2017 11:56


Дар ҳоле, ки ш.Панҷакент яке аз шаҳрҳои калонтарини аграрӣ асту барои зиёд кардани кишти картошка мутасаддиён талоши зиёд доранд, яке аз калонтарин пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳоли тахрибу нобудшавӣ қарор дорад. Пойгоҳи обкашии мазкур муталлиқи собиқ колхози ба номи «Дзержинский» будааст. Он дар самти ҷануби ғарбии ш.Панҷакент, тақрибан 3 км дуртар аз роҳи калони деҳаи Тошмунор ҷойгир аст. Аз рӯи иттилоъи баъзе аз ҳолдонҳо, тариқи ин пойгоҳи обкашӣ садҳо  гектар заминҳои деҳаҳои Шӯрнова, Туркшӯрнов, Чиларча шодоб мешудаанд. Замоне, ки мо барои дидани ҳолати ин пойгоҳи обкашӣ рафтем, тақрибан ягон асбоби он ба ҷуз қубурҳояш намонда буд. Дастгоҳҳои барқӣ ва дигар васоити техники пойгоҳ титу пит буданд. Аз ин ҳолат мурғони ҳаво ҳам доду фиғон мекарданд. Ин пойгоҳи обкашӣ замони Шӯравӣ сохта шудааст. Агар замони СССР мебуд, онҳое, ки ин пойгоҳро ба ҷои нигоҳубин ва истифодаи самарок ба чунин ҳолат расонидаанд рост ба зери таҳхона мерафтанд, ки номашро маҳбас мегӯянд. Ростӣ намедонем, бори охир кай ин насос кор карда буду ба заминҳои қисме аз деҳаҳои ҷамоати Саразм об расонида буд. Боиси қайд аст, ки деҳқонони шаҳру деҳоти Панҷакент  барои зиёд кардани кишти картошка, яке аз зироатҳое, ки бештар обталаб аст вазифадор шудаанд. Агар ин насос бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд садҳо га замин шодобу, садҳо ҷои корӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама иҷроиши нақшаи кишти картошка  барзиёду сари вақт таъмин мегардад – мегӯянд коршиносон. Аксҳои мо бозгӯи ҳолати ин пойгоҳи обкашианд.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, СССР

Панҷшанбе, 20 Апрел 2017 10:04


(Вокуниш ба матлаби «Чаро директорҳо номзади илм нестанд?», СССР)

Панҷшанбе, 20 Апрел 2017 09:47

Узви Ихвон-ал-СССР, Баҳром Одинаев, собиқ ҷонишини сармеъмори ш.Душанбе меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки чанд шумора пеш дар СССР 1 нафар навишт, ки «Ленинро гӯронем ҷангҳо қатъ мешаванд». Ман ба муаллиф 1 чизро гуфтаниям. Дар замони СССР профессор, муаррих, эҷодкор, рассом ва бостоншиноси номӣ раҳматӣ Максим Герасимов ҷасади шахсони бузургро аз қабру мақбараҳо бадар намуда, аз рӯи косаи сар-«череп»-и онҳо портрети аслии онҳоро месохт, аз ҷумла, Рӯдакию Фирдавсиро. Бо сарварии Герасимов соли 1941 гурӯҳи олимону бостоншиносон рӯи ҷасади Амир Темур тадқиқоти илмӣ гузарониданду тасодуфан ҷанги ҷаҳонии 2 бо кушодани ин ҷасад рост омад. Акнун савол ин аст, ки агар ҷасадро намекушоданд, ҷанг сар намезад?! Гитлер бе ин ҳам чандин сол тайёрии ҷанг бо СССРро дошт, аммо тадқиқоти Герасимов дар ҳамун шабу рӯз иттифоқ афтод. Охир, чаро худи русҳо дар андешаи гӯр кардани ҳамзабону ҳамдиёру доҳии худ нестанду мову шумо, муллою эшонҳои мо мақбараи доҳиро чашми дидан надорем? Барои он, ки Владимир Илич Ленин коммунист буду 16 миллион тарафдор дошт...

Панҷшанбе, 20 Апрел 2017 09:14


Аз он, ки газетаи СССР роҷеъ ба таърихи ҷанги гражданӣ бештар менависад, лозим донистам, ки 1 хотираи худро нависам. Охири моҳҳои феврал ва аввали марти соли 1997 як рота аз қисми ҳарбии зудамали ба номи қаҳрамони беунвони  ҷанги гражданӣ, Лангарӣ Лангариев воқеъ дар тарафи рости шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат бо сабаби номаълум ба боғи истироҳатии Академияи илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар соҳили рости дарёи Кофарниҳони ш.Ваҳдат интиқол ёфт. Бояд хотиррас намоям, ки он замон, ҳамон мавзеъ кайҳо дар иҳотаи мухолифин қарор дошт. Аз тарафи шимол, дар 1 баландӣ дастаи Муллозиёриддин Абдуллоев камингоҳ сохта буд. Аз тарафи ғарб Қосимҷон бо дастааш, аз тарафи ҷануб аз соҳили чапи дарёи Кофарниҳон дастаи Эшони дароз, аз тарафи шарқ мухолифин аз деҳаи калон ҷойгир буданд.

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 13:33


Дар ҳудуди Ҷумҳурии арабии Сурия, ҳангоми фирор аз кишвари Ироқ аз ҷониби қувваҳои зиддитерористӣ роҳбари ташкилоти терористӣ ва псевдохалифаи ДИИШ Абубакри Бағдодӣ зинда дастгир карда шуд.

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 12:29


Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд. Аз он ҷумла:

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 11:38

Ҳоҷӣ Мирзо:   Имрӯз уммати ислом ба дастбуриву сангсор ниёз надорад. Балки ниёз ба шахсе дорад, ки аз ӯҳдаи барномаҳои иқтисодӣ барояд то шиками аҳли умматро сер кунад; Аз барномаҳои тарбиятӣ кор гирад, то пеши роҳи бадахлоқӣ, фаҳшу беҳаёӣ гирифта шавад; Аз барномаҳои иҷтимоӣ барояд то пеши роҳи хонавайрониро бигирад.
Ҳуҷҷат:  Умар разиаллоҳу анҳу замони хилофаташ вақте ки қаҳтсолӣ омад, буридани дасти дуздонро боздошт. Барои чӣ? Зеро ислом фақат барои буридан наомадааст, балки барои бартараф кардани ниёзи мардум омадааст...

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 11:25

Қисмате аз шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, ки бо маблағи беш аз 114 млн доллар сохта шуда буд, чӯкидааст. Ба гуфтаи шоҳидон ва мусофирон роҳе, ки дар ин қисмат фурӯ рафтааст, тақрибан 50 метрро ташкил медодааст. Ин ҳодиса дирӯз ба вуқӯъ пайваста, ба андешаи коршиносон сабаби он бесифат сохта шудани роҳ будааст. Дар маросими ба истифодадиҳи роҳи Айнӣ-Панҷакент, ҳанӯз 1 сол муқаддам худи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, таъкид намуда буд, ки ҳанӯз роҳ камбудиҳои зиёд дорад ва он бояд ислоҳ гардида, бояд солиёни зиёд ба мардум хизмат расонад. Аммо инак бо гузашти ҳамагӣ 1 сол қисмати ин роҳ фурӯ рафтаву чанд ҷои дигараш аллакай гармошка шудааст. Менеҷери роҳ Анзур Раҷабов гуфта буд, ки «ҳар 1 километри роҳ ба маблағи 1 млн доллар сохта шудааст ва сифати хуб дорад». Мо борҳо аз бесифатии роҳи мазкур гуфтаву навишта будем, аммо пинаки касе напарид. Оё пули давлат бесоҳиб аст? Магар касе барои бесифатии ин роҳ муҷозот намешавад? Ин бепарвофалакӣ то кай идома меёбаду моро то куҷо мебараду боз чандин миллион доллар маблағҳои давлат обу лой мешавад? Мавзӯъро пайгир мемонем!
Хуршед Фозилов

саҳ 6 аз 20

Китобҳо

Flag Counter