ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 18 Май 2017 15:53


Ширкати ҳавопаймоии  “Ямал” аз имрӯз фурӯши чиптаҳоро ба Тоҷикистон сар кард.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, ширкати мазкур сар аз 1.06.2017 ҳар ҳафтае 3 парвоз аз фурудгоҳи «Жуковский»-и Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд анҷом хоҳад дод.



СССР

Панҷшанбе, 18 Май 2017 10:29

Шахсони номаълум 1 бону-корманди Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлобро дар назди манзили истиқоматиаш лату кӯб кардаанд. Дар ин бора ягон мақомоти қудратӣ маълумот додан намехоҳанд. Аммо муайян он аст, ки Майрам Шарифзода-лейтенанти калони Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аз шоми 16-ум то ба зӯҳри рӯзи 17-уми май дар беморхонаи ёрии таъҷилии ш.Кӯлоб бистарӣ гашта буд. Ба гуфтаи ҳамин бону, шоми 16 май, тахмин соатҳои 20, ӯ аз хона ба хотири гузаронидани маблағ ба телефони мобилиаш берун гаштааст. Дар подъезди хонааш ногаҳон нафари номаълуме аз қафо бо 1 даст даҳонашро дошта, аз мӯи сараш сахт кашида, ба девор ҷафсаш кардааст. Ҳамчунин лагаде ба рони по ва чанд мушти дигар ба шикамаш низ задааст. «Нохост даҳонам кушода шуду оча гуфта, дод задам. Ҳамин лаҳза модарам садо дод. Он нафар «гурехтем!» гуфта, ба берун давид ва ман дидам, ки дар беруни дар боз 1 нафари дигаре ҳам буд».
Дар ШКД ва РКД дар бораи ин қазияи рухдода ягон масъуле хабар додан намехоҳад. Дар прокуратура гуфтанд, ки сабаби ҳамла болои як бонуи милиса ҳанӯз рӯшан нест ва дар ин самт санҷиш рафта истодааст. Аммо вазъи саломатии бону хуб аст ва бо хоҳиши модараш ҳамин рӯз ӯро аз беморхона ҷавоб хоҳанд дод. Воқеан ҳам, кормандони шуъба ва ҳам Раёсати корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб бо сабабҳои номаълум дар мавриди ҳар гуна ҷиноятҳои рухдода барои ВАО иттилоъ додан намехоҳанд. Ҳамин бемасъулиятии сардорони мақомот аст, ки дар пайи ҳар ҳодисаи ба амаломада усулан интернет ва дигар воситаҳои электронӣ аз рӯи овозаҳо хабарҳои росту дурӯғ нашр мекунанд. Ба ин монанд, дар шаҳр овоза аст, ки қазияи ин бону-лейтенанти калони милиса бо ҳолати ҳамагӣ 4 рӯз пеш рухдодаи корманди КДАМ Муҳиддин Юноев бастагӣ дорад. Тибқи ҳамин овозаҳо, корманди ярадоршудаи КДАМ бо ин бону шиносоии наздик доштаанд. Ёдовар мешавем, ки шаби 13 май Юноевро дар торикии шаб шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор дода, ба баданаш 24 зарби корд зада буданд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин афсар рӯ ба беҳбудист ва интизор меравад, ки ин амали ноҷавонмардона ошкор ва ҷинояткорон боздошт мегарданд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Панҷшанбе, 18 Май 2017 10:29


1 рӯзи истироҳатии маъмулӣ овози мусиқӣ баланд шуду зане бо овози шево сароид: «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае». Ин оҳанг маро ба дуриҳои дури айёми кӯдакӣ бурд. Дар кӯдакӣ аз дигар бародаронам (мо 6 писарем дар оила) бештар бо модарам будам ва ҳамеша аз пасаш ин тарафу тараф мерафтам. Маълум, ки он замон (нимаи солҳои 1970) мардум аз техникаю таҷҳизоти имрӯза хеле камтар доштанд ва занҳову мардҳо дар ягон ҷое ҷамъ омада, аз рӯзгору кору борашон қиссаҳо мекарданд ва аз имрӯзҳо дида бо ҳамдигар бештар қарину наздик буданд. Ана дар ҳамон айём, 1 рӯзи гарми тобистон 1 идда занҳо зери дарахти бед нишаста, дар ҳар мавзуъ гуфтугӯ доштанд. Ҳамин вақт аз радиое, ки дар симчӯбе насб карда шуда буд, садои Нигина Рауфова баромад ва оҳанги «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае» дар фазо танинандоз гардид. Ҳама занҳо якбора ба оҳанг дода шуданд. Ман бе таваҷҷуҳ нишаста будам ва на ба маънии суруд сарфаҳм мерафтаму на ба аломати хомӯш нишастанашон. Ҳанӯз ҳам суруд ҷараён дошт ва баногоҳ дидам, ки дар чашмоне баъзе аз занҳо қатраҳои ашк намоён шуданд. Аз модарам оҳиста пурсидам: «Оча, чаро инҳо гиря мекунанд?» Модарам ҷавоб дод: «Барои ёди Ватанашон». Пурсидам: Ватан чист? Гуфт: «Ҷои таваллудашон! Онҳоро аз Файзобод ба ин ҷо муҳоҷир кардаанд ва барои ҳамин дар ғами ватанашон гиря мекунанд». Чунин чанд саволу ҷавоб миёни ману модарам бадал шуд, вале ба маънии Ватан, муҳоҷир, пазмон шудан… аз ин ки ҳанӯз мактабхон набудам, комилан сарфаҳм намерафтам.

Нигинаи Рауф-ситорае дар замин буд
Зиндаёд аз зумраи овозхононе буд, ки махсусан дар миёни занҳои деҳот обрӯ ва муҳаббати беандоза дошт. Бисёр занҳое буданд он замон, ки ба ҷуз аз Нигина дигар овозхонҳоро қариб ки намешинохтанд. Модари раҳматии ман ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, ки бо фахр мегуфт: «Ба ғайр аз Нигина ягонташро намешиносам». Аз ин рӯ, ӯ барҳақ овозхони ҳамаи давру замонҳо буду ҳаст ва дар таърихи мусиқии Тоҷик ҷою мақоми хосаи худро дорад.
Ағлаби оҳангҳои сароидааш маъруфият касб карда, ба масали имрӯза «шлягер» гаштаву онҳоро дар тӯю ҷашнҳо месароиданд. Махсусан оҳанги «Офтоб задай ба сараки олучаме» бештар машҳур шуда, ягон маъракаи ба хизмат гусел кардани наваскарон бе иҷрои ин оҳанг намегузашт. Модарони дар ғами писарони дар хизмат будаашон ҷигархун бо шунидани ин суруд бо садою бесадо ба гиря даромада, аз Нигина сипосгузорӣ мекарданд. Пас, гуфтан мумкин, ки садои Нигина садои модарони пурармон буд, ки дар ғами зодбумашон ва фарзандоне дар дуриҳои дур, дар сафҳои артиши собиқ СССР хизмат мекарданд, обу адо мешуданд. Дар суҳбат бо ман Мукаррама Шарифова аз сифатҳо ва заҳматҳои устодаш бароям хеле қиссаҳои ҷолибе кард ва маро боз ҳам бештар ба дунёи хаёлоти замони кӯдакӣ бурд ва тасаввур кардам, ки дар олами кӯдакӣ ба сар мебарам ва дар миёни модароне қарор дорам, ки аз садои фораму дилнишини ӯ ба ваҷд омада, беихтиёр ашки ғаму ҳасрат мерезанд.

Садои ҷовидон
Имрӯз, бо гузашти беш аз 40 сол он модароне, ки якҷо ҷамъ меомаданду аз ину он суҳбатҳои ширину хотирмон мекарданд ва бо шунидани садои Нигина бесадо мегиристанд, ҳама аз дунё гузаштаанд ва дар ман ҳамон ёдҳои даврони кӯдакиро ба ёдгор гузоштаанд. Ҳар боре, ки ба деҳа меравам, каме дар ҳамон мавзеъҳо сайругашт мекунам ва он ҳама айём пеши назар ҷилва мекунад. Вале садои ҷодуии Нигина Рауфова ба мисли Баҳору Наврӯз ва хандаи гули саҳаргоҳ ҷовидон асту ба шунаванда шавқу шӯр ва ҳаяҷони беандоза мебахшад. Чун дарёфтам, ки санаи 21 май зодрӯзаш аст, он ҳама хотирот маро ба навиштани ин сутур водор кард ва аз Худои муттаъол илтиҷо дорам, рӯҳаш орому осуда ва дунёи охираташ равшан бошад.


Ҳайбатулло Шодиев,
адиб, ш.Душанбе

Панҷшанбе, 18 Май 2017 10:24


Дар доираи Соли ҷавонон ва бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақ рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмуни «Пайрави Пешво»-ро роҳандозӣ намуд, ки он аз 10 феврал то 10.05.2017 идома дошт. Маросими ҷамъбасти озмун рӯзи 12 май бо ширкати васеи сарварони нашрияҳои марказӣ ва қаламкашон дар толори Маҷмааи  табъу нашри «Шарқи озод» сурат гирифт. Ба қавли Қурбоналӣ Раҳмонзода-сармуҳаррири «Ҷумҳурият»: «Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмун дар баробари муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат тарғиби саҳми онҳо дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технологияҳои навин, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон доштани соли 2017  ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки  давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварии комил доранд».
Бо қарори ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон шомил буданд, 11 нафар ширкаткунандаи фаъоли озмун барои нашри матолиби ҷолиб бо «Ифтихорнома» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.

Панҷшанбе, 18 Май 2017 09:55


Мутобиқи созишномаи қарзие, ки дирӯз дар ш. Ҷиддаи Арабистони Саудӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба табиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» ба имзо расид, Сандуқи рушди Саудӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии $ 35 миллион мактаб бунёд хоҳад кард.
Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 1 қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.



СССР
 


Панҷшанбе, 18 Май 2017 09:43


Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷ-2017-ро муайян намуд. Барои ҳоҷиёни имсола сафари Маккаву Мадина 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил хоҳад дод.
Чуноне ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ба маблағи зикршуда хароҷоти зерин дохил мешаванд: чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром. Иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб, таъмини ҳоҷиён бо 3 вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар 1 гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
ИНчунин ба маблағи номбаршуда иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сарддидиҳанда, анҷом додани қурбонии ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд, пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ) дохил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки нархи имсолаи хизматрасониҳои ҳаҷ дар муқоиса ба соли гузашта бо қурби доллари амрикоӣ тақрибан бетағйир боқӣ мондааст. Аммо аз сабаби боло рафтани қурби доллар дар бозори асъор, ин омил ба арзиши умумии хизматрасониҳо дар мавсими ҳаҷи имсола бо пули миллӣ таъсир гузошт. Зеро қарордодҳои Кумита бо ширкатҳои хизматрасонии Арабистони Саудӣ бо доллари амрикоӣ сурат мегиранд. Гузашта аз ин, имсол Малакати Арабистони Саудӣ арзиши боҷи шоҳӣ (авоид)-ро барои ҳар як ҳоҷӣ 52 доллари амрикоӣ боло бурд.
Агар ба арзиши хизматрасониҳои ҳаҷ дар 5 соли охир таваҷҷуҳ намоем, хулоса кардан мумкин аст, ки қимати хизматрасониҳо дар 5 сол тақрибан бетағйир боқӣ мондаанд ё нисбатан арзонтар шудаанд.
Дар соли 2012 арзиши хизматрасониҳо 17 ҳазору 127 сомонию 79 дирам = 3546,12$, дар соли 2013 17 ҳазору 625 сомонию 30 дирам = 3649,13$, дар соли 2014 18 ҳазору 164 сомонию 92 дирам = 3654.90$, дар соли 2015 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирам = 3585.61$ ва дар соли 2017 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам = 3630,21$-ро ташкил дод.



СССР
 


Панҷшанбе, 18 Май 2017 09:12


Неъматулло Давлат (тел: 904 47 54 87), сокини шаҳри Роғун меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки писари ман Давлатов Файзалӣ дар асоси бастани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ хонаеро дар ш.Душанбе, кӯч.А.Ҷомӣ, хонаи 54 харида, ба он ҳуқуқи соҳибмулкиро ба даст овард. Вақте барои соҳибӣ намудан ба хона рафтем, шахсони тасодуфие, ки бо ин манзил ягон алоқамандӣ надоранд, барои холӣ кардани хона саркашӣ карданд. Бо мақсади риояи талаботу меъёрҳои қонунгузорӣ мо ба суди н.Сино муроҷиат кардем. Дар асоси ҳалномаи суди н.Сино аз 19.11.2015 аризаи даъвоии моро қонеъ намуда, нафарони тасодуфиро аз манзили истиқоматӣ кӯчонида буд. Бо сабабҳои барои мо муаммо дар таърихи 11.01.2017 дар асоси таъиноти муовини аввали Раиси Суди Олии ҶТ оид ба марҳилаи назоратии суд ирсол кардани делои мо бо қарори марҳилаи назоратӣ тамоми қарорҳои пештараи судӣ бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудан ба марҳилаи аввали судӣ фиристода шудааст. Чунин Қарори марҳилаи назоратии Суди Олӣ моро тамоман дар шубҳа гузоштааст. Аз ин рӯ, аз раиси суди олӣ, мӯҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мушкили ман шахсан таваҷҷӯҳ намояд ва ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Чоршанбе, 17 Май 2017 11:53


ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дар назди ширкат қарзҳои ҳангуфт доранд ва бо гузашти муддати зиёд аз пардохти он саркашӣ мекунанд.
Илҳомҷон Соҳибов, раиси ширкати мазкур дар 1 сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки то ба имрӯз қарзи 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» то ба 184 миллион сомонӣ расидааст ва бо сабаби конвертатсияи асъори хориҷӣ, ширкат алакай 18 миллион зарари молӣ низ дидааст.
- Мо маводи сӯзишворӣ, хоса керосини аълосифатро аз Русия бо пешпардохт харидорӣ менамоем, зеро бо пешпардохт қиммати сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Мо айни замон дар масъалаи пардохт бо ягон ширкати хориҷӣ мушкил надорем, проблема асосии мо имрӯз ин сари вақт пардохт накардани қарзҳо аз тарафи ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» мебошад. Новобаста аз реҷаи имтиёзноки пардохти пули сӯзишворӣ, ин 2 ширкат ҳоло тамоман маблағ пардохт намекунанд ва ин зарари ҷиддӣ ба самти фаъолияти кории мо ҳам зада истодааст,- таъкид дошт Илҳомҷон Соҳибов.



Канӣ, монополия!?
Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ширкати «Сомон эйр» азонҳо маводи сӯзишворӣ намегирад ва ҳавопаймоҳои хатсайрҳои он дар шаҳрҳои Бишкеку Чимкент ист намуда керосин харидорӣ ва захира мекунанд.
- Борҳо мегӯянду менависанд, ки керосини авиатсионӣ дар Тоҷикистон монополия шудаасту ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ имкони харидорӣ намудани онро дар хориҷ надоранд. Аммо, бубинед, ҳоло ҳам ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» ва хам «Сомон эйр» дар фурудгоҳхои Бишкеку Чимкент фуруд омада керосин мехаранду захира мекунанд ва касе ин корро барояшон манъ накардааст, пас ку, монополия!? Нархи 1 тонна керосини авиатсионии мо тайи 1 соли охир тағийр накардааст- $1120, он ҳам бо назардошти тамоми хароҷоти роҳ, барасмиятдарории гумрукӣ ва дихар боҷу хадамотҳо. Дар Бишкек 1 тонна керосин $ 720, дар Чимкент $926 ва дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон он $1250 аст. Фарқияти нархи мову Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон зиёд нест ва бояд онро ба назар гирифт, ки роҳашон наздиктар буда бархе кишварҳо боҷи гумрукӣ намесупоранд ва ин омил ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, - гуфт Илҳомҷон Соҳибов.
Бояд қайд намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дучори мушкилоти зиёд гашта қариб, ки тамоми хатсайрҳояшон бо таъхир меояд ва аз ин ҳолат азияти бештарро мусофирон мебинанд.



СССР

саҳ 9 аз 19

Китобҳо

Flag Counter