ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 24 Август 2017 16:40


Минбаъд тамоми маросими баргузории  дафну азодорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ин раванд тибқи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сурат мегирад, ки он дирӯз аз ҷониби вакилони Парлумони мамлакат қабул гардид. Аз ҷумла,  маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон  дар Тоҷикистон  баргузории маъракаи «ҳоҷизиёрат» аз ин  ба баъд манъ гардида, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои  адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

СССР

Панҷшанбе, 24 Август 2017 09:21


Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро муайан кард ва имсол Иди Қурбон чун дигар кишварҳои мусалмонӣ рӯзи 1 сентябр қайд карда мешавад.
1 сентябр соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.
Соли равон санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

СССР

Чоршанбе, 23 Август 2017 13:47

22.08.2017, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ФОТОН”, Бердизода Парвизи Бобомурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300 метр чаппа шудааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа худи ронанда, Бердизода П. ва мусофираш, Одинаев Парвиз Сангалиевич соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашина Акбари Турсунмурод соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин шаҳр, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

СССР


Чоршанбе, 23 Август 2017 12:13


Субҳи имрӯз, 23 август раиси ноҳияи Бохтар-Ҷаббори Ғаффор ба маъюбони ноҳия маводи хӯрока ва барои пухтани шириниҳо духовка ҳадя кард. Раиси ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки шарту шароит ва зисту зиндагонии тамоми табақаҳои ҷомеа дар мадди назар буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону бепарасторон, ки беш аз 300 нафаранд, тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудаем ва ин иқдоми нек то 26-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, 21 Август 2017 11:25


17.08.1934. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Анҷумани аввалини умумишӯрави нависандагон доир гардид. Тоҷикистонро дар ин Анҷуман устод Садриддин Айнӣ намояндагӣ мекард.

17.08.1958. Пешвои коммунистони Чин Мао Дзедун сиёсати "ҷаҳиши бузург"-ро дар Чин оғоз намуд.

17.08.1977. Киштии яхшикани атомии шӯравӣ "Арктика" аввалин шуда, миёни киштиҳои рӯиобӣ ба қутби Шимолии Замин расид.

Душанбе, 21 Август 2017 09:51


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ мақолаи Олимбеки Зиёиён - «Дар Мастчоҳ ягон корхонаи саноатӣ нест!» (СССР, №15(448), 13.04.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд зикр кард, ки муаллифи мақола ё аз ин макон нест, ё аз ин замон… Алҳол дар ноҳия 9 адад корхонаи коркарди пахта, 4 адад корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли семент, 1 адад матбаа, 2 корхонаи ресандагӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли орд, 2 адад корхонаи истеҳсоли хишт ва даҳҳо корхонаи хурди саноатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар фаъолият доранд. Сол аз сол соҳаи саноати ноҳия рушд ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ин ба таври мусбат ба коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират таъсир расонида, ба рушди устувори равандҳои демографӣ замина гузошта истодааст. Мутаассифона, муаллиф ба дастовардҳои ноҳия аз паси панҷа менигарад.


Т.Ҳасанов, муовини Раиси ноҳия

Душанбе, 21 Август 2017 09:45


Холмаҳмад Раҷабов, сокини ҷамоати Амондараи ш.Панҷакент (тел: 900 62 38 78), аз аввалин мухлисони газета то имрӯз, меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки ман 1 мушкили судӣ дорам. Писари ман Холмаҳмадов Баёнқул Раҷабович (с.тав.1978), собиқ корманди СКС КДАМ ҶТ с.2009 бо ҳукми Суди Олии ҶТ, бо моддаҳои 195 қ.2, 393 қ.3 КҶ ҶТ ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Писарам аз 14.05.2008 ба тақдир тан дода, то ҳол дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунад. Шаҳрванд ҳақ дорад, ки тибқи ариза аз мақомоти дахлдор талаб кунад, ки фарзандашро ба муассисаи ислоҳии дигар гузаронанд. Бо ин мақсад ба Суди Олӣ ариза додам. Ба аризаам А.Ашурзода-муовини раиси Суди Олӣ ҷавоб дод, ки ба суди ноҳиявии маҳалли адои ҷазо муроҷиат кунед. Рӯзи 14.07.2017 ба суди н.Сино ариза додам, то ин ки писари маро ба муссисаи дигар гузаронанд, то имконияти бо ӯ дидор карданро дошта бошам. Аризаро судя Бахтиёр Искандарзода худаш танҳо дар 15 дақиқа дида, навишт, ки «писари шумо ислоҳ нашудааст». Наход, дар мӯҳлати 9 сол Баёнқул ислоҳ нашуда бошад? Судя пеш аз ин посухро навиштан бояд бо маҳкумшуда сӯҳбат кунад ва ӯро бисанҷад, ки оё ислоҳ шудааст, ё на?

Душанбе, 21 Август 2017 09:40


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзомуддин Каримзода, аз маҳаллаи 65-уми ноҳияи Фирдавсӣ, бо телефони 93 503 10 74 ба СССР занг задаву гуфт, ки либосҳои ҳоҷиён дар хонаи Худо ранги формаи маҳбусон шудааст. Магар намешавад, ки либоси ҳоҷиён ҳам миллӣ бошад? Масалан, дар хонаи Худо аксарияти халқу миллатҳо либосҳои миллии худро доранд. Аз мо ғайримиллист ва сифат надорад ва дар обу ҳавои Арабистон аслан мувофиқ нест, зеро ҳаворо намегузаронад ва дар обу арақ тар мешавед.

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter