ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:56


Дар шумораи охирини СССР шеърҳоеро мутолиа кардам, ки онҳоро таҳқир нисбати 2 шоири тавонои миллат меҳисобам. Агар Низом Қосим соҳибмактаб намебуд, ба ин мартаба намерасид. Охир рӯзе, ки ӯро садр интихоб мекарданд, касе аз минбар овоз баланд накарда буд. Садҳо нафарро аз Ӯзбекистон аз доираи адабӣ пеш карданд, осмон омада ба замин начаспид. Биёед, сангандозӣ ва кулӯхандозиро хотима диҳем.

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:52


Чаро масъулини ш.Қӯрғонтеппа наметавонанд нархи сӯзишвориро ба 1 тартибу низоми доимӣ дароранд!? Соҳибкорони шаҳр пештар баҳона мекарданд, ки дар пайи тармафароиҳои зиёд ва барои чанд муддат баста будани роҳи Душанбе-Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Имрӯз нархи 1 литр бензини навъи АИ-95 ба 6,80-7сомонӣ расидааст. Ронандагони мусофиркаши ш.Қӯрғонтеппа мегӯянд, болоравии нархи сӯзишворӣ кори онҳоро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Салоҳиддин Мирзоев-ронандаи нақлиёти мусофирбар гуфт, ки ман аз Раёсати зиддиинҳисорӣ иддао дорам, чаро нархи сӯзишворро танзим намекунад? Агар аз ӯҳдаи фаъолияти кориашон намебароянд, чаро ин корхонаро аз байн намебаранд? Ман оиладор ва иҷорашинам, зиндагиро бо кирокашӣ пеш мебарам ва пас аз боло рафтани бензин аз 1 бурида нон ҳам хоҳем монд. Ясриби Карим-коршинос мегӯяд, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ маводи сӯхт фаровон аст, аммо онро захира мекунанду барои фурӯш кам мебароранд. Хосса, дар ҳолатҳои изтирорӣ ва фавқуллода нархи маводи сӯхтро дучанд карда ба бозор мебароранд. Маълум аст, ки аз чунин амал на танҳо ронандаҳо зарар мебинанд, балки пайдарпай гарон шудани нарх ба роҳкиро низ таъсир мегузорад. СССР барои равшанӣ андохтан ба ин мушкил, ки тайи 1 ҳафтаи охир сокинони ш.Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи онро нигарон кардааст, тавассути телефони 83222 2 53 58 ба маъсули Раёсати зиддиинҳисории шаҳр Б.Давлатов муроҷиат намуд, аммо касе аз ин ниҳод нахост бо журналист ҳамсӯҳбат шуда, мавзӯро шарҳ диҳад.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:44


(Ба ҳама ОЧАҶОНҲО бахшида мешавад)

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:38


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус гуфт, ки "ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд." Президент бо ишораи низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна гуфт, тибқи иттилои мақомот, дар 5 соли гузашта аз н.Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла, 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 кӯдак ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз н.Шаҳритус 79 нафар дар қаламравҳои таҳти тасарруфи гурӯҳҳои ҷангӣ қарор доранд ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд.

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:35


Барои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв дар деҳаи "Байтқӯрғон"-и н.Қибрайи вилояти Тошканд қароргоҳи нав бунёд мекунанд. Масоҳати қароргоҳ бузург буда, барои бунёди он манзили зисти даҳҳо сокинро хароб ва роҳҳоро васеъ кардаанд. Президенти Ӯзбекистон то имрӯз дар манзили шахсияш зиндагӣ мекард, ки дар кӯчаи Шамсии ш.Тошканд ҷойгир аст.

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:32


Лидери Чеченистон Рамазон Қодиров ба пешгӯии сиёсатшинос Глеб Павловский, ки ӯро аз ҷойгузинҳои эҳтимолии В.Путин дар оянда хондааст, посух дод. Ӯ тариқи паёмрасони "Телеграм" ба Глеб гуфт, "ҳамаи мутафаккирони дурӯғин, ки дар масъалаи раҳбари ояндаи Кремл назар медиҳанд, бояд 1 нуктаро аз ёд кунанд, ки маъмурияти Кремл хӯҷаин дорад, хӯҷаинаш президент Путин аст ва мо аскарони пиёдаи ӯ ҳастем."

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:28


Ҳафтаи гузашта ҳайати намояндагони ВКД ҶТ бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Азизов Абдусалом Абдумавлонович вохӯрда дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба 1 қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.


СССР

Панҷшанбе, 17 Август 2017 09:18


Талоқдиҳандаро бор бандед!
Тавре маълум, талоқ-ҷудошавии оилаҳои навхонадор дар ҷамъияти имрӯзаи мо бениҳоят зиёд шудан дорад. Ин на танҳо доғ, балки фалокат аст, бомба аст. Ман дигар намедонам, ки оқибати ин бо чӣ меанҷомад?

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter