ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 17 Август 2017 08:05


Миннат аз ҳамраҳии Хизр кашидан ситам аст,
Ҳар кӣ об аз дами шамшер хӯрад, нӯшаш бод!
Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҷавонмард дошт, ки онро ҳам фашистакони урусӣ шикаст додаву муҷозо карданд. Сухан сари баҳс бо матлаби «журналист» дар қавсайни газетаи «Комсомольская Правда»-и Маскав меравад, ки расо 1 сол пеш бо матлаби "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" миллати Шарифи моро таҳқир, дашном, ҳақорат дод, вале касе расман ба ӯ посух нагуфт. Илло 1 муҳоҷирбаччаи 23-солаи Тоҷик, ки он ҳам бо «ник»-имзои мустаор таҳдидаш кард, ки агар ёбам, аввал поятро мешиканаму в-он гаҳ хоҳамат кушт. Ана ҳамин баччаро Пономарёв тавассути пулис ва мақомоти амният ёфтаву ба суд кашид. Иззатулло, ки медонист ба ватан гурехта ояд, чун садҳо тани дигар ҳамватанаш ба гурӯҳи «депорт» меафтаду ҳолаш батар аз пиндор мегардад…аз фашисти рус узр пурсид. Пономарев ӯро бахшид. Кӣ киро бахшид, хонанда? Фашисте, ки омада миллати шариферо ба хар ташбеҳ кардаву ғулом хонду Джумшуту Ровшан-тупойтарин чеҳраҳои манфур ва пасттар аз чукча хонда буд, ягона нафареро, ки гуфт, мо чунин нестем, бахшид?!
Ин таҳқири сахттар аз мақолааш буд, ки Пономарёв бо мо кард, аммо…
…Аммо гиреҳи моҷаро ин аст, ки парлумони ҷоноҷону ҳайборакаллоҳи мо хомӯш нишаст. Мисле, ки ҳама вақт дар баробари дилхоҳ таҳқиру маломату дашному сақати Миллат ин парлумон хомӯш буду ҳаст. Парлумони хомӯштарин дар ҷаҳон шояд Маҷлиси миллии мост, ки ҳатто наметавонад ба 1 тан посух гӯяд…
Вазорати хориҷаи мо чӣ? Оё шунидаед, ки ақаллан мисли вазорати хориҷии Папуа-Гвинея ва ё Қирғизу Ӯзбаку Турк…манистон дар ин мавридҳо Нотаи Эътироз ҷое равон карда бошад? Ягона ниҳоде, ки соли пор гуфт, мақолаи Пономаревро мавриди таҳқиқ қарор додааст, Додситонии кулл шуд. Вале баъдан маълум гардид, ки ин ниҳод низ дурӯғ мегӯяду парвои таҳқиру дашноми миллати шарифи Тоҷикро надоштааст. Зеро то кунун ин изҳорот бидуни вокуниш монд, ки монд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бошад кайҳо ба дашному таҳқиру таҳдиду қатлу куштору фанду фиреби 1 млн муҳоҷири кори мо дар Русия аз паси панҷара менигарад. Агар умуман нигарад…
Ба таҳқиқ, чун нек биандешӣ, дарк мекунӣ, ки барои вазоратхонаҳои мо гӯиё ин Миллату ин Давлат бегона бошанд. Ҳоло рӯзе мерасад, ки хонаву дари ишон дар Русия ва дигар кишварҳо ошкор гардад, мисле, ки бӯстонсароҳои «антикоррупсионерҳо» фош шуда истодааст. Инҳо хонаву дар нестанд-инҳо паноҳгоҳ ва ё худ «бункери фирор» аз Тоҷикистон дар рӯзи саъд ҳастанд. Ба забони дигар, ҳар баландрутбае дар хориҷ хона мехарад, аллакай ба Ватан хиёнат кардааст. Зеро роҳи фирор меҷӯяд…
Маҳз ана ҳамин бепарвоӣ ва беэътиноӣ дар нисбат ба таҳқири миллат аст, ки Тоҷик дар Русия Ровшану Джумшут шудааст. Воқеан, агар хонандаи ҳамешагии мо нек дар хотир дорад, СССР аз рӯзи сари кор омаданаш қаҳрамонҳои шоуи НТВ-ро бо номи Галучопстян ва Иван-дураки рус ба мазҳака кашиду оқибат ин сериоли таҳқирӣ аз миён рафт. Аммо Ровшану Джумшут боз дар экранҳо пайдо шуда истодаанд, ки далели бепарвоии мост: касе нест дигар эътироз кунад ва боз ин комикҳо сар карданд...
Воқеан ҳам дар ҳамон давру замон 1 тоҷикаке, ки боз доктори илм будааст, эътироз кард: Зидди СССР баромад, ки миллати арману русро дар симои Галучопстяну Иван-дурак, гӯиё мо таҳқир мекардаем ва Шӯрои ВАО-и онвақта моро «маҳкум намуд». Тасаввур мекунӣ, хонанда?
Ана ҳамингуна доктору Шӯроҳо, додситониву вазоратхонаву парлумонҳо, ки дорем, дилхоҳ бодовардаро сари мо пирӯз кардаанд…
Вале бояд гуфт, ки Иззатулло Махсумов дар ин гирудор ягона нафаре нест, бо Пономарев баҳс кард. Гавҳар Ҷӯраеваи олинасаб нахустин шуда, бо ин «пирхари рус» баҳс кард ва ӯро ба ҷояш шинонид. Аммо аҷобат ин ҷост, ки на Гавҳар ва на Иззатулло ба масале нони ҳукуматро намехӯранд. Ҳар 2 ҳам дар Русия кору фаолият доранду ба масали маъруфи шовинистонаи кремлин «гастербайтер» мебошанд. 1 кас ба ҷои ҳама ҷавоб дод ё саҳеҳтар гӯем, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Аммо ин дуруст аст, ки ҳатман бояд «1 кас ба ҷои ҳама» бошад, ки ин моҷароро дар забони русӣ «козёл отпушения» хонанд? Ба забони дигар, дуруст аст, ки 1 хар ва он ҳам Серёга Пономарев, зери унвони баланди ЖУРНАЛИСТ ниҳон гаштаву ягона фарди далеру ғайюри Миллат-Иззатуллоро маҷбур кунад, ки аз ун «козёл» узр пурсаду Тоҷикро боз таҳқир созад?
Ба пиндори ман, Тоҷикистон ва Тоҷикон агар ғуруре дар дил ва ҳуше дар сар доранд, бояд ин ҷавонмардро намоишкорона ба Душанбе биоранд, бо кору маоши баланд таъмин намоянд, то тавассути газетаи СССР (чун ниҳодҳои ТВ-ӣ метарсанд), Иззатулло расман Пономаревро дашноме диҳад ва ба таҳдидаш устувор истад. Зеро пуштибонӣ аз Иззатулло дифоъ аз Миллату Давлати Тоҷикон аст. Вазнин намеафтад ба сарватмандоне, ки ҳамагӣ 2 рӯз пеш шахсан ман даҳҳо ҳазор сар гову бузу гӯсфандашонро дар мавзеъи Сари Хосор дидам. Чанд гӯсфанд дар 1 моҳ барои 1 Тоҷики ғайюр хайр карда наметавонед, а, мӯҳтарам, сарватмандоне, ки Тоҷикистон сарватмандатон кардааст???
Ку, 1 Тоҷики багурдаи сарватманд? Пое пеш гузорад ва мо бараш рост мешавем. Зеро Мо Метавонем!

Ҷумъа, 11 Август 2017 16:53

Ҷумъа, 11 Август 2017 10:33


10.08.1979. Дар шаҳри Новороссийск намоишгоҳи доимии "Саноати сементии СССР" ифтитоҳ гардид. Ин намоишгоҳ то суқути СССР фаъолият намуд ва баъди суқути он роҳбарияти Русия намоишгоҳро ба осорхонаи "Саноати сементӣ" табдил дод.

Ҷумъа, 11 Август 2017 10:26


Солҳои 1917-1924 уезди Ӯротеппа дар ҳайати вилояти Самарқанд; солҳои 1924-1929 вилояти Ӯротеппа дар ҳайати Републикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон; солҳои 1929-1930 округи Ӯротеппа дар ҳайати РССТ; солҳои 1945-1947 вилояти Ӯротеппа дар ҳайати РССТ. То соли 1924 волости Совот (1 қисми имрӯзаи вилояти Ҷиззах) ба Ӯротеппа ҳамроҳ буд. Яъне мо-Тоҷикон на танҳо Самарқанду Бухорою Сурхондарё, балки заминҳои бузурги Истаравшани бостониро ҳам аз даст додаем, ки дар ин хусус устод Раҳим Масов хубтар медонанд! Соли 1924 заминҳои холии Ӯротеппаро ин тавр тақсим карданд: он району мавзеъҳое, ки Роҳи Оҳани Россияи подшоҳӣ сохта мегузашт, пурра ба Ӯзбекистон гузаштанду ин тарафи роҳи оҳани бе рельсу бе поезд ба РАССТ! То соли 1929 дар шимол воридшавӣ ба Тоҷикистон аз Ӯротеппа сар мешуд. (Уезди Хуҷанд мустақиман дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон шомил буду Ӯротеппа ба РАССТ!) Ин хронологияи таърихӣ махсус ба журналисти патриоту варзида-Маҳмуди Ашӯрмуҳаммади конибодомӣ аст, ки дар 1 матлаби кӯтоҳи худ ба саҳви таърихӣ роҳ додаанд.

Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Истаравшан

Ҷумъа, 11 Август 2017 10:23


Апаам баъди таъмири хонааш аз ман хоҳиш намуд, ки ҳуҷраҳояшро дору занам, то клоп (шавзод)-ҳое, ки дар кулбааш чун мӯру малах бисёранд, агар нест ҳам нашаванд, аққалан кам шаванд. Манзили якҳуҷрагаи апаам дар ошёнаи 1-уми хиёбони С.Шерозӣ-75 (мкр.32, н.Сино) ҷойгир аст. Аз ин рӯ, хостам таҳхонаи онро ҳам дору занам. Ба шумо дурӯғу бар Худо рост, даруни подвал он қадар мусор (ғаждиву ифлосӣ)-ро дидам, ки 1 даҳшат!!! Байни қуттиву хиштпораҳо ва оҳану бетонҳои шикаста ба зӯр гузашта, дору задам. Дар нимторикӣ аз пешам якчанд калламуш гузашт, ки (агар бовар кунед!!!) аз пишак ҳам калонтар буданд. Чароғи дастамро сӯи якеаш равон сохтам. Дар рӯшании чароғ чашмонашро аз ман наканда, нотарсона сӯям менигарист. Яъне, “дар ин зона мо хӯҷаини мутлақем!” гӯён парво надоштанд. Ман бо ҳарос ба дорупошӣ сар кардам. Дидани калламушҳо ин аввали кор буд. Баробари қадам задан 1 қиёмат ҷондорҳо виззаскунон ба пойҳоям часпиданд. Доруро гирифта ба пойҳоям пошидам. Ин ҳам кора накард. Доруро тез-тез зада ба берун баромадам. Ҳамсояҳо дар либосҳои ман “лашкар”-и кайкҳоро дида ба воҳима афтоданд. Бовар кунед, куртаи сафедам аз кайк сип-сиёҳ шуда буд!!!
СССР-и азиз! Агар дар 1 бинои истиқоматии шаҳр ин қадар шавзоду кайку калламуш бошад, дар ҳудуди Душанбе чӣ қадар аз ин хунмакҳо ҳаст? Оё санэпидемстансияи шаҳриву ноҳиявӣ аз ин проблема дарак доранд?

Фарҳоди Сафар,
ш.Душанбе, тел: 904 08 19 50

Ҷумъа, 11 Август 2017 10:11


Узви Ихвон-ал-СССР, Шарофиддин Умарови 75-сола, сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор бо телефони 907 70 18 69 ба СССР занг задаву гуфт, ки бародари азиз, ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, 1 нафар хабарнигори худро ба деҳаи Шарора фиристед. Ин ҷо ягона мушкиле, ки мардумро ба дод овардааст, беобӣ аст. Кӯтоҳи гап, дар Шарора ягон қатра об нест! Тамоми зироату кишти мардум аз беобӣ хушкид. Ягон қатра обро на дар болои замин мебинед ва на дар таҳи замин!!!

Ҷумъа, 11 Август 2017 10:01


Узви Ихвон-ал-СССР, Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим аз ноҳияи Рӯдакӣ бо телефони 904 56 35 32 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ман мехоҳам донам, ки дар Тоҷикистон доир ба иқтисодиёти миллӣ эксперт дорем? Агар бошад, чаро дар бораи болоравии нархи маҳсулоти дохилӣ фикр ва баҳс намекунад? Чаро донишмандони мо ба ин мушкил бетарафиро ихтиёр кардаанд? Вақти он расида, ки ҳар 1 иқтисоддони мо барои пешбурди иқтисодиёти миллӣ аз заковати баланд кор гиранд. Зеро дар кишварҳои пешрафта вобаста ба тамоми самтҳои иқтисод коршиносҳо мавҷуданд. Аммо дар мо бошад ҳамаи олимон сухан ё ишораи президентро интизоранд. Барои мисол, то аз тарафи президент соли 2017 Соли ҷавонон эълон нашуд, ягон вазиру раис дар бораи ҷавонон фикр намекард!

Ҷумъа, 11 Август 2017 09:32

Садамаи пурқурбоние, ки 30.07.2017, соати 11:10-дақиқа дар маҳаллаи «Водонасос»-и пойтахт сурат гирифт, мавриди санҷиши Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ қарор дорад.
Чуноне ки ВКД ҶТ хабар додаст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 01-00 МА 01 Шарифов Одилҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ташкент, хонаи 4 буда , муфаттиши шӯъбаи тафтишотии КДАМ ҶТаст. Вай ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Амиршоев ба самти кӯчаи Чашмасор (Водонасос)-и шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон Мизонов М. ва Ҷобиров К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷобиров Қ. дар беморхона вафот кардааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур маводҳо барои қабул намудани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст.

СССР


саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter