ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 21 Август 2017 08:22


Қатли ҷияни Нурӣ
Ризвон худро лидери комилҳуқуқи тамоми тоҷикони дар Афғонистон буда медонист. Нақл мекунанд, ки дар яке аз нишастҳо Ризвон шахсан ҷияни Саид Абдуллоҳи Нуриро дар ҳузури ахирӣ ба қатл мерасонад. Аммо Маҷнун дар маҷлиси Ризвон ҳозир мешавад ва ҳангоме, ки ҷангиёни Ризвон мехостанд шикояткунандаро барои шикояташ аз бедоди ҷангиён танбеҳ диҳанд, Паллаев ӯро аз дасти ҷангиён халос мекунад ва зидди Ризвон бармехезад. Ба нақли ҳозирин, ки баъди анҷоми ҷаласа ҳама гумон мекарданд, Ризвон Маҷнунро мепарронад, аммо Содиров ба паррондани Маҷнун ҷуръат накард. Маҷнун инчунин ба фиристодани кӯдакони гурезаҳои тоҷик барои таълими динӣ гирифтан ба Покистон сахт мухолифат мекард. Баъди дидани ин қазия Маҷнун бо муллоҳои тоҷик сахт даргир мешавад ва мегӯяд: "Шумо сарнавишти баччаҳоро тира мекунед". Мегӯянд, Маҷнун барои пешгирии ин кор ба роҳбари исмоилиёни Афғонистон-Саид Мансур Нодирӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ муроҷиат намуда буд. Паллаев ҳанӯз с.1994 барои халъи силоҳ кардани дастаҳои мусаллаҳ дар Бадахшон баромад кард, аммо моҳи ноябри с.1994 "генерали мардумии" дигари Бадахшон-Алёш дар натиҷаи таркиши мошинаш фавтид ва раванди силоҳсупорӣ дар Бадахшон ба таваққуф афтод. Алёш 2 рӯз қабл аз ин ҳодиса, дар ТВи вилоятӣ баромад намуд ва аз супоридани силоҳи ҷангиён ҷонибдорӣ намуда буд. Аммо с.1995 дар Бадахшон воқеае рух дод, ки назари Маҷнун ва ҳамраҳонашро боз тағйир дод. Майи с.1995 аз Бадахшон пешвои мазҳабии исмоилиён Оқохони 4 дидан кард. Дидори имом барои исмоилиёни Бадахшон, ки солҳо аз дидори ҳуҷҷаташон маҳрум монда буданд, 1 воқеаи таърихӣ буд. Оқохон ҳини боздидаш аз Бадахшон бо Маҷнун ва дигар қумондонҳои бадахшӣ дидор кард. Мегӯянд, Маҷнун дар ин дидор ҳеҷ сухан нагуфт ва рӯ ба замин хомӯш мегирист. Аммо Оқохон ба ӯ муроҷиат кард ва гуфт: "Агар аз шумо хоҳише кунам, шумо онро иҷро мекунед? Маҷнун ҷавоб дод: "Ту имоми моӣ, чи гуна аз ҳарфат сарпечӣ мекунем?" Оқохон боз пурсид: "Агар ба шумо амр диҳам, силоҳҳоятонро ба замин гузоред ва ҷанг накунед, шумо итоат мекунед? Маҷнун тасдиқ мекунад ва Оқохон мегӯяд: "Набошад ман аз шумо хоҳиш мекунам силоҳҳоро супоред ва зидди давлате, ки дар он зиндагӣ доред, наҷангед!" Мутаассифона, ӯ то фарорасии сулҳи Тоҷикон умр надид. Майи с.1996 баъди баргаштанаш аз қароргоҳи дастаи сарҳадчиёни рус якбора ҳолаш бад ва бистарӣ шуд. Пизишкон муайян карданд, ки Маҷнун заҳролуд карда шудааст. Паллаев аз ин заҳр натавонист ба худ биёяд ва баъди 2 ҳафтаи беморӣ ҷон дод.
"Горбун"
Яке дигар аз генералҳои мардумии Бадахшон Абдуламон Аёмбеков бо лақаби "Алёш горбун" ба шумор мерафт. Ин "генерал" ҳамагӣ 1 метру 55 см қад дошт ва бар иловаи ин кӯзапушт ҳам буд. Аммо Алёш иродаи оҳанин ва истеъдоди ташкилотчигии волое дошт ва ин сифот нуқсони ҷисмониашро ҷуброн карданд. Баъди оғози даргириҳо Аёмбеков бачаҳои маҳаллаи Хлебзаводи Хоруғро, ки он ҷо истиқомат мекард, гирди ҳам овард ва дастаи мусаллаҳи худро таъсис дод. Ситоди ӯ дар Хлебзаводи Хоруғ яке аз асоситарин марказҳои мухолифин шуд ва тамоми қумандонҳои саҳроии Бадахшон дар як замони муайян аз ин ситод ҷонибдорӣ мекарданд.


Аёмбеком-Эскобарои Тоҷик
Аёмбековро дар вақташ ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекарданд. Журналисти рус Мумин Шариков-муаллифи китоби "Наркобизнес дар Русия" муътақид аст, ки худи Горбун ба ин кор даст доштанашро инкор намекард. Шариков менависад, ки Алёш мегуфт: "Ман дигар ҳеҷ роҳе барои дарёфти озуқаву силоҳ надорам. Агар ин корро накунам мардумам аз гуруснагӣ мемиранд". Мардуми Хоруғ ҳам бо ӯ муносибати яксон надоштанд. Ин қумандон барои иддае "қочоқчӣ" ва барои иддаи дигар "қаҳрамон" будӣ, чун тамоми пули ба даст овардаашро сарфи дарёфти озуқа ба мардум ва силоҳ барои дастаҳои худмуҳофизатӣ мекард. Дар Афғонистони ҳамсоя бозори бисёр тавонои силоҳ роҳандозӣ шуда буд. Барои мисол автомати Калашников $400 ва пулемёт $600 арзиш дошт. Мушакҳои зиддиҳавоиро то $3000 ёфтан мумкин буд. Аммо аз ҳама қимат мушаки "Стингер" буд, ки то $30.000 нарх дошт. Алёш хатти сарҳадро комилан дар даст дошт ва ҳар гоҳу ҳар ҷо хост, ба Афғонистон убур мекард. Ҷангиёнаш теъдоди 500 танро ташкил медоданд ва дар ҳоли зарурӣ ӯ метавонист дастаашро то чанд ҳазор афзоиш диҳад. Маҳз ин Алёшро ба яке аз бозингарони сиёсии минтақа табдил дод. Ҷангиёни ӯ сар то по мусаллаҳ буданд ва таҷрибаи хубӣ ҷангӣ ҳам доштанд. Бо вуҷуди қочоқи маводи мухаддир ӯ сарвате ғун накард. Шариков аз забони ӯ нақл мекунад: "Маро гоҳе Пабло Эскобарои тоҷик меноманд ва фикр мекунанд сарвати азим дорам. Аммо шумо худ шоҳидед, ки мо дар чи шароит ба сар мебарем. Тамоми пули ёфтаи мо барои озуқаву силоҳ масраф мешавад. Боз танқисӣ ҳам мекашем." Бо вуҷуди ин Алёш то вақти зинда буданаш яке аз асоситарин миёнаравҳо дар ҳалли мушкилоту низоъҳои гуногун дар Бадахшон ба шумор мерафт. Ҳатто намояндагони ҳукумати вилоят ҳам нақши ӯро дар ин самт эътироф мекарданд ва ҳини ба вилоят омадани намояндагони ҳукумати марказӣ, ҳамеша бо Гарбун маслиҳат мекарданд, то суитафоҳуме ба миён наояд.

Мактуби Ризвон ва марги Ҳофиз
Аммо Алёш миёни мухолифин низ рақибони сарсахте дошт. Яке аз касоне, ки Горбун бо ӯ аз оғоз ба мухолифати ошкоро пардохт, Ризвон Содиров буд. Соли 1993 вазъият дар Хоруғ бисёр муташанниҷ буд. Ба ин шаҳр дастаҳои зиёди мухолифин, ки миёнашон афғону покистониву арабҳо ҳам буданд, ворид шуданд. Миёни ҷангиёни омада ва аҳолии маҳаллӣ тез-тез низоъу даргириҳо сурат мегирифт ва танҳо мудохилаи ӯ ва Маҷнун Паллаев вазъиятро ором нигоҳ медошт. Он шабу руз муҷоҳидини омада, ба бинои КБДи вилоят дар Хоруғ ҳамла карда, боз ҳам ҷангиёни Алёш чекистони тоҷикро аз марг наҷот доданд. Ризвон ба ҳайси “вазири ҷанг”-и ҳукумати мухолифин с.1993 ба Бадахшон мактубе ирсол ва аз қумандонҳои маҳаллӣ талаб кард, ки ё пурра ба итоати ӯ дароянд, ё силоҳҳояшонро супоранд. Ризвон таҳдид мекард, ки дар сурати акс вориди Бадахшон шуда, ҳамаро нобуд мекунад. Горбун дар маҷлисе ин мактубро қироат кард ва ин таҳдид яке аз сабабҳои дастгирии мардум аз ҷангиёни маҳаллӣ гашт. Ӯ инчунин дастаи Ҷумъа-қумандон-бародарзодаи Ризвонро, ки дар Язғулому Қалъаи Хумб ба ғоратгарӣ машғул буд, халъи силоҳ гардонд ва дубора ба Афғонистон пеш кард. Яке дигар аз мушкилоти ҳамешагӣ муносибат бо сарҳадчиён буд. Он шабу руз дар сарҳади Бадахшон нерӯҳои марзбони Русия қарор доштанд ва миёни онҳо ва ҷангиёни Алёш низ муносибат чандон хуб набуд. Соли 1993 сарбозони рус дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Дарморахти Шуғнон 3 тан сокини деҳаро ба қатл расонданд. Ин сабаби даргирии шадид миёни русҳо ва ҷангиёни Алёш гашт. Гӯшаи дигари ин секунҷа ҷаҳони ҷиноии Хоруғ ба шумор мерафт. Гарчи худи ӯ низ ба таъбире аз ин ҷаҳони ҷиноӣ намояндагӣ мекард, лек дар ин майдон низ рақибони басо қудратманд дошт. Яке аз ин рақибонаш "авторитети" бадахшонӣ Ҳофиз Шукрихудоев ба шумор мерафт.
Ҳофиз дар авохири с.1992 аз маҳбас озод шуд ва ба Хоруғ баргашта, зидди сиёсати Алёш ва қумандонҳои дигар баромад кард. Ҳофиз нагузошт, ки мухолифин дар Хоруғ базаи ҳарбӣ таъсис диҳанд. Ӯ ният дошт бо баргузории гуфтушунид вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов ба ҷанг дар Бадахшон хотима диҳад. Миёнарави ин дидор 1 "дузди қонунӣ" ба таъбире “вор закон” аз Тошканд буд, ки ҳар 2 ӯро хуб мешинохтанд. Шукрихудоев мебоист барои вохӯрӣ бо миёнарав озими Тошканд мешуд, аммо чанд рӯз қабл аз сафараш, дар вазъияти мармуз ба қатл расид. Марги Ҳофиз норозигии навбатиро дар Хоруғ ба миён овард. Бачаҳои Ҳофиз ба ситоди Алёш омада, аз ӯ хостанд қотилонро пайдо кунад. Чанд даргирӣ ҳам миёни бачаҳои Ҳофиз ва муҷоҳидини мустақар дар Хоруғ  ба вуқуъ пайваст. Ба Алёш аммо муяссар шуд, ки ин бор низ садди ҷанги калон шавад ва бачаҳои Ҳофизро ором гардонад. Алёша ҳатто диққати ҳукумати Узбакистонро ҳам ба худ ҷалб карда буд. Тибқи баъзе маълумотҳо тирамоҳи с.1994 ҷонишини вазири дифоъи Узбекистон ба Бадахшон омад ва барои ҷангиёни бадахшонӣ ваъдаи кумак намуд. Ин қосиди тошкандӣ ҳадяҳое ҳам бо худ оварда буд, аммо Алёш ва шариконаш ҳамкорӣ бо ӯзбекҳоро қотеъона рад карданд. 

Марги Горбун
Абдуламон Аёмбеков моҳи декабри с.1994 дар Хоруғ дар теракт кушта шуд. Қотилон минаи махсусро зери санге (дар наздикии ситоди Алёш), ки ӯ бо ҳаммаслаконаш ҳамеша назди он ҷамъ мешуданд, гузоштанд ва тавассути таркиши он ба ҳалокат расид. Қатли ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Тибқи иддаои Холбаш Холбашев-қумандони дигари бадахшӣ: “Алёш, Маҷнун ва ман ҳамеша якҷо будем. Мо бисёр вақт аз ситод берун шуда, назди санги калоне, ки зераш мина гузоштанд, таваққуф мекардем. Ташкилкунандагони суиқасд ин одати моро медонистанд. Аммо дар арафаи он таркиш миёни мо нофаҳмие ба миён омад. Мо бо асабоният ба ҳар сӯ пароканда шудем. Рӯзи дигар ман ба Рӯшон мерафтам. Дар наздикиҳои фурудгоҳ Алёшро дидам. Мо ба ҳамдигар ишорате намуда, ҳар кадом ба роҳи худ идома додем. Баъд аз расидан ба Рӯшон ба ман хабар доданд, ки Алёшро куштанд".
Дар қатли Алёш баъзе мухолифини тоҷикро айбдор мекунанд. Мегӯянд, ӯ 2 руз қабл аз кушта шуданаш тариқи ТВи вилоятӣ баромад намуда, аз мардум хост, ки силоҳҳояшонро супоранд. Ин нутқи ӯ ба Ризвон писанд наомад. Баъзеи дигар тоҷирони маводи мухаддирро, ки бо Алёш рақобат доштанд, дар қатли ӯ гунаҳкор медонанд. Аммо гурӯҳи 3-ум хадамоти ҷосусии Русияро пиёдакунандаи ин суиқасд меҳисобанд. Ба андешаи бархе, минае, ки қотилон аз он истифода бурданд, $70.000 арзиш дошт ва мухолифин аз навъи силоҳ маҳрум буданд. Амалиёт низ дар сатҳи бисёр касбӣ роҳандозӣ шуда буд. Инчунин с.1995 дар барномаи "Дар зери ниқоб" (“Под маской”)-и ТВи Русия, яке аз кормандони хадамоти ҷосусӣ иброз намуда буд, ки Алёшро маҳз ӯ куштааст.


Меҳрубон Салимшоев,
Муарихи СССР

Душанбе, 21 Август 2017 08:20


Салом, СССР! 50 сол пеш гоҳ-гоҳ дар деҳа мардони хӯрҷиндаркитфе пайдо шуда, аз мардуми деҳа хоҳиш мекарданд, ки зарфҳои шикастаашонро оранд ва қадоқ (пайваст, васл) кунанд. Рӯзе ҳангоми пайдо шудани қадоқгар аз модарам хоҳиш кардам, ки ба ман ҳам зарфи шикастае ёфта диҳад, то дар қатори дигар бачаҳо назди қадоқгар равам, аммо модарам зарфи шикаста ва таъмирталабе бароям надод. Ба хона даромада ягона чойники чойхӯриамонро ба девор задаму каме чумакашро шикаста, назди қадоқгар бурдам. Чун онро қадоқ кунонидаму баргаштам, модарам чунон танбеҳам дод, ки умре онро фаромӯш намекунам… Санаи 18.10.2015 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии «Зарафшон»-и ш.Панҷакент ташриф оварда, таъмири роҳи Сӯфиён-Суғдиёнро талаб намуду супориш дод, ки корхона 1 боғчаи кӯдакон ва 1 мактаб низ бунёд кунад. Ин супоришҳои президент бо гузашти 2 сол иҷро нашуданд. Гап-гап аст, ки ба қарибӣ боз Сарвари мамлакат ба Панҷакент меояд. Ин хабар ба хонаи ору сих халондан барин шуд. Роҳбарони корхона ба сохтмончиёни хеш супориш додаанд, ки барои рӯйпӯшкунии ҷурми худ роҳро «қадоқ» ё «дарбеҳ» намоянд. Ҳайронем, ки хитоиҳо ва «муридони онҳо» то кай халқро фиреб медода бошанд? Ман аминам, ки ин қадоқ сифати роҳҳои вайрони моро батар мекунаду беҳтар не, вале мо асрори пинҳонашонро ифшо менамоем. Мо метавонем!

Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент

Душанбе, 21 Август 2017 08:16


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Бо таъйин шудани Баҳром Иноятзода ба вазифаи раис корҳои ободонию созандагӣ дар бостоншаҳр вусъат ёфтанд. Таъмиру таҷдиди майдони Ғалаба, оғози сохтмони Амфитеатр дар мавзеъи Муғ, таъмиру васеъ кардани роҳҳо… - ин рӯйхати нопурра аз нақшаи ободкориҳои шаҳрдорист! Иноятзода манфиатҳои Истаравшан-яке аз шаҳрҳои калидии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузоштааст, ки ин нишони хираду ҷавонмардию ҷасорат аст! Аммо аксари соҳибкорон пеши биною ошхонаю мағозаашонро бо оҳанҳои ғафси нӯгаш мисли найзаҳои тези ҳиндуёни Аппачӣ панҷарабандӣ кардаанд, ки дарозиаш то 3 метр буда, шабеҳи зоопарк аст! Чанд сол пеш 1 электрики поликлиникаи №2 аз симчӯб лағжида, рост болои решетка меафтад. Нӯги тези панҷара ба дунбаи ӯ мехалад!!! Кишварамон 93% кӯҳсор аст! Барои ҳамин нагузорем, ки сарватмандони бефарҳанг шаҳрҳоямонро 93% зоопарк  кунанд!!! Вақти бо қонуни меъморию шаҳрсозӣ решеткамониро танзим кардан расидааст!


Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Истаравшан

Душанбе, 21 Август 2017 08:12


Бало бар сари занҳое, ки дар қабл миниюбка доштанду имрӯз сатр мепӯшанд ва сатрро чун фарз қабул кардаанд! Гуноҳро кӣ кунаду шаттаро кӣ хӯрад?


Дилрабо Султонова,
фориғуттаҳсили ДДК, н.Восеъ

Душанбе, 21 Август 2017 08:06


Аввал ин ки погон вожаи қабулшудааст ва наметавонанд гӯянд, СМ боз калимаҳои ғайритоҷикиро корбаст месозад (душман гап наёфт, мегӯяд «думи сагат каҷ!»). Рӯиҳамрафта, беҳтар аз ин вожаи таркибӣ, яъне «дупогона» ягон байту мақолу масале нест, ки рафтору кирдору пиндори афроди дурӯяву риёкори ҷамъияти имрӯзаро нишонрастар таҷассум созад. Сӯҳбати имрӯзаи сари 2-погонаҳост. Мо Метавонем!
Зидди намози ҷумъа ва ё пӯшиши мазҳабӣ нестам. Он чизе, ки дар зер менависам, барои манъу иҷозати онҳо низ нест. Роҷеъ ба афроде менависам, ки дар ҳукуматанд, мақомотанд, раёсату корхонаҳои давлатанду зидди қонуну қавоиде, ки худ қабул мекунанд, кору фаолият мебаранд: 2 погон доранд!
Биёед, баҳсро аз пӯшиш шуруъ кунем.
Аксари сатрпӯшон занҳои 2-у 3-ву 4-уми мансабдоронанд!!! Қазияи сатри арабӣ ва зани дуввуму саввум то ҷоест, ки (мардумро кӯр напиндоред-мебин(ем)анд!) ҳатто сарояндаву мӯдпарасту фоҳишаҳои мини-юбкапӯшу нимаурён чун зани №… ин ё он сарватманд ё чиновник шуданд, аҷала сатр мепӯшанду нофҳоро пӯшонида, худ НОФИ ЗАМИН ва ё Сутуни Мазҳаб мешаванд. Дуруст гуфтам? Ещё как!
Фарзи мисол, ба мошинҳои шике нигаред, ки то 80% ронандагонашон занҳои сатрпӯшанд. Дар ҷамъияти мо, намегӯям ҳама, вале аксарияти кулли мардон низ, тавони харидории чунин мошинҳоро надоранд, чӣ расад ба занҳо. Пас ин коло аз куҷост? Суол барои андешаи қавист…
Ҳоло ин горе-чиновникҳо боз фикр доранд, занҳои №…-ашон, ки сатр пӯшидаанд, танҳо бо худашон ва он ҳам дар пинҳонӣ вискиву водка мезананд. Бечораҳо чун аз тарси зани №1 шабҳо ба ресторан намераванд, намебинанд, ки занҳои №…-ашон ҳар шаб сатр бар сар, фук дар арақ, нӯл бар «кальян»… дар ҳолати нирванаи буддоия қарор доранд.
Зидди ин рафтори чунин занҳои №… низ нестам. Давлат дунявист. Вале 2-погонӣ дупогонӣ мезояд: Шавҳарҳое, ки бар чашми ҳукумати хеш хок мепошанд, магар ҷазои амал намегиранд, аз чунин занҳое, ки худашон мисли худашон 2-погона кардаанд? Ещё как мегиранд!
Ва ин ҳоло ҷазои инҷаҳонист. Роҷеъ ба ун ҷаҳонаш муллову машоих бештару хубтар метарсонанд…
2-погонаҳои мо ҳатто кӯдакони 3-4-5-солаашонро низ сатр мепӯшонанд; онеро, ки аз зани аслаш нест. Усулан атфоли занҳои №…-и худро полуисломӣ мекунанд. Чунки дар дил ҳаваси давлати исломӣ низ доранд!!! Ана чунин умеду орзуҳо аллакай чун хиёнат бар Ватан бояд талаққӣ шавад. Мо Метавонем!
Сатр барои 2-погонаҳо, фикр доред, тарс аз Худост? Ҳаргиз! Инҳо бо Худо низ моҷарои 2-погонӣ доранд. Бо 1 погон ҳукуматро фиреб карданиянду бо 2-вумаш Худоро. Типа, Худоҷонам, агар зимом ба дасти ман бошад, исломӣ мекунам ин давлатро…вале чӣ кор кунам, ки… Ҳич кор накун. Истеъфо рав!!!
Дар асл, паси сатр фисқу фаҳшои худро мепӯшонанд (гӯиё 1 бероҳаро ба роҳи ҳақ даровардаанд. Дар асл барои секс мекунанд ин корро, вагарна чаро беҳтаринҳоро баргузида зани №… мекунанд?!). Онҳо чун узви ҳукумату корманди давлатанд, бояд донанд, ки дар давлати мо якзанӣ равост. Яъне тибқи қонуне, ки нон мехӯранду курсӣ доранд, 2-3 зан гирифтан макрӯҳ ва баъди чанд ҷаримаи нормативӣ, ҳаром аст. Дуруст аст? Ещё как!
Никоҳ ва оила дар пеши Худо аз авлавиятҳост. Чиновникҳо ва сарватмардон дар ин сурат бояд занҳои худро ҳалола кунанд. Ҳалолаи қонунӣ чист, бигӯям? Мегӯям! Агар мехоҳанд занҳои 2-3-4-уми худро ҳалола кунанд, пас аз вазифа раванд!!! Ва агар мехоҳанд сатр пӯшонанд занҳоро, низ бояд аз вазифа раванд! То 1 погон нагиранд, на бисёрзанишон ҳалол асту на сатр пӯшонидани зану кӯдакҳошон. Мо Метавонем!
Айби 2 дунёст, ки узви Ҳукумати дунявӣ бошиву занат сатрпӯш ва сафаш бешумор… Воқеан ҳам, факт низ дорам. Вақте президенти ҶТ моҳи июл аз тариқи ТВ зидди пӯшиши арабӣ ва сатру фаранҷӣ бо дард ҳарф мезаду аз фарҳанги либоси миллӣ пуштибонӣ дошт, дар осоишгоҳи Баҳористон чанд зан бо кӯдакони наврасу ноболиғашон сатрпеч мегаштанд. Огаҳон мегуфтанд, ки аз табори кадом баландрутбаи қудратиянд. Марҳамат, мехоҳед донед, киҳо буданд, равед ва камераҳои Баҳористонро варақ занед. Мо Метавонем!
Намегӯям пӯшонед, ё напӯшонед кӯдакону занҳотонро сатр. Аммо ҳатто баъди баромади ошкорои сарвари ҳукумате, ки аъзои он ҳастед, занҳои сатрпӯши шуморо дида, мардум чӣ фикр мекунад роҷеъ ба ин ҳукумат? Дуруст фикр кардед!
Мушкили 2. Дирӯз 1 студент қисса кард, декани кадом факултае ҷавонони муллобашараро рӯзҳои ҷумъа аз дарс озод мекардаасту мегуфтааст, «дар ҳаққи мо низ дуо кунед!». Дар мактабе директор ва кулли муаллимонаш аз 1 қорибаччае чунон метарсидаанд, ки ӯро дар рӯзҳои ҷумъа усулан суроғ ҳам намекардаанд… Зидди намози ҷумъа ҳаргиз нестам. Худо нишон надиҳад. Худам ҳам меравам, агар имконият ва вақт даст дод. Вале агар озод мекунед, ҳама студенту талабаҳоро озод кунед ва баракс. Аз сӯи дигар, оё ин муаллимин дупогона нестанд? Ещё как!
Агар дилатон ба гӯру қиёмататон месӯзад, марҳамат, равед намоз гузоред, касе зидд нест, вале...аккурат, вазифаро супоред ва биоеду паҳлӯи банда саф занед. Ҷо ҳаст. Ҷавс-ҷавс мекунем-гуфтаи муллоҳое, ки ҳарфи Ф-ро аз Вов фарқ намегузоранд. Зеро дархосту талаботи ҳукумати дунявӣ ва демократии имрӯза ҳам ин аст, ки дар рӯзи кор кормандони расмияш бояд ба масҷид нараванд. Давлат дунявист!!!
Намегӯям зиёданд, аммо кам ҳам нестанд, 2-погонаҳо ва амали риёкоронаи онҳоро дида, мардум мантиқи идеологияи давлати моро дарк карда наметавонад. Бало паси мантиқ. Инҳо хатар доранд. Зеро дар сурати вазиши «боди мурод» ҳатман погони 2-ро сари китф хоҳанд кашид. Ещё как!
Дупогонӣ, ба фикри сирф шахсии ман, бадтарин хиёнатест, ки ҷамъияти моро ба варта наздик мекунад. Мо Метавонем!
PS: Дар шумораҳои баъдӣ, агар хонанда хоҳад, роҷеъ ба 2-погонаҳо, вале дар дигар самт низ сӯҳбат мекунем. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 18 Август 2017 10:52


1 манбаъи мӯътамади СССР хабар дод, ки рӯзи 13.08.2017 беш аз 15 нафар ҷавонони деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти «Ҷӯра Назаров»-и н.Шаҳритус баъд аз 1 маъракаи тӯйи деҳа маст шуда, 2 ҷавони ҳамин деҳаро мурданивор мекӯбанд. Элмурод Ярқулов-мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии н.Шаҳритус бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин 2 ҷавонро дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи ҷароҳҳӣ бистарӣ кардаанд. Ашӯров Хуршеди 30-сола ва Қурбонов Алишери 32-сола сокинони н.Кӯлоб ҳангоми лату кӯб косахонаашон аз 5 то 15 см кафидааст. Ҳоло бошад онҳо тариқи қаламу дафтар сӯҳбат мекунанд, чун гап зада наметавонанд. Ярқулов мегӯяд, «мо ҳамаи кӯшишҳоро мекунем, то саломатии онҳо барқарор шавад».
Собиқ корманди КДАМ Салим Назаров-падари Хуршед, дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки «ман ҳоло дар ҳолати шок қарор дораму модараш ба бемории қалб гирифтор аст ва оилаи Хуршед бошад ҳомиладор ва аз ин ҳолат хабар надоранд. Худо мегӯям, ки аз ин ҳолат хабардор нашаванд… Ман бо писарам барои зиндагиро пеш бурдан 1 қитъа заминро гирифта ба тарбузкорӣ машғулем. Ҳангоми мавсим аз ҳар гӯшаи кишвар барои харидории тарбуз меоянд ва 3 рӯз пеш аз воқеа дӯсти писарам Алишер аз н.Кӯлоб омаду гуфт: «Тағо, ман барои хариди тарбузи шумо омадам». Ба ӯ гуфтам, ки «бачам, каме вақт лозим барои ҷамъоварии тарбуз». Ва ӯ хост, ки то ҷамъоварии ҳосил ба мо кӯмак кунаду баъдан тарбузҳои чидаашро ба н.Кӯлоб барад. Дар тақдираш ин ҳолат рух дод».


Салим Назаров дар идома гуфт: «Хуршеду Алишер, санаи 13 август, шаб ҳангоми аз сари замин баргаштан 1 тӯда ҷавонон аввал писари маро аз пушти сар зада, нимҷон карда, баъд Алишерро низ зери лату кӯб мегиранд, дастҳояшонро баста дар сару қафаси синаашон мурданивор мезананду аз ҷои ҳодиса мегурезанд».
Салим афзуд, ки «ба ман овоза расид, дар ин гурӯҳ 24 нафар ҳамчун гумонбар мавриди тафтиш қарор доранд».
Гуфта мешавад, ки дар ин гурӯҳи 24-нафара бародари корманди БДАи ноҳия бо номи Бегиҷон ва писари амаки корманди идораи танзими ноҳия низ будааст. Ба қавли Салим, «корманди идораи танзим 2 рӯз пеш назди ман омада гуфт, ки «акаи Салим, ман корманди танзими ноҳия ҳастам, яке аз онҳо писари амакам аст, ӯро мебахшед?» Ман ӯро бо суханони қабеҳ аз наздам пеш карда гуфтам, агар писари ман бо писари шумо чунин рафтор мекард, бо ман чӣ кор мекардед?»

Баҳодур Уроқов,
СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 17 Август 2017 11:21


Ализода Аҳмадҷон, ки аз с.2010 дар курсии раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон то ба имрӯз фаъолият мекард, аз сабаби ба нафақа баромаданаш, аз вазифа озод шуд. Дар баробари дида баромадани дигар масоили маҷлиси Кумитаи иҷроия интихоби раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят гузошта шуда буд.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти раисии муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, 67 тан аъзои КИ ҲХДТ дар вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо маҷлиси  КИ ҲХДТ баргузор гардид. Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси КИ ҲХДТ дар ин вилоят интихоб шуд. Мавсуф 21.02.1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, с.2000 ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дохил шуда, онро с.2005 бо дипломи аъло хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) шурӯъ намуда, ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият намудааст.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 17 Август 2017 10:03


Ҳар сол дар кишвар бахшида ба 1 соҳаи муайян Сол эълон мегардад. Вале фикр мекунам, Соли ҷавонон эълон гардидани 2017 воқеан идеяи нек буду бо мавқеъ, фарқкунанда, зарурӣ, фалсафӣ… Аҳсант! Нек шуд, ки ҷавони 30-сола имрӯз метавонад ба вакилӣ номзад шавад, вакил шавад ва дар дигар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намояд. Ва албатта ҳастанд ҷавононе, ки то синни 30-солагӣ бениҳоят хубу барзиёд таҳсил карданд, қобилияти баланд доранд, умуман метавонанд дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кунанд. Вале чунин ҷавонон ниҳоят каманд. Барои ин албатта то ана ҳамин 30-солагӣ, то ба вазифаи пурмасъул гузоштани ӯ бояд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш бурд, аз ҷумла, тамоку, машрубот… набояд истеъмол кард, ба варзиш машғул шудан зарур, ғизои солим бояд гирифт. Инҳо ҳатмиянд. Лек агар ӯ то 30-солагӣ арақу пиво хӯрда гардад, тамокуву нос занад, он гоҳ магар фикрронии солим дошта метавонад? Зеро ин чизҳое ҳастанд, ки ба организм бегонаанд. Шуури кӯдаки олмониро бубинед: 2 нафар меҳмони 14 ва 16-сола ба Тоҷикистон омаданд. Пурсидам, ки қаҳва менӯшед? Гуфтанд, ки «Не, дар мо то 18-солагӣ нӯшидани қаҳва манъ аст». Гуфтам, ки ҳеҷ гап не, охир Шумо ҳоло дар Олмон нестед, кӣ пай мебарад? Гуфтанд: «Чӣ фарқ дорад? Охир мо шаҳрванди Олмонем, дар куҷое бошем қонунҳои Олмон ба дахл дорад».
Ба андешаи ман Соли ҷавонон ҳатман хотирмон ва таърихӣ бошад. Дар ин ҳолат бояд, ки дар Соли ҷавонон на танҳо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чорабиниҳо барпо кунад, балки ҳама сохторҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, парлумон…, албатта дар самти кори худ чораҳои зарурӣ андешанд. Пас, имкон аст санаде қабул кард, ки то 30-солагӣ истеъмоли тамоку ва махсусан машрубот ба ҷавонон манъ карда шавад. Зеро ҷавони то 30-сола ба андешаи ман он қадар устувор нест ва ҳуқуқи маънавие надорад, ки арақ нӯшаду маст шаваду суханҳое гӯяд, ки ба шаъни ӯ рост наояд. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, соҳибмиллат аст, метавонад қонунҳои миллӣ қабул кунад, ба мисоли «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». Дар ин ҳолат ҷавониро бо машрубот қиёс намудан зарур. Машрубот чист? Машрубот ин одат аст. «Одат, ки зиёда шуд табиат гардад!» мегӯяд бузурге. Мастии зиёд зарар ба организм аст. Аз рӯи медицина бадмастӣ маҳз ба тезонидани раванди пиршавӣ мусоидат менамояд. Ҷавони 25-солае, ки умуман наменӯшад ба 20-сола монанд аст. 25-солае, ки 2 сол боз пайваста менӯшад, зоҳиран ба одами 35-40 сола монанд. Аз ин хулоса бояд кард, ки ҳикмати ҷавонӣ ана ҳамон аст, ки дар он бояд машрубот набошад.


Эраҷ Латиф,
н.Ҷ.Балхӣ

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter