ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 28 Август 2017 09:28


Таври маълум, имрӯз 2 иди бузург-Рамазон ва Қурбонро танҳо дар пойтахти азизамон-Душанбе ва вилояти Хатлон бо шукуҳ ҷашн мегиранд. Зеро дар вилоятҳои Суғду Бадахшон ҳатто ҷашн намегиранд. Танҳо ба хонадони азодорон фотиҳахонӣ мераванду халос. Бояд пеши инро ҳукумати ҷумҳурӣ гирад. Чунки мардум бисёр ба исрофкорӣ даст зада истодаанд. Худ қазоват кунед, ки на ҳама шароити дастархони дабдаба кардан дорад. Баъд маҷбур мешавад қарз гирад, дар баҳс ба ҳамсояаш! Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар оростани дастурхони пурдабдаба ва баргузор намудани маросими идгардак ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ҳангоми оростани дастархони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба 1 навъ мусобиқаи хондорӣ табдил ёфтааст. Оростани дастурхони пурдабдабаи идона барои соҳибхона боиси хароҷоти зиёдатӣ ва мушкили молии хонаводаҳо мешавад. Идгардаки беназорати кӯдакон низ боиси ташвиши умум буда, дар минтақаҳои ношинос, роҳҳои мошингузар ва хонаҳои баландошёна гаштугузор кардан барои амният ва саломатии онҳо хатар эҷод мекунад. Талбандагии кӯдакон танзим не, баракс, комилан аз байн бурда шавад!

Шоҳиҷаҳон Абдусамеъзода,
маҳаллаи буни Ҳисорак, н.Сино, тел: 93 531 07 91

Душанбе, 28 Август 2017 09:24


Узви Ихвон-ал-СССР, Талбак Холов, сокини шаҳри Душанбе, аз маҳаллаи Борбад, бо телефони 93 390 98 70 ба СССР гуфт, ки ман ҷонибдори танзим ҳастам, аммо на танзими маъракаҳо, балки ба тартибу низом даровардани нарху навои доруҳо ва хизматрасониҳои тиббӣ. 1 хоҳиш. Мехохам, ки Вазорати тандурустӣ нархи доруҳоро дар аптекаҳо ба танзим дарорад. Ва боз, 1 ташхиси тиббӣ аз 550 сомонӣ ҳам баландтар аст. 1 ташхиси хун аз 550 то 736 сомонӣ нарх дорад. Нархҳоро бинанд, ки ба ҷайби камбағал рост меоянд ё не? Мо бояд дар бораи ана ҳамин танзимҳо бештар фикр кунем, агар воқеан мехоҳем, ки буҷаи оилавии мо ғанӣ гардад, на худойиву тӯйҳо...

Душанбе, 28 Август 2017 09:20


Узви Ихвон-ал-СССР, Дилшод Тағоймуродов, сокини ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ҳамчун 1 тан хонандаи СССР дархосте дорам. Хуб мешуд дар шумораҳои ояндаи газетаи СССР дар бораи истеҳсолоти ТалКо менавиштед ва мегуфтед, ки он кай ташкил шудааст, имрӯз чанд коргар дорад. Зеро касе намедонад, ки Заводи алюминиюми Тоҷик чӣ маҳсулоте тавлид мекунад, бо чӣ корҳо банд аст. Ҳамчунин пешниҳод дорам, ки ТалКо дар ҳолати набудани газ бояд аз воситаи дигари бакордароваранда, масалан ангишт, ё чизи дигар истифода барад… Қаблан, аз шумо сипосгузорам, ки ҳарфи маро гӯш кардед.

Душанбе, 28 Август 2017 09:14

Ҷумъа, 25 Август 2017 12:03


Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз рутбаи генерал-полковники милитсия дода шуд. Инчунин, рутбаи нави генералӣ-генерал-майори милитсия ба сардори РВКД дар ВМКБ Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шафизода Рустам Исмоил, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон,  сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳамдшозода Шерали Аъзам дода шудааст.
Хамчунин, 18 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Ҷасорат» мушарраф гардиданд.

СССР

Ҷумъа, 25 Август 2017 09:34


Он камбудӣ, зиёдаравию қонуншиканиҳое, ки дар тӯйю маъракаҳои мардуми қаторӣ ба назар мерасанд, сараввал ва бештар бо айби аксарияти мансабдорон, масъулони танзим, сархатибони масҷидҳо, раисони маҳалла, муллоҳои гузару кӯчаву тангкӯчаҳо сар мезананд. Мардум 2-3 хӯрокро пинҳонӣ барои ин қабил шахсони «патриот» омода мекунанд. Инҳо дар маъракаҳои шахсони доро хӯроки 1-у 2-ум…ро хӯрда, дуо карда, оҳиста, хапу дам баромада мераванд. Вале масъулони танзим дар маъракаҳои мардуми қаторӣ ва камбизоатон аз таги нохун чирк мекобанд. Агар қонуншиканиҳоеро парванда мекунанд, гувоҳи он аст, ки гунаҳкорон «доля»-и танзимро надодаанд…
Аз намоишҳои телевизионӣ бояд чунин хулоса кард, ки қонуншиканӣ маҳз аз ҷониби бойбачаҳо рӯй медиҳад, зеро онҳо масту аласт бо мошинҳои иномаркаи гаронарзиш дар кӯчаҳои пойтахт «газ»-у «кокс» дода, воҳима карда мегарданд ва касе сади роҳи онҳо намешавад. Вале дар ҳисоботҳои оморӣ фақат мардуми қаторӣ ҷарима шудаасту халос. Агар муллоҳои маҳаллаҳо, кӯчаю гузарҳо 1 маротиба самимӣ (на риёкорона) ба мардум фаҳмонанд, ки нисбати танзим зиёдаравӣ накунанд, ин масъалаҳо ҳалли худро зуд меёбад. Қонуни танзим айбе надорад, ҳар айбе ҳаст дар масъулони танзим аст. Ман таклиф ва пешниҳод мекунам, ҷои пардохти иҷозатномаҳое, ки қабл аз баргузории тӯйҳо аз танзими назди ҷамоатҳо дода мешавад, аз мардуми камбизоат наситонанд. Ин пулро барои обунаи ин ё он рӯзномаю маҷаллаҳо равона кунанду мардумро газитхону босавод! Нисбати масъулони танзим низ чораҳо андешида шавад, то аз вазифаҳои бар дӯш доштаи худ суистифода накарда, ба тақаллубкорӣ роҳ надода, ҳамаро ба 1 чашм бинанд. Зеро Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо» ба мардуми камбизоат бояд сабукӣ орад, на вазнинӣ. Мо метавонем!

Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

Ҷумъа, 25 Август 2017 09:18

 

Дар ягон давру замон, равобити Тоҷикистон, бо ягон кишвари олам, то ба ин ҳадд сард нашуда буд, ки бо Эрон сард гардид. ВКД расман, тариқи ТВ давлатӣ, Ҷумҳурии Исломиро дар таҳияи террор ва қатли фарзандони фарзонаи миллати Тоҷик муттаҳам сохт. Шоҳидон онҳое шуданд, ки худ дар мактабҳои террористии Эрон тарбият ёфтаву ин амали манҳусро пиёда кардаанд...

Ҷумъа, 25 Август 2017 09:04


23.08.1935. Ҳукумати шӯравӣ қарор дод, ки дар бурҷҳои қасри Кремл ситораҳои 5-гӯшаро насб кунад. Баъди чанде ситораҳои ёқутӣ бурҷҳои Кремлинро оро доданд ва то ба ин рӯз низ ин ситораҳо медурахшанд.Аввалин ситораҳо барои Кремл аз миси сурх ва пӯлоди зангногир сохта шуданд ва онҳоро ёқути сурх ва дигар сангҳои қиматбаҳо оро медоданд. Дар сохтмони ин ситораҳо зиёда аз 7000 санги аз 20 то 200-қирота сарф шуд ва ҳаҷми умумии ситораҳо бошад 5600 кг вазн дошт.

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter