ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 29 Август 2017 08:44


Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Душанбе, 28 Август 2017 16:07

Душанбе, 28 Август 2017 10:18


Аз пушти носкаш намоз нахонед!

Маҳси пой чист?
Саволи 1. Солҳои пеш дар 1 рӯзнома хонда будам, ки «маҳси пой аз болои ҷуроб-пойгоҳ кашидан мумкин», аммо дар фарзи айнҳо дар болои мӯза ё маҳсӣ гуфта шудааст. Яъне ба мӯза калӯш намепӯшед. Дуруст аст?

Душанбе, 28 Август 2017 10:15


Шавкат Мирзиёев-президенти Ӯзбекистон, ки бо 1 сафари корӣ дар шаҳри Бекобод қарор дошт, баъди мулоқот бо фаъолони шаҳр нохост ба маросими дафни 1 сокини оддии ин шаҳр ташриф овард. Вақте корвони мошинҳояш аз яке аз маҳаллаҳои Бекобод мегузашт, ӯ мардуми азодор дар назди 1 хонаро дида, амр дод, ки мошинҳоро манъ кунанд. Аён шуд, ки ҳамсари сокини Бекобод Мухтор Миркомилов бармаҳал фавтида, мардум барои дуохонӣ ба манзили ӯ омадаанд. Мирзиёев аз мошин фаромада, ба ин манзил омаду дастони Мухтор ва дигар наздиконашро гирифта, ба ҳар кадоми онҳо изҳори ҳамдардӣ кард...

Душанбе, 28 Август 2017 10:10


"Аванти” (Иттиҳодияи соҳибкорон барои рушди тиҷорати ватандӯстона) бо имзои раисаш Раҳмон Янсуков дар 1 муроҷиатнома ба номи Элвира Набиуллина-раиси Бонки марказии Русия хостаанд, ки купюраи 10.000-рублӣ бо акси президент Владимир Путин ба муомилот бароварда шавад. Янсуков гуфтааст, ин созмон омода аст тамоми хароҷоти марбут ба иҷрои ин пешниҳодро ба дӯш гирад ва ҳатто тарҳи пули навро бо портрети Путин низ омода кардааст.

Душанбе, 28 Август 2017 09:47

Душанбе, 28 Август 2017 09:41


Душанбе имрӯз ба 1 шаҳри ороставу гулпӯшу пур аз фаввораҳо мубаддал гаштааст ва ин ҳама ба ҳусни пойтахт ҷаззобияти хос зам мекунад. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳастанд омилҳое, ки ҳусни шаҳрро коста, бовариву эътимоди дилхоҳ шаҳрванду сайёҳу меҳмонро аз байн мебаранд. Яке аз чунин омилҳо ин панҷараҳо, ё панҷарапеч кардани биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳиму фарҳангиву фароғатиянд, ки аслан дуруст нест. Фикр мекунам, ин хатои солҳои ҷанги гражданиро, ки баъдан мӯд шуда монд, шаҳрдори нав ҳатман рафъ хоҳад кард. Мо Метавонем!

Душанбе, 28 Август 2017 09:29


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман ба «Сухани рӯз»-и газетаи СССР (№33) 1 илова дорам. Дар Сухани рӯз теъдоди ҳоҷиён тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ 250.000 шумурда шудааст. Ба ин рақами 1-пагону 2-погонаҳои дигари Тоҷик – 2-паспортдоронро ҳатман зам кунед!!! Миқдори муайяни зоирони Қирғизистону Қазоқистону Бошқирдистону Чувашистону Тотористону дигар шаҳру минтақаҳои Федератсияи Русияро Тоҷикони мо ташкил медиҳанд. Байнашон ҳатто собиқ атеисту номзади илму доцентҳои тоҷиктабори ФР низ кам нестанд! Рус орзуи кайҳонравӣ дораду мо умеди Каъба!!!

Сиёвуши Далер,
программист, ш.Хуҷанд

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter