ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 21 Август 2017 09:37


Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадрасул Сабуров, сокини деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, бо телефони 92 747 01 19 ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло мақолаи Довуд Раҳимовро бо номи “Модари президент-модари мост” хондан дорам. Матлаб аз таҳти дили ман нигошта шудааст. Мақоларо хонда, дар симои модари президент очаи худамро дида истода, аз чашмонам ашк ҷорист. Дар ҳақиқат, ин модар барои фарзандаш-Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёд кашидааст. Ӯ барои мо 1 фарзандеро ба мисли Рустами Дастон офарид. Зиҳӣ, президент ва зиҳӣ, муаллифи матлаб!!!

Душанбе, 21 Август 2017 09:30


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбари Абхазия-Раул Хаҷимба гуфт, Маскав амният ва истиқлолияти Абхазистонро кафолат медиҳад: "Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки мо амният, истиқлолият ва соҳибихтиёрии Абхазистонро кафолат медиҳем. Бовар дорам, ки дар оянда низ ҳамин гуна хоҳад буд».

Душанбе, 21 Август 2017 09:28


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳини боздидаш аз шаҳри Олмалиқ дар вокуниш ба шикоятҳои мардум, ҳокими ин шаҳр, инчунин сардори милиса, раҳбарони идораҳои андозу молияро аз мақомҳояшон барканор карда, гуфт: "Ҳар роҳбар бояд шахсан аз ҳамон ҳавое, ки мардумаш нафас мекашанд, нафас кашад. Агар мардум нирӯи барқ надошта бошад, раҳбар низ бояд бе нирӯи барқ зиндагӣ кунад, агар роҳ надошта бошад, пас бе роҳ зиндагӣ кунад ва агар мардум об надошта бошад, пас раҳбар ҳам бояд бе об зиндагӣ кунад. Бигзор ҳар роҳбар боло рафтани нархи нону гӯшт ва бемасъулиятӣ дар бозорҳоро бо чашми худ бубинад ва эҳсос кунад. Мо хеле дер кардем, мардум аз мо норозист. Қаблан ҳам гуфта будам, ки бояд дар пеши халқ барои он ки ин ҳама сол тоқат кард, ба зону зада, таъзим кунем.”

Душанбе, 21 Август 2017 09:24

Хондам ва шунидам, ки имрӯз адибони мо ба ҷои тарбияи маънавӣ кардани мардум даст ба гиребони якдигар задаанд. Ҳамдигариро мухолифин-оппозитсия мехонанд. Чи дардест дар рӯзгори Тоҷик? Наход Тоҷик тамоми умр худро ба шимолию ҷанубӣ, помирию хатлонӣ, босмачию сурх, юрчику вовчик, наҳзатию коммунист, мухолифу дӯст  ҷудо кунад? Пас аз сари устод Турсунзода ва номардона аз вазифа барканор шудани Мӯъмин Қаноат обрӯ ва нуфузи ин ташкилоти эҷодӣ поин рафт. Аммо имрӯз нуфузи бузургтарин ташкилоти эҷодии ҷумҳурӣ беш аз пеш коста шуд. Пойи тахт ором бошад ҷумҳурӣ ором аст. Лиҳозо, аз тамоми ташкилотҳои эҷодӣ хоҳиш дорам, ба манфиати давлату миллат, халқи дар тӯли таърих ҷафокашидаи Тоҷик кор кунанд. Ростӣ, имрӯз шаҳрдори ҷавон-Рустами Эмомалӣ тавонист барои кору фаъолияти шумо ва истироҳати фарзандонатон дар Душанбе тамоми шароитҳоро омода созад. Пас, биёед шукри истиқлол намуда, на дар сухан, балки амалан ваҳдатсолорӣ намоем. Ваҳдат бошад, дигар масъалаҳо худ ба худ ҳал мешавад.

Рӯдакӣ узви ИНТ набуд
…1 рафиқамро, ки аз сафи ИНТ рондаанд, гуфтам, «аз устод Рӯдакӣ то Ҳайрат билети нависандагон надоштанд, пас чаро зиқ мешавӣ? Рӯдакивор навиштан гир!». Зиндагӣ дарё нест. Инсон ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Дӯстам солиёни зиёдест омӯзгори фанни таърих аст, аммо имрӯз дар нимароҳи тақдир асту намедонад Давлати Шӯравиро хуб гӯяд, ё бад. Ҳаракати босмачигариро сиёҳ гӯяд, ё сафед, ҳизби коммунистро созанда гӯед, ё харобкор. Дар ин масъала ИНТ боз пешсафиро ба даст гирифту яке дигареро оппозитсия мехонад. Хатои авомро бахшидан мумкин, аммо чӣ метавон кард агар «нодоние доно кунад» (таъбири устод Лоиқ). Биёед, ба хотири ривоҷи адабиёт кинаю адоват, баҳсу мунозираи бесудро 1 сӯ гузореду шеъри воло, повести хонданӣ, роману ҳикоя нависед. Муҳити адабии Турсунзодаро аз нав зинда намоед. Байни мардум равед, бо одамон мулоқот кунед, чунки чеҳраи шумо худ тарбия аст. Замона тағир ёфт. Зиндагӣ бо маҷрои тезтар меравад. Дар ин ҷаҳони олудаи дард, кулфат, ривоҷ ва равнақи радикализм, экстремизм, терроризм бояд беш аз ҳарвақта сарҷамъ бошем. Тоҷикро кӣ бештар сарҷамъ мекунад? Албатта пеш аз ҳама ташкилотҳои эҷодӣ. Халқи адабпарвари мо адибпарвар асту ба сухани адиб рост ё дурӯғ, бовар мекунад. Ҳамин боваркунониҳо дар солҳои 1930 чандин адибро равонаи зиндон кард ва нависандаи боистеъдод Алӣ Хуш қатл шуд. Ман ҳаққи ба адибон насиҳат кардан надорам, аммо чун хонандаи доимии эҷодиёти Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб, Ҳ.Нозирӣ бетараф ҳам буда наметавонам. Сарҷамъ бошед! Гузаштаро фаромӯш кунед! Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти Миллат ҳама чиро бахшид, пас чаро шумо ҳамдигарро намебахшед?


Холмурод Сафарзода,
Узви ИЖТ, ш.Панҷакент

Душанбе, 21 Август 2017 09:17


Хутбаро бо чӣ забон хонанд?
Дар намози ҷумъа ва идҳо хутбаҳоро бо забони арабӣ мехонанд, ки мазмунашро касе намефаҳмад ва намедонад. Оё мумкин нест, ки хутбаро ба забони Тоҷикӣ хонанд ва ҳама моҳияташро фаҳманд. Агар мумкин бошад, хуб мешуд, ки инро дар маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» ва дар ё шакли брошюра бо забони Тоҷикӣ чоп мекарданд. Шумо чӣ мегӯед?

Мирзоамин Алимов,
деҳаи Ҳайронбед, н.Айнӣ

Душанбе, 21 Август 2017 09:07


Муҳтарам намояндагони мардумӣ! Аз январи соли равон Қонун дар бораи нафақа ба ҳукми амал даромад. Аз ин Қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки Қонуни мазкур боиси фақру заҷри ҳазорон собиқадорони меҳнат шудааст. Барои муътамад ва муассир гардидани номаи дод аз номи ҳама ҷабрдидагон шикваи нафақахӯреро ҳамчун нутқи айнан нақлшуда меоварам.
«...Бештар аз 40 сол ҳамчун педагог ва баъдан корманди соҳаи идеологӣ содиқонаву самимона хидмат намудам. Дар мушкилтарин солҳои баъдиистиқлолӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, сабру тоқат карда, гоҳо бе маош низ ба хотири ояндаву таҳкими пояҳои Ватани тозаистиқлоламон заҳмат кашидам. Чунки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон сахт боварӣ доштам. Оғози сол 63 сола шудам. Роҳбарияти яке аз дастгоҳҳои пурқудрати идеологӣ, ки он ҷо фаъолият доштам, 1 гулдастаро бароям дареғ дошта, огоҳам карданд, ки дигар ба кор набароям. Тибқи қонуни нави ба тасвибрасонидаи шумо нафақаам 350 сомонӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки ҳамкору ҳамкурсам 1 моҳ пеш, яъне то қабули қонун бо ҳамин собиқаи корӣ 750 сомонӣ нафақа мегирад. Агар дар гузашта нафақа то 80%-и маошро ташкил медод, ҳоло бошад тақрибан 30%-и маош ё окладро ташкил медиҳад.
Намояндагони мардумӣ! Биёед, ҳисоб кунем, нафақаи ман ба чӣ мерасад? 200 сомонияш пули обу барқу партоб ва ғайра, 150 сомонияш 1 халта орд ва тамом. Ману мобаринҳо дар сари пириямон бояд дору нахарем, либос нахарем, сафар накунем, истироҳат нараве? Дар бораи сабади истеъмолӣ бошад умуман ҳарф намезанам. Орзуву умеди давлати пирӣ рондан доштам... Мо нафақахӯр не, мо зиндадаргӯрем».
Ҳарфе ба нома изофа накарда ҷавоби Намояндагони мардумиро интизорем.


Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

Душанбе, 21 Август 2017 08:54


26 нафар сокини н.Вахш ба бемории домана гирифтор ва дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар пайи хуруҷи ин беморӣ дар деҳаи «Сохтмон»-и ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и н.Вахш 5 нафар кӯдаки аз 7 то 10 сола мубтало ва 21 нафар барои санҷиши эҳтимоли гирифторӣ ба он дар беморхонаи клиникии ш.Қурғонтеппа ва дар беморхонаи н.Вахш бистарианд.
Дар моҳи июн дар ҳамаи расонаҳо чоп гардидани хабар оид ба сар задани бемории домана дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни н.Бохтар ташвиши масъулини мақомоти тандурустии вилоятро боз ҳам дучандтар намуда буд. Ин маротиба бошад факти якбора 26 нафар аз хуруҷи бемории домана дар Вахш мақомоти тандурустиро ба ташвиш овард.
Абдувалӣ Қурбонов-сардухтури «КАТС»-и н.Вахш хурӯҷи доманаро тасдиқ карда гуфт, ки «яку якбора пайдоиши ин бемориро дар ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» ошкор намуда, ба Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят хабар додем. Ҳоло бошад дар беморхонаи н.Вахш 11 тан барои санҷиши эҳтимолӣ гирифтор ба домана дар беморхона бистарианд».
Саидҷон Раҳимов-сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят хуруҷи доманаро дар н.Вахш тасдиқ карда гуфт, ки ошкор шудани домана дар организми 5 сокини н.Вахш мояи нигаронии табибон шудааст.
 "Ваъзияташон муътадил аст, дар зери назорат қарор доранд» гуфт ӯ ва афзуд: «Ин сокинон дар наздикии канали Вахш зиндагонӣ мекунанд. Ангезаи гирифторӣ ба ин бемориро табибон ба истеъмоли оби дарё рабт медиҳанд. Ин беморӣ аз обҳои зеризаминӣ нест».
Раҳимов мегӯяд, ки «барои тасдиқ кардани домана оби каналро таҳлил (анализ) кардем. Таҳлили мо тасдиқ намуд, ки ин сокинон аз оби канали Вахш ба домана гирифтор шудаанд. Ҳангоми санҷиш гузаронидан ошкор намудем, ки лӯлаи канализатсияе, ки аз болои ин канал мегузарад, сӯрох шудааст. Ин лӯларо оҷилан корхонаи давлатии фаръии обу канализатсияи ш.Қурғонтеппа барқарор намуд. Дар рафти санҷиш дар ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» ошкор шуд, ки ахлоти ҳоҷатхона ва ҳамоми 7 хоҷагии деҳаи «Сохтмон» ба ин канал мерехтааст. Онҳоро оҷилан вайрон намудем».
Ёдрас мешавем, ки мардум бори аввал дар Тоҷикистон бо бемории домана, ки бештар хоси иқлими тропикӣ гуфта мешавад, дар солҳои бебандубориҳои ҷанги шаҳрвандӣ, рӯбарӯ шуданд. Дар авҷи шадиди хуруҷи беморӣ ё эпидемияи домана соли 1997 беш аз 5000 нафар сироят шуда буд. Сабаби сирояти шумори зиёди мардум дар истеъмоли оби ифлос, боришоти зиёд ва набуди риояи меъёрҳои беҳдорӣ буд. Солҳои 1990 ва оғози с.2000 созмонҳои байналмилалӣ миллионҳо долларро ба сохторҳои беҳдоштӣ барои мубориза бар зидди доманаву вараҷа ҷудо карданд. Инак, дар соли ҷорӣ ин бори дувум аст, ки дар вилоят мавридҳои гирифторӣ ба домана сабт мешавад. Мақомоти беҳдошт мегӯянд, бори охир дар вилоят соли 2015 ду нафар аз ин беморӣ ранҷ кашидаанд.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Дар ҳамин маврид: Кӯлоб дар хатар!!!
Ангезаи мазкур моро водор мекунад, ки ба хатари бузурги экологӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб имрӯз мутаваҷҷеҳ шавем-фардо дер мешавад: таври маълум куллияи сокинон аз оби дарёчаи Сиёҳоби Ҷангалбошӣ тӯли садсолаҳо истеъмол мекарданд. Аммо архитектураи шаҳр ва ҳукумати вақт тамомии ҳудуди дарёчаи оби ошомидании Ҷангалбоширо ба фурӯш гузоштаанду мардум дар дохили дарё, шафати он ва ҳатто болои дарёча хонаву дару оғил ва тарабхонаҳо сохтаанд, ки тамомии оби оғилу ҳоҷатхонаҳо ба дарёча мерезанд, ба дарёчае, ки онро дар тӯли даҳҳо км мардум ме-нӯ-шаддд! Агар имрӯз ба ин проблема аҳамият надиҳем, фардо хатари сар задани амрози сироятӣ бармалост. Мо гуфтем. Масъулин наандешанд, худ посух хоҳанд гуфт. Мо Метавонем!

Душанбе, 21 Август 2017 08:37

Бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ ҳафтае нест, ки майдончаҳои тафреҳӣ, варзишӣ дар Душанбе боз нашаванд. Аммо рейди мо муқаррар кард, ки ҳамаи ин тӯҳфаҳоро сокинони пойтахт вайрону валангор месозанду касеро парвое нест…

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter