ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 07 Август 2017 10:04

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-10

Душанбе, 07 Август 2017 09:55

Душанбе, 07 Август 2017 09:43



1. Сабаби гаронии гӯшт-фурӯши чарогоҳ
Соли 2017 нархи маҳсулоти гӯштӣ дар ҳар мавзеъ ҳар хел, дар 1 бозор 30 сомонӣ, дар дигараш 35 сомонӣ, дар баъзе ҷойҳо то 40 сомонӣ расид. Қассобҳо нархро бо дили худ мемонанд. Агар сабаб пурсед, айби доллар менамоянд. Худатон 1  қазоват кунед. Охир, мо гӯштро аз Америка намебиёрем-ку! Ин маҳсулоти худӣ аст ва ба доллар чӣ побандӣ дорад? 1 эътирози мардум ҳам дар бораи қиматии маҳсулоти гӯштӣ ба маврид аст, зеро, ки барои чорвои мардум ҷой намондааст ва ҳамаашро мансабдорон, пулдорон аз они худ намудаанд. Деҳқони бечора ҳоло ҷое надорад, ки 1 гови ҷӯшоиро бе малол нигоҳубин намояд, тамоми кӯҳу водиҳо аз они 1-2 шахс! Ман гумон мекунам, ки чарогоҳҳо бояд фурӯхта намешуданд. 1 сабаби баландшавии гӯшту равған гумон мекунам, ҳамин аст.

2. Сабаби гаронии картошка-деҳқон!
Дар асри ХХ ва аввали  асри ХХI нархи картошкаю пиёз хело арзон буду бозорҳо фаровон. Дар ноҳияҳои картошкакор нархи 1 кг картошка бо сифати баландтаринаш 1,50 дирам буд. Акнун муқоиса намоед, картошка бо нархи биринҷ баробар шудааст. Ин сабабҳои гуногун дорад: Тухмиҳои бесифат, набудани доруҳои минералӣ, зиёд шудани ҳашаротҳои зараррасон-паразитҳо!!! Дар бозорҳои ноҳияи Мастчоҳ нархи пиёз ба 5 сомонӣ расид, сабзӣ бошад аз он ҳам баландтар шуд. Аммо ба баланд шудани нархи картошкаю пиёз худи деҳқон айбдор аст. Ӯ фориғболӣ намуда, пиёзу картошка накорид. Ҳол он, ки замин дорад. Солҳои охир ҳашароти зараррасон чунон зиёд шудааст, ки ҳисобаш гум! Заҳрхимикатҳои бесифат аз хориҷ ворид мешаванд, ки ягон фоида надошта, ба ҷои фоида зарар меоранд, яъне боду ҳаворо заҳролуд мекунанд ва ҳам ба маҳв кардани паразитҳо ягон таъсире намерасонанд!

3. Сабаби беҳосилӣ-олими беамал!!!
Олимони соҳаи кишоварзӣ, химикҳо, биологҳо кай ба мисли олимони адабиётшиносу таърихшинос аз ихтирооти худ хабар медиҳанд? Агар рӯихати ин гуна олимонро нависонем чанд саҳифа мешаванд, вале натиҷа 0 аст. То ба кай аз паси ситораҳои дурдаст мегардему ҳашаротҳо дар замин қариб ба хӯрдани  одамон сар кардаанд? То кай «ман олим, ман академик» гӯён лоф мезанем??? То кай??? Кай мо аз доруҳои минералии худ истифода бурда, фахр мекунем, ки мо ҳам дорем!
Олимони муҳтарам!!! Вақти он расидааст, ки барои нобуд намудани ҳашароти зараррасон чора ҷӯед! Ситораҳоро бошад баъдтар кофта меёбед. Чӣ тавре, ки Л.И.Брежнев мегуфт: «Нон бошад суруд ҳам мешавад». Ҳукумати Тоҷикистон чаро тухмиро аз Россия нею аз Покистон ворид месозад? Охир, мо шарики боэътимоди стратегӣ бо Россия ҳастем-ку? Ман шоҳиди зиндаам, ки солҳои пеш яъне дар давраи шӯравӣ аз Россия картошка оварда мешуд ва онро дар замин кошта, 2 маротиба ҳосили баланд мегирифтанд. Картошкаи покистонӣ бошад сурат дораду сифат не! 1 сол ҳосили хуб диҳад солҳои баъдӣ ҳам сифат ва ҳам ҳосилнокияш паст мегардад. Чора бояд ҷуст!


Зикриёи Дилшод,
ноҳияи Масчоҳ

Душанбе, 07 Август 2017 09:33


Маълумотномаи расмӣ
Мирзоев Ғаффор Раҳмонович, тахаллусаш «седой», соли таввалудаш 1956, зодаи шаҳри Кӯлоб, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, миллаташ Тоҷик, маълумоташ Олӣ. Пеш суд шудааст:
1.Соли 1975 бо моддаи 220 қ.2 (авбошӣ) КҶ РССТ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуда, ҷазо бо татбиқи моддаи 23 шартан татбиқ карда нашудааст;
2.Соли 1983 бо моддаи 112 (расонидани зарари миёна ба саломатӣ) КҶ РССТ ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Аз муассисаи ислоҳотии н.Ёвон шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шудааст.
Рутбаи низомиаш генерал-лейтенант; то ба ҳабс гирифтанаш дар вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ фаъолият мекард. Дар таърихи 6.08.2004 аз тарафи Шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ ба ҳабс гирифта шуда, 11.08.2006 бо Ҳукми Коллегияи Ҳарбии Суди Олии ҶТ бо моддаҳои 270, 160, 134 қ.1, 191 қ.2, 233 қ.3, КҶ (таҳрири соли 1961), 255 қ.2, 104, 289 қ.3, 291 қ.2, 245 қ.4, 179 қ.2, 393 қ.3, 247 қ.4, 131 қ.2, 338, 327, 326, 314 қ.2, 368 қ.1, 306 КҶ ҶТ аз рутбаи низомии генерал-лейтенант ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шудааст. Ҳукми абад гирифта, дар изолятори тафтишотии №1-и ш.Душанбе аз 15.08.2006 нигоҳ дошта мешавад.

Ҷумъа, 04 Август 2017 17:44

Амон Мӯсоеви 74-сола, сокини ноҳияи Хуросон (тел: 905 06 62 32, 905 22 29 63) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман маъюби гурӯҳи 2 ҳастам. Аммо ҳуҷҷати маъюбии маро ВТЭК (Врачебно-трудовая экспертная комиссия) бекор кард. Чашми чапи ман комилан намебинад, чашми ростамро бошад 2 бор ҷарроҳӣ кардаам. Инчунин, соли 1965, замони хизмати аскарӣ дар Сибир миёнам шикаст ва аз ҳамон вақт ба дастам ҳуҷҷати “маъюби абадӣ”-ро доданд. 8 фарзанд дорам, 3-тояш дар Русия, 5 духтарам бошад дар наздикиҳои ман зиндагонӣ доранд, аммо дар парастории ман нестанд. Ҳамсарам бошад 5 сол боз паралич асту бистарӣ ва 240 сомонӣ нафақа дорад. Аз идораи дахлдори ноҳия гуфтанд, ки “ба ту 168 сомонӣ нафақа медиҳем, зеро туро аз сафи гурӯҳи маъюбон баровардаанд”. Дар сурати нафақаи маъюбӣ бояд 245 сомонӣ бигирам. Ман ҳайронам, ки акнун бо 168 сомонӣ чӣ хел зиндагӣ кунам? Болои ин ҳама, ба бемории дил гирифторам. Ҳоло ман мехоҳам, ки чашми дигарамро ҷарроҳӣ кунам, аммо табибон барои бо нархи арзон ҷарроҳӣ намудан аз ман ҳуҷҷати маъюбӣ талаб доранд...

Ҷумъа, 04 Август 2017 17:42


Дар шароити бӯҳрони пулӣ, норасоии нақдина, замоне ки Банкоматҳои Амонатбонк ба корти мардум ҳаққи ҳалолашонро ҳатто дар пойтахт намедиҳанд, чигуна мешавад, ки Бонки №1 ба одамони тасодуфӣ беш аз ним миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок диҳад? Қаллоб-ку суд шуд, аммо пули давлатро ким мегардонад? Суоли матраҳ ин аст, ки чанд нафар Амонатбонкро «гӯл зада, пул гирифтааст» ва кормандони он оё ба ин авомфиребӣ ҳамдаст нестанд? Ва аз ҳама муҳимтар, чаро раҳбарияти Амонатбонк аз чунин қазияҳо механизми ҷилавгириро то ҳанӯз кор накарда бошад? Ин ҷо зери коса чӣ нимкосаест?

Ҷумъа, 04 Август 2017 17:31


Аз соли 2012 то инҷониб беш аз 300 ятиму беваҳои Тоҷик Сурияву Ироқ, барои ширкат дар ҷангҳои ҷиҳодӣ рафтаанд. Гулрӯ Олимоваи кӯлобӣ яке аз онҳост, ки ҳафтае пеш аз сарзаминҳои зери дасти Абӯбакри Бағдодӣ-раҳбари ДИИШ, бо очааш телефонӣ тамос гирифтаву дархости имдод кард. Вале суоли матраҳ ин аст, ки ӯ тӯли ин қадар соли ҷиҳод, ислоҳ шуда бармегардад ва ё ҳамчун шпиони Бағдодӣ омадаву дигар бонувони Тоҷикро фиреб зада, ҷиҳодӣ хоҳад кард?

Ҷумъа, 04 Август 2017 17:17


Чандин сол савдогарони беимонро ба инсоф даъват менамоянд, аммо ҳеҷ не, ки ин садоҳо ба гӯшу майнаи кару палағдашудаи бозоргонҳои ҳозиразамон-ҳаннотони қонунӣ бирасад. Фикр мекунӣ, ин туҷҷор аз чӯбу оҳану сангу шағал сохта шуда, мисли робот аз барномаи муайяншуда берун баромада наметавонанд. Чунин савдои озоди бозоргонӣ аз давраи дақёнус омада, ҳоло авҷу шакли дигаре гирифтааст. Ин савдои озод, усулан анархия дар савдою бозор аст, ки ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти дахлдор ба низоми муайян дароварда натавониста истодаанд. Дар давраи ҳукумати шӯравӣ чунинҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд. Ба ёд оред, ки бо саршавии моҳи рӯза шакар ба 8 сомонӣ, маска ба 4,5 сомонӣ расида, ҳасибро бошад нисбати чанд моҳи пеш 7-8 сомонӣ зиёд мефурӯхтанд. Нархи пиёзу сабзию картошкаю боимҷон ба 4-5 сомонӣ расид, ки ин барои ҳамаи мо-Тоҷикон айб ва номақбул аст. Дар вақташ В.И.Ленин-доҳии заҳматкашони ҷаҳон нисбати савдои озод зид баромада, навишта буд: «Ва савдо озод мешавад, нархи молу маҳсулотҳо баланд ва қадру қимати пул паст мешавад. Ақаллияти одамон бой шуда, аксарияти мардум камбағал ва ин ба нобаробариҳо оварда мерасонад». Ҳатто ӯ таклиф ба миён гузошта буд, ки дар ҳаққи ҳаннотони ашаддӣ ҷазои қатл қабул гардад. Рӯҳониёни машҳури диёрам Тураҷонзодаҳо-Нуриддин, Акбар, Маҳмуд, эшони Элокӣ, Мулло Ҳайдар, хатибони масҷидҳо… шуморо Аллоҳи бузург бо «Қуръон»-аш муваззаф кардааст, ки муридону пайравонро ба роҳи рост баред. Ҳатулону дуздони бозорӣ! Ҳаққимардумхӯрӣ мусулмонӣ нест. Худо дар китоби «Қуръон» ба шумо таъкид намудааст, ки ҳаққимардумхӯрӣ накунед, чунки оқибат барои ин ҷавоб мегӯед. Ин гап дар сураи Моида, ояти 63 ва оятҳои 38, 39 ва 40-и Сураи «Мутаффифин» омадааст: «Ҳалокат бод ба касоне, ки аз тарозу ё ченак ҳуқуқи мардумро мекоҳонанд…».

Мулло 1 тараф, масъулин чаро бепарвоянд?
Бале, бе фоида савдо намешавад, аммо на ба он ҳадде, ки инсофу виҷдон ва одамгариро гум кунед. Ҳоло дар бозорҳо нархи 1 кг пистаю мавизи сиёҳи хубтар аз 200 сомонӣ гузашта аст, нархи либосаю пойафзол ҳам мисли хӯрока чорхез медавад. Наход ягон роҳаш набошад, ки мусулмонҳои савдогару қиматфурӯш аз роҳи бад ба роҳи дуруст дароянд? Барои ин курсинишинҳои Вазорати савдо ва иқтисод, Хадамоти зиддимонополӣ, Тоҷикматлубот, Палатаи савдою саноат, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо муваззафанд пеши роҳи хестани нархи молу маҳсулотро гиранд. Агар аз иҷрои ин кор набароянд, пас чӣ лозим ин қадар идораю мансабдор? Хуб мебуд ба мардум, барои ба танзим даровардани савдо, ҳуқуқи озодона амал кардан дода мешуд, яъне Ташкилоти ҷамъиятии назорати халқӣ! Мақомоти дахлдор вазифадор карда шаванд, ки тамоми молу маҳсулоти ба Тоҷикистон воридшударо зери назорат гирифта, тамоми молу коло дар ҳуҷҷатҳо нархгузорӣ ва сипас савдо шаванд. Шахсоне, ки барои фоидаи зиёд гирифтан ба сохтакорию қаллобӣ роҳ медиҳанд, ба ҷавобгарии молӣ ва ҷиноӣ кашида шаванд. Бовар ҳаст, ки кор беҳтар мешавад, қаллобӣ аз байн меравад. Мо, СССРчиҳо, метавонем!

Комрони Далер,
ш.Қурғонтеппа, тел: 919 28 30 00

саҳ 12 аз 14

Китобҳо

Flag Counter