ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 03 Август 2017 11:29


Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 638 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83 % ташкил медиҳанд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 17 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор муайян ва дастгир карда шудаанд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотии ахири хеш иттиллоъ додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 2233 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор-49 роҳзанӣ-23 ғоратгарӣ 77 таҷовуз ба номус-26 қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-60 авбошӣ-564 дуздӣ-3119 ҳолат, инчунин 1408 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 293 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор карда шуд.
Аз ҷониби ноболиғон 339 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 ҳолат камтар мебошад. Аз тарафи ҷавонон бошад 5852 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 12 ҳолат зиёд гардидааст.
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ҷумҳурӣ 597 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 14 нафар одамон фавтиданд, ки 5 нафарашаон ноболиғ мебошанд, 20 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Маблағи зарар қариб 4 миллион сомониро ташкил дода, беш аз 140 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошт шуд.

СССР

Чоршанбе, 02 Август 2017 14:13


Бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-умин солгарди Сессияи тақдирсози ш.Хуҷанд, дар Амфитеатри Кӯлоб бо ташаббус ва сарпарастии газетаи мардумии СССР, дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳукумати ш.Кӯлоб, гала-консерти Сурайё Қосимова бо Фарзонаву Шабнам баргузор гардид:
-Агар шумо консерти сарояндагони маҳбуби диёри худ (Ҷӯрабеку Ҷонибек, Садриддину Нигинаи Амонқул ва ғ. ва ҳ.)-ро дар маҳаллаҳои худ дидан мехоҳед, ба редаксияи СССР муроҷеъ шавед. Мо талош мекунем, ки дидоратонро муяссар созем. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 02 Август 2017 12:17


Ширкати «Барқи тоҷик» ният дорад дар ояндаи наздик нархи қувваи барқро дар кишвар боз боло бардорад ва айни замон ин пешниҳод дар вазоратҳову сохторҳои марбутаи кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар ин бора рӯзи 1.08.2017 раиси ширкати мазкур Мирзо Исмоилзода ба журналистон хабар дод.
- «Барқи тоҷик» ба боло бардоштани нархи истифодаи қувваи барқ зарурат дорад, зеро барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншоотҳои гидротехники мамлакат ва мутахассисони соҳаи энергетика, пӯшонидани кредитҳо маблағи иловагӣ лозим аст. Мо алакай пешниҳодҳои хешро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намудаем ва бояд қайд намоям, ки хулосаи охиринро, аз ҷумла то чанд фоиз боло бурдани нархи қувваи барқро танҳо ва танҳо Ҳукумати ҶТ муайан мекунад,  – таъкид дошт Мирзо Исмоилзода.

СССР

Чоршанбе, 02 Август 2017 11:56


Имрӯз 2-юми август, дар толори ШВКД-и ш.Қурғонтеппа барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро ва қонуншикании ҷавонон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ прокурори шаҳр-Баҳриддин Сафарзода, сардори ШВКД-и шаҳр-Набиҷон Исозода, сархатиби масҷиди марказӣ-Усмоналӣ Нуров, раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд. Исозода зимни баромади худ гуфт, ки «ҳамкории сокинонро бо мақомоти қудратӣ бояд мустаҳкам намуд. Ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ дар шаҳр дар сатҳи паст қарор дорад. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ метавон сулҳу амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуд. Ҳар 1 шаҳрванд вазифадор аст, ки бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ зич намуда, дар пешрафти давлату миллат ҳиссагузор бошад». Исозода ба раисони маҳаллаҳо супориши муҳим дод, ки бо сокинон вохӯриҳо гузаронида, аз натиҷаи вохӯриҳо ҳисобот диҳанд. Мавсуф иброз намуд, ки чун соли 2017 Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудааст, мо тасмим гирифтем, дар миёни ҷавонони ш.Қурғонтеппа мусобиқаи футбол дар миёни 30 маҳалла баргузор кунем ва ба дастаҳои ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ супорем.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 02 Август 2017 11:53


Дар нимсолаи 1-уми соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 645,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Чуноне ки Мирзо Исмоилзода зикр намуд, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи  барқ дар нимсолаи 1-ум ширкат дар ҳаҷми 1310,8 млн.кВт.соат энергияи барқро асосан аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, дар шашмоҳаи якуми соли 2017 тарифи миёна барои 1 кВт.соат энергияи барқи истифодашуда 15,50 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дирам зиёд мебошад.

СССР

Чоршанбе, 02 Август 2017 10:08


 Ҳамлагари «Барселона», да Силва Сантос Жуниор, он же Неймар, бо маблағи 222 млн евро ба дастаи ПСЖ Порис гузашт. Танҳо нагӯед, ки Неймарро намешиносед, ки айб аст. Неймари 25-сола аз умедбахштарин футболистони олам аст, ки дигар намехоҳад паси сояи Мессии олиҳазрат ҷо дошта бошад. Зимнан Баскистонро тарк кард. Трансфери Неймар олами футболро тарконид. Акнун дигар гуфта намешавад, ки дар футбол пул чизи асосӣ нест. Ҳарчанд Футбол варзиши №1 асту Тоҷикон низ оҳиста-оҳиста аз худ дар Аврупо дарак медиҳанд. Воқеан ҳам, бо ин пуле, ки Неймар арзиш дорад, агар ягон Тоҷик нарх медошт, шояд умуман аз Тоҷикистон ёд намекард. Вале Неймар аз номи Бразилия-ватанаш баромад карданро дӯст медораду ифтихор. Аммо 11 нафар футболисти тоҷике, ки Аврупоро меларзонанд, бо кадом иллате ба мунтахаби Тоҷик намеоянд, ки тафсилоташ дар ҳамин шумора ҳаст (саҳ-9).
Мо метавонем!

Тафсилоти воқеа дар шумораи навбатии СССР аз 3 августи соли 2017

Чоршанбе, 02 Август 2017 10:02

Суди Олӣ 2 тан аз чеҳраҳои замоне саршиноси мубориза бо коррупсияро, ки акнун худ коррупсионер шудаву бо маблағҳои махсусан калон пора мегирифтаанд, барои 10,5 сол озими зиндон кард. Давлатбек Хайрзода-муовини раиси Оҷонсии коррупсия ва Фаридун Беназирзода-муовини раиси Гумруки ш.Хуҷанд чунин ҳукм гирифтанд. Дигар, 11 тан аз афроди муҷрим ҳукмашонро интизоранд. Воқеан ҳам хеле аҷиб аст, ки бо вуҷуди аллакай маҳкум шудани дастандаркорон парвандаи онҳо сиррист ва судашон паси дарҳои баста сурат мегирад ва халқ намедонад, кӣ, киҳо, чаро, чигуна ва барои кадом гуноҳ суд шудан доранд. Чунин вазъ ба пиндорамон, танҳо дар кишвари мо рух медиҳаду бас. Зеро Мо метавонем!

Чоршанбе, 02 Август 2017 09:54


Маҳмадамин Маҳмадаминов-филолог, иқтисоддон, сиёсатшинос ва дипломати Тоҷик ба ҳайси ноиб-президенти ЭКОСОС-созмони иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пазируфта шуд, ки аз пирӯзиҳои устувортарини дипломатияи хориҷии кишвар дар 25 соли истиқлолият маҳсуб меравад. ЭКОСОС аз бонуфузтарин ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки соли 1945 таъсис ёфтааст. Маҳмадаминов дастпарвари факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин буда, баъдан дар соҳаи иқтисодшиносӣ ва забонҳо малакаи худро дар Амрико ва Аврупо сайқал додааст. Замоне чанд раиси Амонатбонк ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ буд. Аз муваффақтарин чеҳраҳои Тоҷикистони навин аст. Мо метавонем!

саҳ 13 аз 14

Китобҳо

Flag Counter