ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 07 Август 2017 10:35

Аз СССР: Хонандаи гиромӣ, чанде Ҳоҷӣ Мирзо, дӯсти газетаи мардумӣ ва яке аз тобонтарин чеҳраҳои мазҳабӣ дар сафари хориҷ аз кишвар буданд.

Душанбе, 07 Август 2017 10:34


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Бохтар иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Бохтар: ноадолатӣ дар тақсимоти замин» (СССР, №23, 8.06.2017)-ро мавриди таҳлил қарор дод. Барои моҳиятан дуруст ва пурра таҳлил намудани шикоятнома бо сокинони ноҳия-Шараф Баротзода, Назарбек Болтаев, Анвар Болтаев, Ҳанифа Каримова, Гулрафтор Каримова, Маҳмадӣ Болтаев вохӯрӣ доир карда шуд. Мақсади онҳо ин гирифтани саҳм аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» аст. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби заминҳои ҳудуди деҳаи Меҳробод, хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» таъсис дода шуда, 1 қисми аҳолии деҳаи мазкур саҳмдори он шуданд. Вале шахсони шикоятнамуда аъзо ва саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» нестанд. Бинобар ин баъди суҳбати бевосита доир кардан бо онҳо ва роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Фирӯз», масъалаи саҳмдор намудан, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» ҳалли худро ёфт.

Ҷаббори Ғаффор,
раиси н.Бохтар

Душанбе, 07 Август 2017 10:30


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман сахт мехоҳам, ки газетаи мардумии СССР перомуни нӯшокиҳои энергетикии аз ГМО сохташуда дар шумораҳои ояндааш ба тафсил нависад. Зеро табиист, ин гуна нӯшокиҳоро аслан наврасону ҷавонон истеъмол мекунанд, ки ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ дорад. Дар ин мавзуъ бо 1 соҳибкор, ки бештар аз хориҷи кишвар маҳсулот ворид мекунад, ҳамгап шудам. Ин нафар нақл кард, ки чунин намуди нӯшокиҳо дар қаламрави Русия комилан манъ шудааст ва онҳоро танҳо дар кишвари мо ва ба Қирғизистон ворид мекунанд. Фаромӯш накунед, ки ин ва дигар маҳсулот 100% ГМО дорад!!! Ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, вале бояд ҳақиқатро гуфт. Барои ҳамин аз газетаи СССР хоҳиш дорам, ки дар якҷоягӣ бо масъулини Тоҷикстандарт ва дигар Вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар боби фоиданокӣ ва зарари нӯшокиҳои энергетикии Ягуар, Страйк, Блейк ва ғайра, маълумоти пурра бидиҳанд.


Беҳрӯз Валиев,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Душанбе, тел: 904 23 49 99

Душанбе, 07 Август 2017 10:26


Диндорони муҳтарам! Шумо дар масъалаи ҳарому гуноҳ донистани шароб, ки дар китоб неъмат ҳисобида шудааст, дар байни мардум чунон валвалаю дағдаға бардошта истодаед, ки шаробнӯшонро мехоҳед ба дор кашед! Вале намедонед, ки Аллоҳ шаробро ҳатто ба ҷаннатиён ваъда дода, инро гуноҳ набаровардааст ва дар зиёда аз 20 ояти «Қуръон» нӯшиданашро тавсиф кардааст. Шаробу май ва коняку шампонро дар мағозаю дӯконҳо киҳо мефурӯшанд? Онҳое, ки ҳар рӯз 5 бор намоз гузошта, мурданивор рӯзаи моҳи рамазонро пос медоранд ва аҷиб не, аз пули фурӯши шароб ба муллоҳо садақа медиҳанд ва охиринҳо ба ҷону дил қабул мекунанд. Ҳар як шаҳрванд аз рӯи ақлу фаросат, донишу фаҳмиши худаш амал кунад, ба сафсаттаю афсонаҳои беасосу безаминаи рӯҳониёни гургфеълу рубоҳмиҷоз бовар накунад.


Комрони Далер,
ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 28 30 00

Душанбе, 07 Август 2017 10:25


Узви Ихвон-ал-СССР, Талбак Холов, сокини шаҳри Душанбе бо телефони 93 390 98 70 ба СССР занг задаву гуфт, ки бародари азиз, ман эълони СССРро оид ба БДА хонда, 2 савол тайёр кардаам ва хоҳиш дорам, ки онро ба раҳбарияти БДАи ҷумҳурӣ расонед ва посухашро низ ба чоп диҳед.
1.Ман 1 мошини истеҳсоли советии тамғаи «Газ-31» дорам. 500 сомонӣ нафақа мегирам. Аз соли 1970 ронандаам ва праваро бошад аз худи шаҳри Бухоро дар замони шӯравӣ хонда гирифтаам. Ман-ку ҳоло 71-сола хастам, пас чӣ лозим аст праваро иваз кардан? Охир, бо 500 сомонии ман чӣ хел права гирифтан мумкин. Худатон 1 фикр кунед…
2.Аз назди бинои БДАи ҷумҳурӣ то шаҳраки Айнии н.Рӯдакӣ (то назди фурудгоҳи низомӣ) роҳҳо бо баҳонаи таъмир пурра маҳкам аст. Роҳро чанд моҳ боз ҳиндуҳо барои таъмир гирифтаанд, аммо ягон натиҷа нест. Бовар кунед, агар роҳро ба таъмири хитоиҳо медонанд, дар 1 моҳ бо сифати баланд месупориданд.

Душанбе, 07 Август 2017 10:22


Узви Ихвон-ал-СССР, Нилуфар Муртазоеваи 64-сола, собиқадори маориф аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо СССР телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, барои чӣ бархе аз навхонадорони бефарзанд аз бордоркунии сунъӣ мешарманд? Аксарият дар ҷамъияти мо аз ин усули бордорсозӣ розӣ нестанд. Фикр мекунам, аз бордоркунии сунъӣ на духтарон, балки писарон ор мекунанд. Зеро чунин мепиндоранд, ки ҳамсолон ба онҳо бо назари дигар менигариста бошанд. Аммо чунин нест. Зеро ҳомиладоркунии сунъӣ дар Аврупо чандин сол пеш пайдо шуда, имрӯз хело роиҷ асту 1 амали маъмулӣ… Дар ин росто аз хонандагони гиромии СССР низ пурсиданиам, ки оё аз бордоркунии сунъӣ розӣ ҳастанд, ё на? Хоҳиш мекунам, ки ба ин баҳс ҳамроҳ шаванд.

Душанбе, 07 Август 2017 10:17


3.08.1929.Дар СССР, дар шаҳри Ростови лаби Дон аввалин стансияи автоматикии телефонӣ (АТС) ба кор дароварда шуд. Ин АТС 6000 рақамро бо ҳам ба таври автоматикӣ пайванд мекард ва бо кӯмаки ширкати шведии "Эриксон" бунёд гардида буд.
3.08.1940.Ҷаласаи 7-уми Шӯрои Олии СССР хоҳиши Сейми Халқии Литваро иҷро кард ва Литва чун Ҷумҳурии Шӯравӣ ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид.

Душанбе, 07 Август 2017 10:11


Асорати талх
3.08.1995 тайёраҳои қиркунандаи Толибон дар фазои ҳавоии Афғонистон тайёраи "Ил-76"-и русиро, ки ба ширкати тотории "Аэростан" тааллуқ дошт, ба замин фуроварданд. “Ил-76” аз Тирана-пойтахти Албания ба ш.Кобул парвоз дошт ва мебоист ба нерӯҳои ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебурд. СССР пеш аз суқути худ қарор дода буд, ба ҳеҷ тарафи даргир дар Афғонистон кумаки ҷангӣ накунад, аммо ворисони ин абарқудратро рафторашон аллакай дигар шуда буд.

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter