ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:38


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман газетаи СССРро ҳамеша мехонам ва мухлисаш ҳастам. Ҳоло бо 1 саволи заминӣ ба шумо муроҷиат карданиям. Оё Кумитаи заминсозӣ барои иҷозатномаи сохтмонро додан ҳақ дорад, ки пул талаб кунад? Агар қонун муайян карда бошад, ман ягон даъво ва шикоят надорам. Банда сокини ноҳияи Ёвон ҳастам. Дар Кумитаи заминсозии н.Ёвон аз ман барои сертификат кардан 2000 сомонӣ ва барои иҷозатнома додан 600 сомонӣ талаб намуданд...


Розиқов Фирӯз,
ҷамоати Ҳасан Ҳусайнов, н.Ёвон, тел: 93 593 31 93

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:37


Узви Ихвон-ал-СССР, Бобои Туманҷон Сафаров, раҳбари хоҷагии деҳқонии «Таҳамтан» дар ноҳияи Фархор бо телефони 902 77 90 77 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 1 илова ё тағйироти мардумӣ ба танзим дорам. Ҳамаро танзим кардему садои гӯшхароши тӯйро не! Ҳарф сари ин аст, ки вақте дар деҳот дар хонаи ҳамсоя тӯй мешаваду артистро даъват мекунанд, бовар кунед, аз садои баланду асабгири мусиқӣ хоб карда намешавад. Овози он ба ҳадде баланд аст, ки аз таъсираш шишаҳои тиреза меҷумбанд. Ин дарди маро касе дарк мекунад, ки деҳотӣ асту бо чунин проблема рӯбарӯст!!!
Аз СССР: Э, бобои Туманҷоне! Ҳоло Шумо дарди шаҳриҳоро намедонед. Дар Душанбеи азиз мӯд шудааст, ки бо нақораву дӯҳул ё худ карнай мусиқаи туркии муғулӣ навохта, гӯши даҳҳо ҳазор нафарро дар пеши тарабхонаҳо, дар берун, дар майдони назди биноҳо кару пакар кунанду касеро парвое нест.

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:36


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Наврӯзи Идибек аз деҳаи «Замини нав»-и ноҳияи Қумсангир бо телефони 93 540 44 27 ба СССР занг задаву гуфт, ки  ба ноҳияи мо газетаи СССР ниҳоят бо теъдоди кам меояд. Ман ҳар ҳафта 10 км роҳро бо роҳкирои 3-4 сомонӣ тай карда, ба маркази ноҳия меоям, аммо СССРро наёфта, бисёр зиқу ғамгин ба хона бармегардам. Аз раҳбарияти СССР хоҳиш мекунам, ки ба ноҳияи мо СССРро зиёдтар фиристад.

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:32


Муҳимтарин хабаре, ки ин моҳ аз ҳамкорон шунидам, ин манъи пӯшидани ФАТА, либоси арӯсии замонавӣ дар маросими издивоҷ шуд.
Ман ҳич намефаҳмам, мо кадом сӯй майл дорем. Шарқ? На! Ғарб? Неъи қоқ! Шимол? Ҳаргиз! Ҷануб? Ғайримумкин, зеро он ҷо давлати бузурги бехудоӣ-буддоӣ истодааст. Пас ба куҷо???
СССР ҳамеша зидди сатру чодару бурқаву кафанпӯшии марду зан буд, ҳаст ва мемонад. Зеро либосе, ки авомуннос фикр дорад мусалмонист, ҳаргиз ба ДИН рабте надорад. Воқеан ҳам ягон либос ба ягон дин рабт надорад. Вагарна куллан христианҳо миниюбкапӯш мешуданду яҳудон тоқибасару бутпарастон лучи урёну мусалмонҳо кафанбасар. Либос ба маданияти зист ва муҳит бастагӣ дорад, ки баҳси алоҳида аст...Аммо!
Ҷои салла калла шуруъ шуд. Ва калларо аз дигар ҷо оварданд. Горе-идеологҳо барои он ки фикр накунанд, ишон зидди пӯшиши мазҳабиву диниянд, хостанд сари либоси аврупоӣ низ каме фишор оранд. Ва сар шудеееее. Радиову телевизионҳои расмӣ онгуна либоси аврупоиро “чап” гирифтанд, ки шеваи бархӯрд тағйир напазирад, метарсам, ух как метарсам, ки мардонро маҷбур мекунанд ба кор бо ҷелаку тоқии чусту чакан оянд! Бе шӯхӣ, ман метарсам. Зеро ҳамакнун маъракаҳои люпен-пролетариву неопролеткулт сар шуда истодааст. Бозгашт ба асолат. Нахандед! Занҳоро, ки маҷбур кардем, навбат ба худамон низ мерасад. Мо метавонем!
Маъракаи таблиғи пӯшоки антиаврупоӣ ба ҳаддест, ки бархе радиоҳои расмиро гӯш мекунӣ, дар онҳо ҷанг бо либоси ғайр шуруъ шудааст. Бо либоси аврупоӣ…! Юбкаро чунон мехоянду чунон мехоянд, ки фикр мекунӣ, радиои 1 давлати дунявиро не, ки радиои ДИИШ-ро гӯш дорӣ!!!
Ҳаргиз зидди либоси миллӣ, ба вежа, либоси занонаи Тоҷик нестам, ки маҳди фарҳанги пӯшокаи мост. Аммо аз барои савоб, ба зан имконияти интихоб диҳед. Сафват аст, ки менолад, ислом ба зан ҳуқуқе надодааст. Пас чаро дар ҷамъияти дунявӣ мо аз ишон талаб кунем, ки фарзи мисол, рӯзи тӯй ФАТА напӯшанд??? Мо набояд ба муқаддасоти қудсии мардум дахолат кунем. Хатар дар пай дорад ин амал. Бигзор гулдухтари Тоҷик фата пӯшад рӯзи тӯяш агар мехоҳад, нахост атласу чакан.
Воқеан ҳам, дар ҳамон даврони шӯравӣ, ки интихоби либоси арӯсӣ озод буд, аксарияти бонувон атласу чакан мепӯшиданд. Аммо либоси арӯсии миллӣ 1 вежагӣ дорад, ки зидди дархости имрӯзаи идеологияи мост:
-Арӯси Тоҷик ҳатман чодари ғафс ба сар мекард, то ӯро касе набинад.
Рӯпӯшии арӯс аз таоруфи дигар обхӯр аст ва ба ягон дин дахолат надорад. Рӯсарии арӯсаки нав далел аз бакорати ӯст. Нахандед ва гиребон гирифта тавба ҳам накунед. Маҳз чунин аст, ки гуфтем ва фата низ айни ҳамин далел аст, ки дар Ғарб албатта тағйири маъно кардааст. Диншиносон медонанд, ки Ҳазрати Марям баъди таваллуди Исои Масеҳ аз ғайб...фата, рӯпӯш ба сар мекард, ки далел аз бегуноҳияш буд!
Вале баргардем сари фата. Магар ун бечора, яъне фата чӣ бадие дошту дорад, ки бояд онро дигар напӯшид? Шахсан мо дар арӯсиямон аз фата истифода накардаем. Аммо ҳаргиз намегӯям дигарон низ накунанд. Хоҳанд кардан гиранд. Охир мо давлати дунявием-ку...ба фикрам...
Фатаи бечора, ки мардуд мегардад, дар асл чӣ либос аст?
Фата-ҳамон футаи Тоҷикист, ки локӣ, миёнбанд, парчаи матоъ низ мегӯянд. Дар санскрит пата ва дар арабӣ фута аст ва ба маънии сарпӯши зан омадааст. Воқеан ҳам футаи миёнро мардон ҳини кор ҳатман ба сар мекашиданд, агар хонандаи солманд ёд оварад. Пас, фата, ки имрӯз дар Ғарб роиҷ асту мо аз ун низ чун фарҳанги бегона рӯ тофтанием, моли ҳалоли бобоҳои мост! Ва ё фикр доред, ки момоҳои мо 2-3 ҳазор сол пеш урёни модарзод арӯсӣ мекарданд?
Дар ҳар сурат, ҳатто агар ин фатаи бечора сирф моли ғарбу урусу англис бошад ҳам, дар ин даврони ошӯбҳои фарҳангӣ набояд онро комилан ва бебозгашт аз TJ ронем. Дар Ғарб нахоҳанд фаҳмид. Ҳамон маконе, ки сӯяш майл дорему бо қадамҳои бузург аз он фосила мегирем...

Евроҷаноза???
Ин ҳам дарди бахайр. Акнун Кумитаи дин қарори наве дар мавриди азодорӣ низ баровардааст. Танзими хайру худоӣ 1 сӯ, ҳамакнун бояд аз рӯи меъёри қабулкардаи ин ниҳод сари гӯри наздикон нишасту мотам кард:
-Доду вой, навҳаву фиғон, хокбарсаркунӣ ва ғ. ва ҳ. манъ аст!...
Дар ин гирудор суоле бе посух мондааст, ки мабодо (ҳар чӣ шуданаш мумкин-ку?!), худо нишон надиҳаду... ягон масъули ин ниҳод ва ё вакиле, ки барои қабули ин иқдом раъй додааст, фавтаду модари ҷигархунаш хок бар сар намудаву навҳаву фиғон бардорад, ӯро, яъне модари хунҷигарро кӣ ва чигуна бояд ҷазо диҳад???

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:14

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:11


Дар шумораи гузаштаи газетаи СССР андешаҳои устод Сайёфи Мизробро перомуни фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе мутолиа кардам, ки хеле баҷост. 100% рост мегӯяд. Имрӯз воқеан ҳам фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, хоса, автобусу троллейбусҳо бисёр бад буда, мусофирон, аз ҷумла, ман ҳам норозиям. Дар идомаи гуфтаҳои сардабири СССР мехоҳам дар бораи чанд проблемае, ки айни замон дар ин соҳа ҳаст, андешаҳоямро баён дорам. Шояд аз гуфтаҳои ман мансабдорони соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба хулосае меоянд, агар наоянд ҳам нороҳат намешавам, зеро билохира ин мушкилоте, ки ҳаст, рӯзе дарди сари эшон хоҳад шуд. Зеро нақлиёти ҷамъиятии пойтахт агар 1 қадам ба пеш равад, боз 2 қадам ба қафо гашта истодааст. Мо метавонем!

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:08

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:02



Аз 27 сентябр сар кардла то 19 октябри соли равон обрасонӣ дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт бо навбат муваққатан қатъ мегардад.
Чуноне ки ба мухбири мо аз шаҳрдорӣ хабар доданд, обрасонӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»  бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» қатъ карда мешавад.
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, аз соати 23-00 рӯзи 18 октябр то соати 24-00 рӯзи 19 октябр аз истгоҳи «Фишорӣ» обрасонӣ дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

— ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон обрасонӣ қатъ мешавад.
Аз соати 23-00 рӯзи 27 сентябр  то соати 24-00 рӯзи 28 сентябр аз истгоҳи «Худҷореъ» обрасонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

— ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

— ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе обрасонӣ қатъ мешавад.
Аз соати 23-00 рӯзи 4 октябр то соати 24-00 рӯзи 5 октябр аз истгоҳи «Кофарниҳон» обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддин;

— ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;

— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.

Сокинони ш. Душанбе бояд барои 1 шабонарӯз оби ошомиданиро захира намоянд.

СССР

саҳ 4 аз 16

Китобҳо

Flag Counter